Зафар (деҳа, н. Ёвон)
| Деҳа | |
Зафар | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Хатлон |
| Ноҳия | ноҳияи Ёвон |
| Ҷамоат | Деҳоти Норин |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 5600 тан (2018) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3141 |
| Нишонаи почта | 735310 |
Зафар (то 27.9.2017 Ӯртақайнар) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1890 бунёд шудааст. Аз деҳа то маркази ноҳия (шаҳраки Ёвон) 27 км. Аҳолиаш 5600 нафар (январи 2018). Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 масҷиди панҷвақта ва ҷомеъ, беморхона, маркази саломатӣ, 4 дорухона, 40 нуқтаи савдои хусусӣ, 3 дукони нонпазӣ, гӯштфурӯшӣ, ду тарабхона («Урта-қайнар», «Қайнар-сити»), ошхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, филиали бонкҳои «Амонатбонк», «Бонки Эсхата» ва ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо», маркази фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо, сартарошхона, толори варзишӣ, варзишгоҳ ва заводи пахтатозакунӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо тавассути наҳри «Р-1» аз рӯди Вахш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 52 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зафар // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2