Jump to content

Чашмасор (деҳа, н. Ёвон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Чашмасор
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Ёвон
Ҷамоат Деҳоти Ҳасан Ҳусейнов
Раиси маҳалла Қурбонов Айюбхон
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Бешбулоқ
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2335 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3141
Нишонаи почта 735310

Чашмасор (собиқ Бешбулоқ[1]) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон. Аз Чашмасор то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 4 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2335 нафар (2017), тоҷикон.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳри Бешбулоқ обёрӣ мешаванд. Дар соли 2016 майдончаи варзишии мини-футбол бо ташаббуси соҳибкори маҳали кушода шуд, ва соли 2022 корҳои азнавсози гузаронида шуд..

  1. Аз 29.03.2012 бо Қарори Маҷлиси Миллии МО ҶТ ба Чашмасор тағйири ном кард

Бешбулоқ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.