Jump to content

Гулдара (деҳа, н. Ёвон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулдара
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Ёвон
Ҷамоат Деҳоти Гулсара Юсуфова
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1783 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3141
Нишонаи почта 735310

Гулдарадеҳа дар ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон. Аз Гулдара то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 7 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 1783 нафар (2017), тоҷикон.

Мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, бунгоҳи тиббӣ, 5 нуқтаи савдои хусусӣ ва масҷиди панҷвақта дорад. Хонандагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Навкорам ва Бӯстон давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш тавассути наҳр обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулдара 9 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.