Jump to content

Зиғар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

'Зиғар (форсӣ: زغر, англисӣ: Zighar, русӣ: Зигар) — деҳаест дар буриши ду марз Тоҷикистон бо Афғонистон ва дар марзи Хатлону Бадахшони Тоҷикистон. Бо ин ном як деҳаи дигар дар Дарвози Афғонистон низ ҳаст. Аз лиҳози луғавӣ «Зиғар» вожаи авестоист, ки аз «Зи» - «зер» ва «ғар»-«кӯҳ» баромадааст. Яъне деҳае дар зери кӯҳ. Ба хотири мавқеияташ дар наздикии кӯҳи машҳури Фуруш (маҳалли аввалин ваҳйи осмонӣ ба ривояти зардуштпажӯҳон) ин номро ба худ гирифтааст. Аз давраҳои хеле қадим ба далели шароити хуби маскунӣ маҳалли буду боши одамон будааст, аммо ба сабаби бемориҳои сироятие чун вабо аҳолияшро дар гузаштаҳо қисман аз даст додааст. Аз лиҳози маъмурӣ имрӯз Зиғар тобеъи ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ, Тоҷикистон аст. Беш аз 100 хоҷагӣ ва ҳудуди 900 нафар аҳолӣ дорад. Дар гузашта Зиғар тобеъи алоқадории Кӯф (ҳозира Афғонистон)-и шоҳигарии Дарвози таърихӣ будааст. Ба ҳамин далел аҳолияш имрӯз худро шикаӣ (қисмати Дарвози поён) намеҳисобанд. Зиғар гармтарин нуқтаи Бадахшон буда қаламрави васеъи кӯҳу пушта дорад (аз Яхчи пун то Сари Катк ва то ағбаи Вал-валаку Санги Шавуна). Тамоми намуди меваву дарахтони Тоҷикистон ба шумули лимону анору анҷир инҷо мерӯянд. Ин деҳа аз сел осебпазир аст. Сарвати ҳаёвоноти ваҳшии Зиғар хеле калон буда пуштаҳояш маҳалли сукунати ҳайвоноти нодир чун «бабри барфӣ» ва нахчири «Морхур» мебошанд, ки дар китоби сурх сабт гардидаанд. Дар пуштаҳои ин деҳ ширкате барои ҳифзи ҳайвоноти нодир: «М-Сайёд» низ ташкил шудааст. Инчунин Зиғар дар мавзеъи Роғак боғи ботаникӣ дорад, ки дарахтони гуногун аз нуқоти мухталифи собиқ Шӯравӣ инҷо таҷриба мешуданд. Боғи ботаникии мазкур имрӯз низ корашро идома медиҳад.Зиғар зодгоҳи шуарои маъруфи доираи адабии Дарвоз чун Ҳабои Дарвозӣ, Муллоакрами Дарвозӣ ва Сибғатуллоҳи Дарвозӣ мебошад, ки девону осори назмияшон то ба имрӯз маҳфуз аст.

Аз Зиғар чор нафар дар Ҷанги Ҷаҳонии дуюм (Ҷанги Бузурги Ватанӣ) иштирок намуданд, ки ду нафарашон: Саидраҳматов Файз ва Ҷобиров Сано баргашта ду иштирокчии дигар: Наскаков Эмомалӣ ва Ҳусайнов Ҷонгулхон барнагаштанд. Аз ҳамин деҳ Умаров Маъруф дар ҷангҳои озодсозии Венгря дар соли 1956 ва Ҳусейнов Нодирхон дар ҷангҳои Куба дар сафи артиши Шӯравӣ иштирок кардаанд. Аз Зиғар паҳлавони маъруфи гуштини миллӣ Мирзовалӣ Ворисов (Мирзоалиев), бархоста аст. Мардуми Зиғар ҳама тоҷикзабон буда бо гӯйиши дарвозӣ такаллум мекунанд ва истилоҳоти ба худ хос низ доранд («ма»-модар, «гли чоғк»- «гули сияҳгуш»..). аксарияти мутлақи мардони Зиғар ва шумори андаки занҳо хатмкардагони донишгоҳҳои олии Тоҷикистону берун аз он дар тахасуссҳои физика, математика, тиб, ҳандаса, забонҳои хориҷӣ (русӣ, тоҷикӣ, англисӣ ва арабӣ), журналистика ва диншиносӣ мебошанд.

Зиғар бо вуҷуди доштани дарёчаи кӯҳӣ аз оби чашма ва оби дарёаш лӯлакашӣ шуда дар тамоми нуқтаҳояш ҳам оби чашма ва ҳам оби тозаи нӯшокӣ аз дарёча дар дастрас дорад. Мактаби миёна, бунгоҳи тиббӣ, се мазор ва як масҷиди калони панҷвақта дорад.Сокинонаш ҳама суннимазҳабанд. Сохтусози китобхона ва зоишгоҳ дар деҳаи Зиғар идома доранд.

Зиғариҳо аз тарзи хонасозии қадима шурӯъ аз даҳаи 60 асри гузашта даст кашида, ба сохти хонаҳои наву замонавӣ гузаштанд. Дар ин деҳ хонаҳои ду ошёнаи муҷаҳҳаз бо душ ва ҳоҷатхонаи обкашдори пайваст ба конолизатсия таҷриба шуда муваффақ гардидааст. Кӯчаҳои деҳаи Зиғар низ ҷойи шиғу симхорҳои қадимаро ба деворкашии зебои замонавии бо ҳунари деволгарии хос ороишёфта ва ё бо бораҳои нав зеб медиҳанд. Ҷӯйборҳои табиъии ин деҳ низ акнун ба обравҳои замонавӣ тағйир меёбанд дар умум Зиғар дар ояндаи наздик аз як деҳи суннатӣ ба як посёлкаи замонавӣ табдил меёбад.

Саъдии ЮСУФӢ