Карл Мария фон Вебер
Карл Мария фон Вебер | |
---|---|
олмонӣ: Carl Maria von Weber | |
![]() | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 18 декабр 1786[1][2][3], на пештар аз 18 ноябр 1786 и на дертар аз 19 ноябр 1786 ё 18 ноябр 1786[4] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 5 июн 1826[5][6][7][…] (39 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Солҳои фаъолият | аз 1799 |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз, раҳбари мусиқӣ, пиёнунавоз, гиторнавоз, classical guitarist |
Соз | гитор ва фортепиано |
Сабк | мусиқии килоссик[d] ва опера |
![]() |
|
Осор дар Викитека |
Карл Мария фон Вебер (1786-1826) — композитори барҷастаи олмонӣ, дирижёр, пианист, нависандаи соҳаи мусиқӣ, мунақид.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Падари В.– капелместери (роҳбари капелла) опера ва театри хусусӣ буд. Вебер композитсияро аз М. Ҳайдн, Г. Фоглер ва дигарон омӯхтааст. То соли 1813 дар бисёр шаҳрҳои олмон ба сифати пианинонавоз ва дирижёр кор кардааст. Аз ҷумла, солҳои 1813-1816 роҳбар ва дирижёрии театрҳои операи Прага ва Дрезден буд. Дар ин театрҳо асарҳои «Флейтаи сеҳрнок»-и В.А. Мотсарт, «Фиделио»-и Бетховенро ба саҳна гузошт. Вебер Асосгузори операи романтикии олмонӣ, намояндаи ҷараёни демократӣ дар романтизм мебошад («Тирандози озод», 1821; «Эврианта», 1823; «Оберон», 1826). Ӯ нақши оркестрро тафсир намуда, ба увертюра аҳамияти бештар медод ва усули лейтмотивро ҳамчун воситаи таҳкимбахши драматургия истифода менамуд. Осораш: даҳ опера, чандин месса, кантата, ду асари симфонӣ, се увертюра, консертҳо барои созҳои гуногун бо оркестр, асарҳои камеравӣ ва вокалӣ (романсҳо, сурудҳо, аз ҷумла асарҳо барои хониши гурӯҳӣ (хорӣ), асарҳо барои фортепиано (аз ҷумла, Сонатаҳо ва асари машҳури «Даъват барои рақсидан»), мусиқиҳои гуногун барои намоишномаҳои драмавӣ. Вебер муаллифи чандин тақризу мақола дар бораи операҳои олмонӣ ва итолиёӣ, романи тарҷумаиҳолии нотамоми «Зиндагиномаи мусиқишинос» мебошад.[11]
Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
- ↑ Weber M. M. v. Carl Maria von Weber (ингл.): The Life of an Artist / J. Warrack — 1968. — P. 10.
- ↑ Weber M. M. v. Carl Maria von Weber (нем.): Ein Lebensbild — 1864. — S. 19.
- ↑ Архив изобразительного искусства — 2003.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ filmportal.de — 2005.
- ↑ German National Library, Berlin State Library, Bavarian State Library, Austrian National Library Record #118629662 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
- ↑ Wurzbach D. C. v. Weber, Karl Maria Freiherr von (нем.) // Biographisches Lexikon des Kaiserthums Oesterreich: enthaltend die Lebensskizzen der denkwürdigen Personen, welche seit 1750 in den österreichischen Kronländern geboren wurden oder darin gelebt und gewirkt haben — Wien: 1856. — Vol. 53. — S. 197.
- ↑ https://www.digitalarchivioricordi.com/it/people/display/2702 — 1808.
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 59. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)