Кошлаков Георгий Вадимович
Георгий Вадимович Кошлаков | |
Таърихи таваллуд | 8 феврал 1936 |
Зодгоҳ | Екатеринбург |
Таърихи даргузашт | 7 июл 2017[1] (81 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | геология |
Ҷойҳои кор | Идораи геология ҶШС Тоҷикистон, Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, Комитети давлатӣ оид ба иқтисод ва пешгӯии Ҷумҳурии Тоҷикистон, АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон,Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон (МТОБ ДСРТ) |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои геологӣ-минералог |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи Осиёимиёнагии политехникӣ ва соли 1976 Донишкадаи идоракунии хоҷагии халқи назди Шӯрои Вазирони ИҶШС |
Ҷоизаҳо |
Георгий Вадимович Кошлаков — (8 феврали соли 1936, шаҳри Свердловск (Екатеринбург — 7 июли соли 2017, шаҳри Душанбе), муҳандис-геофизик, номзади илмҳои геологӣ-минералогӣ (1970), узви вобастаи Академияи байналмилалии муҳандисӣ (1994). Муҳандиси шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1986). Геологи фахрии ИҶШС (1986). Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино (1977), Аълочии маорифи Тоҷикистон ( 2006).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1958 — Донишкадаи Осиёимиёнагии политехникӣ ва соли 1976 Донишкадаи идоракунии хоҷагии халқи назди Шӯрои Вазирони ИҶШС,
- 1958-1966 — Муҳандис-оператор, геофизик калон, сардори гурӯҳи Идораи геология ҶШС Тоҷикистон,
- 1966-1974 — сармуҳандиси экспедитсияи Геофизикаи ҷанубии, Идораи геологяи ҶШС Тоҷикистон,
- 1974-1978 — сардори Идораи геологяи ҶШС Тоҷикистон,
- 1978-1991 — муовини Раис, ноиби аввали Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон,
- 1991 — вазир оид ба корҳои саноат ва захираҳои ҶШС Тоҷикистон,
- 1991-1992 — раиси Комитети давлатӣ оид ба иқтисод ва пешгӯии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- 1992-1993 — директор оид корҳои саноати ҶС "Экотад", Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- 1993-1996 — мушовири калони сарвазир ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хоҷагии халқ,
- 1996-2001 — мудири шуъбаи Рушди ҳудуди кӯҳистон, СОПС АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- 2001-2011 — мудири кафедраи иқтисод ва менеҷменти Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон (МТОБ ДСРТ),[2]
- Аз соли 2011 то даргузашташ — профессори кафедраи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон (МТОБ ДСРТ) буд.[3]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Кошлаков Г. В. муаллифи зиеда аз 76 корҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ оид ба мушкилоти техникии ҷустуҷӯ ва ҷустуҷӯи канданиҳои фоиданок, омӯзиши қишри замин, минтақаҳои сейсмикӣ ва муқаррар намудани пешгӯии заминларза, ташкили идоракунӣ ва омӯзиши системаи макроиқтисодӣ, маркетинг. Иштирокчии як қатор конфронсҳои байналмилалӣ: "Гузариш ба бозори озод дар ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС" (Лондон, Соли 1991); "Дурнамои азхудкунии сарватҳои кишварҳои Осиеи Марказӣ" (Денвер, 1994); "Ноҳияҳои кӯҳистонии Осиеи Марказӣ. Мушкилоти рушди устувор" (Душанбе, 1999) ва ғ. Ӯ ҳамчун ходими шинохтаи ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ маълум аст. Дар соли 2015 Кошлаков Г.В. бо мукофоти давлатии Федератсияи Русия Ордени "Дӯстӣ" барои саҳми бузург дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳо бо Федератсияи Русия, рушди равобити иқтисодии, ҳифз ва муарифии забони русӣ ва фарҳанг дар хориҷи кишвар тақдир шудааст.[4] Кошлаков, Г. В. аз соли 2011 узви Академияи байналмилалии муҳандисӣ аст (МИА, Москва).[3]
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Некоторые аспекты экономических взаимоотношений Российской Федерации и Республики Таджикистан. — Душанбе, 2002;
- Направления системных углубленных реформ экономики Республики Таджикистан. — Душанбе, 2005;
- Экономические интересы России в Таджикистане: риски и возможности (в соавт.). — Душанбе, 2009;
- Индустрия туризма — приоритетное самт развития Республики Таджикистан.// Вестник университета РТСУ. — Душанбе, 2010.
Мукофот ва ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ордени "Дӯстӣ" (2015), (Ордени Федератсияи Русия) [5]
- Ордени "Парчами Сурхи Меҳнат",
- Ордени "Дӯстии Халқҳо",
- Ордени "Дӯстӣ" (Ордени Ҷумҳурии Тоҷикистон),
- Геологи фахрии ИҶШС (1986),
- Муҳандиси шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1986),
- Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино (1977),
- Аълочии маорифи Тоҷикистон ( 2006).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://historygreatest.com/georgy-koshlakov-russian-born-tajik-politician-and-scientist-died-at-81
- ↑ Кошлаков, Георгий Вадимович. 6 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 Январ 2017.
- ↑ 3.0 3.1 Кафедра менеджмента и туризма.. 6 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 Январ 2017.
- ↑ О вручении ордена Дружбы Г.(пайванди дастнорас)
- ↑ О ВРУЧЕНИИ ОРДЕНА ДРУЖБЫ Г.В.КОШЛАКОВУ 24 ОКТЯБРЯ 2015. 6 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 Январ 2017.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М. С. Имомов. — Душанбе, 2011. — 386 стр
- Георгий Кошлаков — советский вольнодумец
- Георгий Вадимович Кошлаков постоянно занимался научной деятельностью
- Зодагони 8 феврал
- Зодагони соли 1936
- Даргузаштагони 7 июл
- Даргузаштагони соли 2017
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Дорандагони ордени Дӯстӣ (Русия)
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо