Кӯрмуш

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Кӯрмуш

Кӯрмуш, ангуштбурак, ҷинси ҳайвони ширмак аз катори хояндахо. Думи кӯтоҳ, сари калон, чашмҳои хурд, дандонҳои пеши дароз ва муинаи нарм дорад. дарозии танаш то 13см мешавад. Ҳаёти зеризамини мегузаронад, ба руйи замин кам мебарояд. дар даштхо ва биёбонхои Аврупо ва Осиё васеъ паҳн шудааст.Дар Тоҷикистон як намуди кӯрмуш - кӯрмуши мукаррари вомехурад. Дар як мушхона то 10 - 15 тоӣ хаёт мегузаронанд. Фаслхои гарми сол (баҳор ва тирамоҳ) фаъолона афзоиш мекунанд. аз ду то панч бача мезоянд. Ба кишти растанихои бисёрсола, нихоли дарахтхо ва иншооти обёри зарар мерасонад.