Ориф (ислом)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ориф (ар. عارف ‎— огоҳ‎) — дар тасаввуф касеро гӯянд, ки ҷаҳди маърифат (ваҷду ишроқ ва мушоҳида)-и ҳақ кунад.

Дараҷа[вироиш]

Дар ибтидои пайдоиши афкори инсонӣ байни обиду зоҳиду ориф фарқе набуд, вале вобаста ба инкишофи сӯфия ориф ба маънои шиносанда бештар маъруфу машҳӯр гардид. Он моҳиятан зимни тазкия ва тасфияи нафс аз вуҷуди маҷозии худ фонӣ шуда (аз ҳудуди тааййиноти худ берун рафта), ба дарки асрори илоҳӣ муяссар шудани соликро ифода кунад. Ба фикри сӯфия Худо ҳастии ҳақиқӣ ва «буд» аст, соири коинот бошад «намудан»-и он мебошад. Аз ин рӯ, орифон инсонро офариниш, натиҷаи хилқат ва тоҷи ҷаҳон мешуморанд ва ӯро «инсони комил» мехонанд, ки ба маърифати ирфонӣ ноил мегардад.

Сарчашма[вироиш]


Шаблон:Тасаввуф