Jump to content

Охунд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Охунд[1] (форсӣ: آخوند‎) — олим, устод, раҳбар ва пешвои динии мусалмонон, тақрибан муродифи мулло ва ё домулло.

Корбурди ин вожа

[вироиш | вироиши манбаъ]
Охунди озарбойҷонӣ дар Гурҷистон

Вожаи охунд маъмулан аз замони ҳукмронии темуриён барои ифодаи намои динӣ ва мақоми иҷтимоии олимони баландпоя, пешвоён ва раҳбарони динии дорои маносиби иҷтимоӣ роиҷ гашта, баъдҳо корбурди васеътаре ба худ гирифт ва ба тамоми аҳли илм, таҳсилкардагони мадориси динӣ, устодон ва ҳатто муаллимони мактабҳои ибтидойӣ низ итлоқ мешуд. Дар ибтидо танҳо дар сарзаминҳои Хуросон — Эрон, Афғонистон[2] ва Осиёи Марказӣ аз он истифода мешуда, вале бо мурури замон корбурди он аз қаламрави адабу гуфтори тоҷикон ва порсигӯён фаротар рафта, дар байни ақвоми туркзабон аз Сибирия ва Урал то Озарбойҷон[3] ва Туркия ва ҳамин тавр дар байни нависандагони ғарбӣ маъмул гаштааст.

Вожаи охунд дар замони ҳукмронии сулолаҳои Темуриён, Сафавиён ва Қоҷориён дар Эрон ва даврони иморати хонигариҳои гуногуни пас аз темуриён дар Осиёи Марказӣ ва атрофи он ҳамчунон ба унвони рутбаи ифтихоромез барои нухбагони фикрӣ ва пешвоёни динӣ ба кор мерафт. Ба таври мисол, вазир ва шоҳзодаи темурӣ Мир Алишери Навойӣ устодаш Мавлоно Фасеҳуддини Низомиро, ки дар улуми ақлӣ ва нақлӣ табаҳҳур ва ҳамзамон идораи мадрасаҳои диниро ба уҳда дошта, охунд хитоб мекард.

Решаёбии асли калимаи охунд

[вироиш | вироиши манбаъ]

Коршиносони риштаи этимулужӣ дар ирҷоъ ва решаёбии асли калимаи охунд бо ҳам ихтилофи назар дошта, баъзеҳо онро аз решаи хунд (خوند) бархоста аз вожаи хондан (خواندن) донистаанд, забоншинос ва донишноманигори эронӣ Алиакбари Деҳхудо дар Луғатномаи худ эҳтимол додааст, ки он тахфифшуда аз вожаи оғо ва хундгор (آغا+خوندگار) ба маънои Худовандгор (خداوندگار) бошад. Вай калимаи хундро аслан ба маънои худованд гуфта, ки ба таври муқаддам ва ё муаххар дар исмҳо барои ифодаи эҳтиром ва бузургдошт ба кор меравад, чун Мирхунд, Хундмир ва Хундхотун (номи духтари Муинуддин ва завҷаи Салоҳуддин). Муҳаққиқ ва шарқшиноси турки бошқирӣ Туғон (Аҳмад Закӣ Валидӣ) бошад, решаёбии форсии вожаро комилан рад намуда, онро тағйирёфта аз калимаи юнонии аркун ва ё аргун (arkun or argun) донистааст, ки пеш аз зуҳури ислом ба таври умумӣ барои руҳониёни настурии навоҳии гуногуни Осиё ба кор мерафтааст.

Пас аз нуфузи фарҳангу таммаддуни Ғарб ба кишварҳои исломӣ ва рукуди фарогири миллатҳои мусалмон калимаи охунд тобиши манфӣ ба худ гирифт ва аз сӯйи баъзе ба истилоҳ равшанфикрон ва намояндагони ҳокимони вақт дар ин кишварҳо, бахусус дар замони ҳокимияти Паҳлавӣ дар Эрон, ба нишонаи ақибафтодагӣ, бесаводӣ, ифодаи иртиҷоӣ ва зидди навгароӣ будани намо¬яндагони дин ба сурати тавҳиномезе ба онҳо итлоқ мешуд. Ҳанӯз ҳам дар маҳофили мардумии он кишвар охунд ба ҳамон маънои манфӣ ва тавҳиномезаш корбурди васеъ дорад, вале дар маҳофили расмӣ ва илмӣ ҷои худро ба вожаи руҳонӣ, риҷоли дин ва амсоли онҳо супоридааст.

Дар кишваарҳои Осиёи Марказӣ ва перомуни он аз асри нуздаҳ ба баъд калимаи мулло ба ҷои он корбурди васеътаре пайдо карда ва он ҷуз дар байни баъзе машоихи суфия, навсоликон ва аз сӯйи баъзе аҳли илм ба нудрат истифода шудааст.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2. О — Я (нашри дувум). / Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон. — Душанбе 2008, — 945 с. — 978-99947-715-7-8
  2. «In Herat the term Akhond („theologian, tutor“: Haim, Persian-English Dictionary) was used for mullas actively engaged in teaching in traditional religious»… Rhetorics and politics in Afghan traditional storytelling. Publications of the American Folklore Society, Bibliographical and Special Series. Issue 12 of Persian studies series. Law in Social Context Series. Margaret Ann Mills. University of Pennsylvania Press, 1991. Original from the University of California. Digitized May 29, 2008. ISBN 0-8122-8199-3 pp.77
  3. Muslim religious institutions in Imperial Russia: the Islamic world of Novouzensk District and the Kazakh Inner Horde, 1780—1910. Volume 35 of Islamic history and civilization. Allen J. Frank. BRILL, 2001. ISBN 90-04-11975-2. pp.109
  • Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.