Jump to content

Муршид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Муршид (ар. مرشد‎) — пир, шайх, шахси ба пояи баланди маърифати ирфонӣ расидаро гӯянд, ки муридро ба тариқати тасаввуфӣ роҳнамун месозад.

Дар тасаввуф барои камолоти маънавӣ ва маърифати ирфонӣ ба солик ёрию дастуроти иловагӣ лозим аст, ки он тавассути муршид дода мешавад. Ибни Халдун маърифати ирфониро баррасӣ намуда, сайру сулуки сӯфияро ба се қисм ҷудо намудааст ва барои ислоҳи нуқс, тасфияи қалб ва маърифати асрори ҷаҳони кайҳонӣ кумаки муршид ва мураббиро ҷоиз доннстааст. Муносибати муриду муршид бештар бо муносибати раввинҳою роҳибон монанд аст, мурид бояд дар тамоми рафтору кирдораш ғуломи ҳалқабаргӯши муршид бошад, дастуроти ӯро махфӣ нигоҳ дорад ва тамоми фикру зикрашро ба гуфтаи ӯ роҷеъ ба маърифати ҳақ равона кунад. Дар бораи чуннн муносибат дар «Шарҳи таарруф» омадааст, ки: «кори мурид ба ҷустуҷӯ ва кори мурод ба гуфтугӯ, кори мурид бо риёзат ва кори мурод ба иноят аст, мурид мураққаъи хидмат пӯшад ва мурод шароби васлат нӯшад». Иршоди муршид аз тавбаю талаб ва рафъи хотироти сӯфӣ шурӯъ шуда, он зикру фикру таваҷҷуҳи доимӣ, ризою таваккул, таслиму тафрид, таҷриду тасфия, сидк, шавқу завқу муҳаббат, мукошифаю мушоҳида, фаною бақо ва ҷамъулҷамъро дар бар мегирад, ки ҳар яке аз ин мафҳумҳо моҳияти муайяни тасаввуфӣ дошта, зинаҳои меъроҷии маърифати маънавиро ифода мекунанд.