Муҳаммадалии Аҷамӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммадалии Аҷамӣ
Муҳаммадалии Аҷамӣ
Таърихи таваллуд: 21 январ 1954(1954-01-21)
Зодгоҳ: Бохтар, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт: 4 май 2020(2020-05-04) (66 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  ИҶШС Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ

Муҳаммадалии Аҷамӣ - шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1990)

Муҳаммадалии Аҷамӣ 21 январи соли 1954 дар рустои Ғайрати ноҳияи Бохтари вилояти Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Соли 1981 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ муддате хабарнигори рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Вахш», корманди масъули шуъбаи маорифи халқи шаҳри Қӯрғонтеппа, ходими шуъбаи вилоятии Ҷамъияти дӯстдорони китоб, раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст. Чанде дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зисту фаъолият доштааст.

Муҳаммадалии Аҷамӣ 4-уми майи 2020 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Кокули борон» (1984), «Ватан» (1985), «Сари об» (1988), «Ҳар субҳ ман зи ишқи ту оғоз мешавам» (2012) буда, се дафтари шеъраш – «Андӯҳи сабз», «Биҳишти Одаму гандум» ва «Атри шабҳои Хуросон» дар Эрон (Теҳрон) ба табъ расидаанд. Навиштаҳои ӯ дар соҳаи нақди адабӣ дар қолаби мақолаву рисолаҳои «Шигарфиҳои ҳунарӣ ва маъноӣ дар шеъри Устод Рӯдакӣ», «Ҳар ки ин оташ надорад…», «Бедил ва каломи Ҳофиз…», «Хиттаи муъаттари шеър», «Ҳақ бо сукут буд», «Марде аз ҷинси ғазал», «Сарвҳои баланди андеша», «Ҷойгоҳи қасида дар шеъри муосир», «Гулдони ҳафтранг», «Тафаккур ва ҳис дар шеър», «Шеър чист?!» ва ғ. интишор ёфтаанд.[1]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 50-51 ISBN 978-99947-2-379-9