Jump to content

Муҳаммад ибни Мӯсои Хоразмӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Муҳаммад Хоразмӣ)
Муҳаммад ибни Мӯсои Хоразмӣ
араб. ар. أبو عبد الله محمد بن موسى الخوارزمي
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: ар. محمد بن موسى الخوارزمي
Касб, шуғл: риёзидон, ахтаршинос, ҷуғрофиёдон, файласуф, тарҷумон, муаррих
Таърихи таваллуд: тақрибан 780[1][2]
Зодгоҳ:
  • номаълум
Таърихи даргузашт: тақрибан 850[1][2]
Маҳалли даргузашт:
  • номаълум
Эътиқод: ислом ва суннӣ

Фаъолияти илмӣ
Самти фаъолият: ахтаршиносӣ, риёзиёт, алгебра, ададҳои арабӣ[d], ҳисоб, мусалассот, ҷуғрофиё ва улуми Замин[d]
Корфармо:
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мӯсо ал-Хоразмӣ (ар. أبو عبد الله محمد بن موسی الخوارزمی‎; тақрибан 780[1][2], номаълумтақрибан 850[1][2], номаълум) — ҳайатшинос, риёзидон, ахтаршинос, муаррих ва ҷуғрофиёдони бузурги форс-тоҷик[3][4][5][6].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аслан эронинажод будааст. Аз ҷавонӣ ба омӯзиши илмҳои замонаш пардохта, барои такмили дониш аввал ба Ҳиндустон ва баъд ба маркази илми хилофати аббосӣ — шаҳри Бағдод рафт. Дар он ҷо ба Байтулҳикмаи Маъмун дохил шуда, ҳамроҳи бисёр олимони табиатшиносу риёзидон ба фаъолияти илмӣ машғул шуд. Дар натиҷаи тарҷумаи осори фалсафӣ, риёзӣ, тиббӣ, ҳайатшиносӣ ва ғайра (аз забонҳои юнонию суриёӣ ва паҳлавию санскрит) бо ташаббуси Маъмун Байтулҳикма ба маркази илмии бузурге табдил ёфт, ки дар он Хоразмӣ, Абулвафои Бузҷонӣ, Исҳоқи Ибодӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Абулаббоси Найрезӣ, Абуҷаъфари Хуросонӣ, Абулфатҳи Исфаҳонӣ ва писарони Ибни Шокир — Муҳаммад, Аҳмад ва Ҳасан барин олимони машҳур анъанаи тадрису таълимро давом дода, ба ҳалли бисёр масъалаҳои илмҳои дақиқ кӯшиданд ва дар асарҳояшон ба кашфиёти бузурги илмӣ ноил шуданд.

Аввалин асари Xоразмӣ «Сурату-л-арз» мебошад. Дар он роҷеъ ба маҳали ҷойгиршавии шаҳрҳо, куҳҳо, дарёҳо, баҳрҳо ва ҷазираҳо маълумоти фаровон оварда шудааст; инчунин ҷадвали арзу тули шаҳрҳое дода шудааст, ки дар паси хати истиво (экватор) ҷой гирифтаанд.

Ҳайъатшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асари дигар «Зичи Хоразмӣ» бо номи «Зичи Маъмунӣ» низ машҳур аст. Дар он Xоразмӣ ақидаҳои ҳайъатшиноси машҳур Абуабдуллоҳ ибни Иброҳимро шарҳу тафсир намуда, зимни он ҷадвали синус ва тангенсро илова кардааст, ки он ҷадвали хордаи Батлимусро иваз намудааст. Дар асар масъалаҳои ҳаракати Офтоб ва Моҳ баррасӣ шуда, усули муайян кардани суръати ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ, андозаҳои Офтобу Моҳ пешниҳод шудааст. Дар давраи Xоразмӣ баъди «Зичи шаҳриёр», ки дар аҳди Сосониён тартиб дода шуда буд, тарҷумаи «Алмачастӣ»-и Батлимус ба инкишофи илми ҳайъат мусоидат кард. Равишҳои махсуси расадбандӣ ба вуҷуд омаданд, роҳу усулҳои арифметикию геометрӣ ва тригонометрии мусоҳиба бештар истифода мешуданд. Устурлоберо, ки қабл аз ислом сохта шуда буд, ҳайъатшиносон такмил доданд. Он амалан то замони Галилео Галилей истифода мешуд. Тарзи истифода ва амали онро Xоразмӣ дар «Амалу-л-устурлоб» ном асараш нишон додааст. Асбоби дигари астрономиеро, ки имрӯз бо номи «секстант» маълум аст, Xоразмӣ дар мушоҳидаи астрономии расадхонаи «Шамсия»-и Маъмун дар Бағдод истифода бурдааст ва натиҷаҳои ин мушоҳидаро дар асараш «Китобу ҳаракати-л-фалаки-л-уло» ҷамъбаст намудааст.

Бино ба маълумоти муҳақиқи муосири эрон Муҳаммади Рашшод Xоразмӣ ҳамроҳи писарони Ибни Шокир ва Аҳмади Фарғонӣ бо супориши Маъмун дарозии умумии бурриши қутрии кураи заминро муайян кардааст, ки он аҳамияти калони илмӣ дорад. Онҳо ба воситан устурлоб як дараҷаи доираи меридианро аз нуқтаи маълуми саҳрои Санҷар ба шим. ғарб бо усули механикӣ муайян намуда, натиҷаи онро ба 360 дараҷа зарб зада, дарозии умумии кураи заминро ҳисоб кардаанд.

Илми риёзӣ дар давраи Xоразмӣ дар заминаи анъанаҳои қадимаи маданияти бостонӣ тараққӣ карда буд. Дар ин давра мактабҳои риёзии Бағдоду Димишқ, ва Қоҳира амал мекарданд. Дар онҷо масъалаҳои гуногуни ҳисоб, ҳандаса, мусалласот (тригонометрия), ва ғ. баррасӣ мешуданд. Абдуллоҳи Баттонӣ косинус ва секансро кашф карда, ба ҷои синус хордаи мансуб ба кунҷро татбиқ, намуд. Абӯкомил (а. 8) муодилаҳои квадратиро тадқиқ намуда, се гурӯҳи бузургиҳо — ададҳои содда, реша ва квадратҳоро ҷудо кард ва дар баъзе ҷойҳо нишондиҳандаҳои олии номаълумро низ ҳамроҳ намуд. Риёзидони мактабҳои мазкур синуси як дараҷаро ҳисоб карда, дар бораи сектори конус ва тақсими кунҷ ба се қисмат, бурришҳои конусӣ (гиперболаҳои баробартараф) кашфиёти тоза ба даст оварданд. Xоразмӣ дар рисолааш «Китобу-л-ҷамъ в-ат-тафриқ би ҳисоби-л-ҳинд» аввалин бор рақамҳои ҳиндиро дар системаи ҳисоби позиционии ададҳо истифода намуд. Дар асари дигараш «Алҷабр ва-л-муқобала» ҳалли муодилаҳои квадратиро тадқиқ карда, ба илми алгебра асос гузоштааст. Маънои «алҷабр» дар риёзиёт барқарор кардан аст, вале баъди тарҷумаи китоби мазкур ба забони лотинӣ ва диг. забонҳои Ғарб бо номн «Либер Алгоризм» (китоби Хоразмӣ) машҳур шуд ва минбаъд ноии «Хоразмӣ» (лотиниаш «Алгоризм») дар Ғарб ба номи алгебра табдил ёфт.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ Xоразмӣ 12 асар таълиф намудааст, ки баъзеи онҳо (мас., «Рисолаи таърих», «Рисолаи мусиқӣ» ва ғайра) то ба замони мо нарасидаанд.

Афкори табиию илмии Xоразмӣ ба назарияҳои натурфалсафии Умари Хайём, Насируддини Тусӣ, Ғиёсуддини Кошонӣ, Баҳоуддини Омилӣ ва Алӣ Қушчӣ барин нобиғаҳои илму ҳикмати Шарқ таъсири зиёде расонда, такони бузурге барои рушди афкори илмии давраи Эҳёи Ғарб гардидааст.

Соли 1983 бо қарори ЮНЕСКО 1200-умин солгарди зодрӯзи Xоразмӣ қайд карда шуд. Ба ин муносибат як қатор асарҳои ӯ дастраси хонандагон гардиданд.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Brentjes S. Khwārizmī: Muḥammad ibn Mūsā al‐Khwārizmī (ингл.)Springer Science+Business Media, 2007.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 O'Connor J., Robertson E. Abu Ja'far Muhammad ibn Musa Al-Khwarizmi — 1994.
  3. Корбин, Генри (1998). Путешествие и посланник: Иран и философия. Бойгонӣ шудааст 6 июли 2022  сол. Книги Северной Атлантики. С. 44.
  4. Pickover, Clifford A. The Math Book: From Pythagoras to the 57th Dimension, 250 Milestones in the History of Mathematics. — Sterling Publishing Company, 2009. — С. 84. — 527 p. — ISBN 1402757964. — ISBN 978-1-4027-5796-9.
  5. Ben-Menahem, Ari. Historical Encyclopedia of Natural and Mathematical Sciences. — 1st ed. — Berlin: Springer, 2009. — С. 942—943. — 5983 p. — ISBN 3540688315. — ISBN 978-3-540-68831-0.
  6. Montgomery, Scott L., Kumar, Alok. A History of Science in World Cultures: Voices of Knowledge. — Routledge, 2016. — 349 p. — ISBN 0415639832. — ISBN 9780415639835.
  • Юшкевич А. П.. История математики в средние века. М.. 1961;
  • Хорезм и Мухаммад ал-Хоразми в мировой истории и культуре, Д.. 1983;
  • Тамбов Г., Мухаммад ибни Муса Ал-Хо-резми, Д. 1983.