Муҳаммад ибни Мӯсои Хоразмӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Муҳаммад ибни Мӯсои Хоразмӣ
араб. арабӣ: محمد بن موسى الخوارزمي
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл:

риёзидон, ситорашинос, ҷуғрофиёдон, файласуф, тарҷумон, мунаҷҷим, муаррих

Санаи таваллуд:

на дертар аз 799 ё тақр. 780[1][2][3][4]

Зодгоҳ:
Санаи марг:

тақр. 846[1][4]

Маҳалли марг:
Кишвар:
Эътиқод:

Ислом ва суннӣ


Фаъолияти илмӣ
Самти фаъолият:

ахтаршиносӣ, риёзиёт, Алгебра, Indian numerals[d], Ҳисоб, Тригонометрия, ҷуғрофия ва заминшиносӣ[d]

Корфармо:
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:

Commons-logo.svg Викианбор  

Wikidata-logo S.svg Вироиши Викимаълумот

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мӯсо Ал-Хоразмӣ (арабӣ: أبو عبد الله محمد بن موسی الخوارزمی‎; тақр. 783, Хива, Хоразм (ҳозира Ӯзбекистон) — тақр. 850, Бағдод (ҳозира Ироқ)) — риёзидон, астроном ва ҷуғрофидони бузурги форсу тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Дар бораи ҳаёти Ал Хоразмӣ маълумот кам аст. Маълумот дар бораи шарҳи ҳоли ӯ қариб, ки дар таърих боқи намондааст. Ба мо ҳатто рӯзи аниқи таваллуд ва вафоти ӯ омада нарасидааст. Фақат ҳаминаш ба мо маълум аст, ки ӯ дар охири асри VIII ба дунё омада ва нимаи аввали асри IX аз дунё гузаштааст. Ҳозир шартан соли таваллуди Ал-Хоразмӣ 783 ва соли вафоташ 850 қабул карда шудааст. Дар баъзе сарчашмаҳои таърихи Ал-Хоразмӣ бо номи «Ал-Маҷусӣ» яъне пайрави дини зардуштӣ ёд мешавад. Аз ин маълум мешавад, ки гузаштагони вай пайрави дини зардуштӣ будаанд. Ал-Хоразмӣ ба он олимони асри миёна тааллуқ дорад, ки барои кору фаъолият ба маркази хилофати араб- шаҳри Бағдод ҷалб карда шуда буд. Дар он вақт ин гуна олимон кам набуданд. Дар байни муоссирони Ал-Хоразмӣ ки дар Бағдод зиндагӣ мекарданд, метавонем олимони бузургеро ба мисли ситорашиноси машҳур Абулаббос Ахмад Ал-Фарғонӣ ва Аҳмад ибни Абдуллоҳ Ал-Марвазӣ ки бо номи ҳабаш Ал-ҳасиб шинохта мешавад муаррифӣ кунем. Баромади якумаш аз Фарғона ва дигараш аз Марва мебошад. Шаҳри Бағдод дар солҳои 60-уми асри VIII азтарафи халифа Ал-Мансур, ки аз сулолаи Аббосиён будва солҳои 754 то 775 ҳукумронӣ кардааст, бунёд ёфтааст. Пойтахти давлат, ки ҷойҳои зиёдеро инғол карда буд, дар муддати кӯтоҳ маркази савдо, илм ва маданият шуд. Давлати калонро идоракунӣ осон набуд. Ҳокимони Хилофат дарк карданд, ки нақшаҳои иқтисодию ҳарбии худро бе азхудкардани донишҳои халқҳои тасарруфшуда дар ҳаёт татбиқ кардан номумкин аст. Бинобарин ҳокимон барои инкишофи он мувофиқат карданд. Дар Бағдод мактаби калони илмӣ пайдо шуд, ки ба худ олимони зиёдеро аз кишварҳои гуногун ҷалб намуд. Китобхона сохта шуд, ки бо китобҳои зиёд ва меҳнатҳои қиммати илмӣ таҷҳизонида гашта буд. Аз ҳама муҳимаш дар он вақт дастовардҳои Юнони Қадим ва класиконро ҷамъоварӣ ва ба забони арабӣ тарҷума карданд. Барои хариди дастнависҳо экспедитори махсус равон карда шуд. Диққати махсус бисёртар ба илмҳои дақиқ — риёзӣ, ситорашиносӣ, геодезия ва географияи математикӣ дода шуд. Илмҳои ситорашиносии ҳиндӣ низ омӯхта шуд. Олимони Бағдод дар асрҳои VIII—IX на танҳо тарҷумонҳо ва эзоҳкунандагон, балки мустақилона фаъолияткунандагон буданд. Дар ин роҳ дастовардҳо ва натиҷаҳои зиёд дар соҳаҳои гуногуни илм ба даст оварданд. Ворисони халифа Ал-Мансур роҳи ӯро давомдода меросашро зери ҳимоя карор доданд. Набераи ӯ ҳорун Ар-Рашид, ки солҳои 786—809 ҳукумрони кардааст, бо қиссаи «ҳазору як шаб» бисёр машҳур аст. Гулгулшукуфоии зиёди илмӣ дар Бағдод бештар замони писари ҳорун Ар-Рашид-Халифа Ал-Мамун, ки солҳои 813—833 ҳукумрони кардааст ба даст омадаанд. Дар замони ӯ Дар Бағдод хонаи ҳикмат «Байт-ул-ҳикмат» ташки ёфта буд. Дар Байт-ул-ҳикмат китобхонаи бой дорои дастнависҳои қадимтарин ва расадхонаи ситорашиносӣ ҷой дошт. Дар бағдод дар баробари дигар олимҳо Ал-Хоразмӣ солҳои зиёд кору фаъолият кардааст. Таърихнависи шинохтаи асри X Ан-Надим хабар медиҳад, ки Муҳаммад ибни Мӯсо аз Хоразмӣ ба Байт-ул-ҳикмат бо даъвати Халифа Ал-Мамуна омада буд. То соли 813 Ал-Мамуна дар Марва зиндагонӣ мекард. Дар онҷо бо Ал-Хоразмӣ во хӯрда ӯро ба Бағдод даъват менамояд. Олимони Байт-ул-Ҳикмат дар фанҳои риёзиву ситорашиносӣ саҳми беандоза калон гузоштаанд. Арзиши камони 1° наздики ба вокеият (111 км) ёфта шуда буд. Таърихшиносон бар он ақидаанд ки дар ин кор саҳми Ал-Хоразмӣ аз ҳама бештар аст. Каме дертар алоқаманд бо номи Ал-Хоразмӣ дар соли 847 ҳангоми марги халифа Ал-Восиқ ёд мешавад, ки ин далели дар маросими дафни халифа иштирок кардани Ал-Хоразмиро нишон медиҳад. Ба ин васила фаҳмидан мумкин аст, ки дар бораи зиндагии нобиғаи бузурги осиёимиёнагӣ тамоман далелҳои кам боқӣ мондааст. Барои ҳамин таърихшиносон бояд ба дастовардҳои асосии ӯ такя кунанд. Ин рафтор метавонад далели зиёдеро барои мо равшан кунад. Мароқзоҳиркунии бештари Ал-Хоразмӣ дар омӯзиши илмҳои риёзӣ, ситорашиносии амаливу назариявӣ ва географияву таърих ошкор мешуд. ҳамаи меҳнатҳо ва дастовардҳои ин олими бузурги асримиёнагии форс то ба мо омада нарасидаанд. Дар баъзе навиштаҷотҳои шоирону нависандагони асримиёнагӣ меҳнатҳои Ал-Хоразмӣ навишта шудаанд, аммо онҳо низ то ба мо наомадаанд. Рисолаи географии Ал-Хоразмӣ «Китоби тасвири замин» якумин дастоварди бузурги географӣ ба забони арабӣ мебошад. ӯ маҳорати баланди худро дар сарзаминҳои дури Шарқ нишон дода тавонист.

Китобҳо[вироиш]

Тибқи гӯфтаҷотҳои таърихшиносони Шарқ мероси илмии Ал-Хоразмӣ кам боқи мондааст. Аз ӯ ба мо китобҳои зерин боқӣ мондаанд:

  1. «Китоби дар мавриди ҳисоби ҳиндӣ»
  2. «Китоби мухтасари алҷабра вал муқобала»
  3. «Ҷадвали нуҷум»
  4. «Китоби тасвири замин»
  5. «Китоби сохтусози астролобӣ»
  6. «Китоби иқдомоти астролобӣ»
  7. «Китоби соатҳои офтобӣ»
  8. «Рисолаи дар таърифи идҳову анъанаҳои яҳудиён»
  9. «Китоби таърих»

Аз инҳо то ба мо ҳамаги ҳафтояш бо дастнависҳо омада расидаанд. Эҳтимол аст, ки гуё навиштаҷотҳои худи Ал-Хоразмӣ аст ё эзоҳкорони асримиёнагӣ онҳоро навиштаанд. Китоби «Дар мавриди ҳисоби ҳиндӣ»-и Ал-Хоразмӣ аввалин бор ҳалли муодилаҳои арифметикиро равшан менамояд, ки ин китоб дар асри XII ба забони лотинӣ тарҷума шудааст ва ҳоло дар Кембриҷ нигоҳ дошта мешавад. Дар лотинӣ номи Ал-Хоразмӣ «Алгаризмӣ» талаффуз мешавад. Баъдан ин ном бо унвони «Алгоритм» шинохта шуд, ки пайдарпайии иҷроиши амалҳоро мегуянд. Ал-Хоразмӣ якумин шахсе буд, ки дар ҳисоб раками нулро кашф кард ва ин боиси омузиши ададҳои манфӣ гардид. Китоби «Тарих» — и Ал-Хоразмӣ дар бисёрии ёдоштҳои асриминагӣ оварда мешавад. Барои ҳамин Ал-Хоразмӣ ҳамчун аввалин таърихнависи бо забони арабӣ менавистагӣ шиноҳта мешавад. Боз ёд мешавад ки ӯ муаллифи китоби «Дар мавриди мусиқӣ» низ мебошад. Дер ё зуд меҳнатҳои ӯ ба мо равшан мегардад вабароямон далелҳои кофӣ медиҳанд, ки Ал-Хоразмӣ яке аз бузургтарин олимон ва нобиғаҳои асримиёнагӣ ба шумор меравад[5].

Саҳм[вироиш]

Дар яке аз навиштаҷотҳояш мегуяд:-Ман китобе бо номи «Ал ҷабр вал муқобала» навистаам, ки дорои саволҳои осону душворва муодилаҳои арифметикӣ мебошад. Ин барои одамон бисёр зарур аст.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Немецкая национальная библиотека — 1912.
  2. Brentjes S. Khwārizmī: Muḥammad ibn Mūsā al‐Khwārizmī Springer Science+Business Media, 2007.
  3. O'Connor J., Robertson E. Abu Ja'far Muhammad ibn Musa Al-Khwarizmi
  4. 4.0 4.1 4.2 German National Library, Berlin State Library, Bavarian State Library ва ғ. Record #118676180 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
  5. al-Daffa 1978

Адабиёт[вироиш]

Сарчашма[вироиш]