Нуралӣ Cолеҳов
Нуралӣ Назарович Cолеҳов | |
| |
Таърихи таваллуд | 28 январ 1957 (67 сол) |
Зодгоҳ | Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети давлатии Саратов ба номи Н.Г. Чернишевскийи Федератсияи Русия |
Ҷоизаҳо | орден «За заслуги перед Родиной и Отечеством» (2014, Москва), медали «Чехов» (2010, Москва), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2005), Корманди фахрии маорифи Федератсияи Русия (2014, Москва), Медали А. Пушкин (2017, Москва), Медали ба номи Ушинский (2017, Москва) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Нуралӣ Назарович Cолеҳов – олим, рӯзноманигор, адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (2011), профессор (2013), доктори фахрии Донишгоҳи Қазоқистон (2012), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2005), Корманди фахрии маорифи Федератсияи Русия (2014).[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нуралӣ Назарович Cолеҳов 28 январи соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаҳои филологияи руси Университети давлатии Саратов ба номи Н.Г. Чернишевскийи Федератсияи Русия (1980), забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1995). Таҳсил дар мактаби миёнаи №1 ба номи В.П.Чкалови шаҳри Кӯлоб (1964-1974), коргари дараҷаи сеюми идораи сохтмонии № 15 Кӯлоб (1974-1975), донишҷӯ (1975-1980), ассистенти кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии Донишкадаи давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1980-1985), аспиранти кафедраи методикаи таълими адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории Москва ба номи В.И.Ленин (1985-1989), муаллими калон (1989-1993), дотсент (1993), мудири кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ (1993-1997), ходими калони илмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1997-1998), дотсенти кафедраи адабиёти рус ва журналистика (1998-2005), мудири кафедраи журналистика (2005-2006), мудири кафедраи назария ва амалияи матбуот (2006-2009), декани факултаи филологияи (2009-2010) Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2010-2012). Аз соли 2012 то соли 2020 ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буд.[2]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар мавзӯи «Мундариҷа ва методикаи таълими семинари махсуси «Робитаҳои адабии халқҳои русу тоҷик дар шуъбаҳои миллии мактабҳои олии омӯзгорӣ» (1989, Москва) рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Масъалаҳои ташаккули афкори ҷамъиятӣ дар публитсистикаи тоҷик (давраи Истиқлоли давлатии ҶТ)» (2011, Душанбе) рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Доир ба масъалаҳои методикаи таълими адабиёти рус ва хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, проблемаҳои мухталифи публитсистика ва робитаҳои адабии халқҳои русу тоҷик тадқиқотҳои арзишманд ба анҷом расонидааст. Муаллифи беш аз 70 асару мақолаи илмӣ ва илмӣ-методӣ оид ба адабиётшиносӣ, таърихи адабиёти рус ва публитсистикаи муосири тоҷик мебошад. Ба кишварҳои Венгрия, ИМА, Миср, Чин, Озарбойҷон сафари корӣ ва хизматӣ кардааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Публицистика и миростроительство в Таджикистане. - Душанбе, 2006;
- Летописец созидательного труда. - Душанбе, 2007;
- Журналистика в терминах и понятиях. Энциклопедический словарь системы СМИ: учебное пособие. - Душанбе, 2007;
- Тернистая дорога суверенитета. - Душанбе, 2008;
- Проблемы воспитания национального самосознания в таджикской публицистике. - Душанбе, 2008;
- Концепция гуманизма и ее отображение в таджикской публицистике советского периода. - Душанбе, 2009;
- Техника и технология средств массовой информации. Печать, телевидение, радиовещание, Интернет: учебное пособие. - Душанбе, 2009;
- Публицистика нового времени. Ее специфика и проблематичность. - Душанбе, 2010; Политическое противостояние в зеркале таджикской публицистики.- Душанбе, 2010;
- История журналистики стран Америки: учебное пособие. - Душанбе, 2013:
- История таджикской журналистики: учебно-методическое пособие. - Душанбе, 2014:
- Муаммои назарияи публитсистика (Маводи дарсӣ). Душанбе, 2015.[3]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ордени «За заслуги перед Родиной и Отечеством» (2014, Москва),
- медали «Чехов» (2010, Москва),
- Медали А. Пушкин (2017, Москва),[4]
- Медали ба номи Ушинский (2017, Москва),[4]
- Аълочии маорифи ҶТ (2005),
- Корманди фахрии маорифи Федератсияи Русия (2014).
Адабиёт доир ба Нуралӣ Cолеҳов
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишномаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. - Душанбе, 2015. - с.331-332.
- «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С. Имомов. - Душанбе, 2011
- Российско-Таджикский (Славянский) университет:вчера, сегодня, завтра. 1996-2016. – Душанбе, 2016, - С. 8-10, 30-31, 117, 138.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
- Посол России встретил Навруз с таджикскими студентами
- Ректор Российско-Таджикского университета получил медаль имени Пушкина
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. - Душанбе, 2015. - с.331-332.
- ↑ Ректор Нуралӣ Cолеҳов(тоҷ.). 29 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 апрели 2021.
- ↑ Донишномаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. - Душанбе, 2015. - С.331-332.
- ↑ 4.0 4.1 Ректор Российско-Таджикского университета получил медаль имени Пушкина
- Зодагони 28 январ
- Зодагони соли 1957
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Кӯлоб
- Докторони улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
- Филологони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрии байналмилалӣ аз Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон