Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Абишевич Назарбоев (қазоқӣ. ; тав. 6 июли 1940, д. Шамалғон, ноҳияи Каскелен, вилояти Алматий) — ходими давлатӣ ва сиёсии шӯравӣ ва Қазоқистон.
Зиндагинома[вироиш]

Нурсултон Назарбоев 6 июли 1940 дар деҳаи Шамалғонии ноҳияи Каскелени вилояти Алматий ҶШС Қазоқистон дар оилаи Абиша ва Алжон, ки ба кишоварзӣ машғул буданд, ба дунё омадааст.
Фаъолияти меҳнатӣ ва давлатӣ[вироиш]
Соли 1960 — Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии (ПТУ) № 22 дар шаҳри Днепродзержинск хатм кардааст. Соли 1967 ВТУЗ-и назди комбинати металургии Қарагандаро ба итмом расонидааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1960, ҳамчун коргари управленияи сохтмони трести «Казметаллургстрой» дар шаҳри Темиртау вилояти Қараганда оӯоз намудааст, сипас дар комбинати металургии Қараганда кор кардааст.
Солҳои 1965—1969 — боз дар комбинати металургии Қараганда кор кардааст (аз с. 1966 — комбинат): диспетчер, газовчӣ дар сехи доменнӣ.
Аз солҳои 1969—1973 — дар кори комсомолӣ ва ҳизбӣ дар шаҳри Темиртау вилояти Қараганда. Солҳои 1973—1978 — котиби комитети ҳизбии комбинати металургии Қараганда. В 1978—1979 — котиб, котиби дуйуми комитети ҳизбии вилояти Қараганда.
Солҳои 1979—1984 — котиби Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Қазоқистон.
Солҳои 1984—1989 — Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Қазоқистон.
Солҳои 1989—1991 — Котиби якуми Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Қазоқистон.
Аз 24 апрели 1990 то 16 декабри соли 1991 — Президенти ҶШС Қазоқистон.
1 декабри соли 1991 дар интихоботи аввалини умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, 98,7% овозҳоро соҳиб гардида бори аввал Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон шудаст. ва ба иҷрои вазифа 16 декабри соли 1991 шурӯъ кардааст.
Нурсултон Назарбоев боз чор маротиба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб шудааст. Моҳи апрели соли 2015 дар интихоботи президентӣ бори панҷум Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб гардида, мувофиқи маълумоти расмӣ 97,75 %-и овозҳои интихобкунандаҳоро ба даст овардаст. Узви ҲКИШ аз 1962. Узви КМ ҲКИШ (1986—1991); узви Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ (1990—1991). Узви Комиссияи марказии санҷишии ҲКИШ (1981—1986). Котиби КМ ҲК Қазоқистон (1979—1984), Котиби якуми КМ ҲК Қазоқистон (1989—1991).
Вакили Шӯрои Олии ИҶШС даъватҳои 10—11-ум (1979—1989) аз вилояти Қазоқистони Шимолӣ[1][2]. Вакили халқии ИҶШС (1989—1991). Раиси Шӯрои Олии ҶШС Қазоқистон (1990).
Дорандаи унвони расмии «Пешвои Миллат» (қазоқӣ. Елбасы; аз 2010). Қаҳрамони Миллии Қазоқистон (2012; аз рӯи вазифа ҳамчун президент ва Пешвои Миллат). Соли 2011 дар кишвар "Рӯзи Президенти Қазоқистон" ҷорӣ гардидааст, ки ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.
Эзоҳ[вироиш]
Пайвандҳо[вироиш]
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |