Нурулло Ҳувайдуллоев
Ҳувайдуллоев Нурулло Умарович | |
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
14 марти 1992 — 24 августи 1992 | |
|
|
Таваллуд |
1940 |
Даргузашт |
24 август 1992 Душанбе, Тоҷикистон |
Таҳсилот | |
Дараҷаи илмӣ | номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ |
Касб | ҳуқуқшинос |
Эътиқод | ислом |
Нурулло Ҳувайдуллоев (Ҳувайдуллоев Нурулло Умарович; 1940, деҳаи Понғози ноҳияи Ашт, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 24 августи 1992, Душанбе, Тоҷикистон) — ходими давлатӣ ва ҳуқуқшиноси тоҷик. Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 (1991), номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (1983). Ҳуқуқшиноси варзидаи Тоҷикистон, нахустин Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нурулло Ҳувайдуллоев соли 1940 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашти вилояти Ленинобод ба дунё омадааст[1]. Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон (1962) ва Академияи илмҳои ҷамъиятии назди КМ ҲКИШ (1983).
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Прокурори шуъбаи назорати баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ дар судҳо (1964), прокурори шуъбаи тафтишоти Прокуратураи ҶШС Тоҷикистон (1965–1966), узви Суди олӣ (1966–1970), раиси Суди халқии шаҳри Душанбе (1970–1974), мудири шуъбаи маъмуриву ҳуқуқии Раёсати корҳои Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1974–1978), муовини мудири шуъбаи мақомоти маъмурии КМ ҲК Тоҷикистон (1983–1990). Вакили халқӣ, раиси Комиссияи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва муроҷиати шаҳрвандон (1990–1991). Прокурор (1991–1992), прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз марти 1992)[2].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ ҳамчун номзади илми ҳуқуқшиносӣ, олими ҳуқуқдон ва устоди шинохта шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки имрӯз дар мақомоти прокуратура, суд ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ садоқатмандона хидмат мекунанд ва ному хотираи неки ӯро пос медоранд[3].
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Нурулло Ҳувайдуллоев 24 августи соли 1992 дар авҷи камолот, ки ҳамагӣ 52 сол дошт, аз ҷониби қотилон ноҷавонмардонаву ваҳшиёна ба қатл расид[3].
Хотира
[вироиш | вироиши манбаъ]Яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев гузошта шудааст[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ХУВАЙДУЛЛОЕВ Нурулло Умарович | ЦентрАзия. www.centrasia.ru. 3 Январ 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ 2.0 2.1 Донишномаи Душанбе. — Душанбе: СИЭМТ, 2016, — С. 674. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
- ↑ 3.0 3.1 Фаррухҷон АБДУЛЛОЕВ. Нурулло Ҳувайдуллоев - тимсоли ҳақиқату адолат. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". www.jumhuriyat.tj (13 Декабри 2014). 3 Январ 2018 санҷида шуд.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони соли 1940
- Зодагони вилояти Суғд
- Зодагони ноҳияи Ашт
- Даргузаштагони 24 август
- Даргузаштагони соли 1992
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми ҳуқуқшиносӣ
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон