Раҷендра Прасад
ҳиндӣ: डाक्टर राजेन्द्र प्रसाद | |
| |
26 январ 1950 — 12 май 1962 | |
Ҷонишин | Сарвепалли Радхакришнан |
6 июл 1946 — 24 январ 1950 | |
11 декабр 1946 — 24 январ 1950 | |
Пешгузашта | Sachchidananda Sinha[d] |
|
|
Таваллуд |
3 декабр 1884[1][2][3][…] |
Даргузашт |
28 феврал 1963[4][1][2][…] (78 сол) |
Ҳамсар | Rajavanshi Devi Prasad[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | Ҳиндуия |
Ҷоизаҳо | |
Ҷойҳои кор | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Раҷендра Прасад (ҳиндӣ: राजेन्द्र प्रसाद 3 декабри соли 1884, Зерадеи, Ҳиндустони Бритониё — 28 феврали соли 1963, Патна, Ҳиндустон) — муборизи ҳиндустонӣ барои истиқлолияти кишвар аз зулми мустамликадории Бритониёи Кабир, ки нахустин президенти Ҳиндустон (1950—1962) буд
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои аввал ва таҳсилот
[вироиш | вироиши манбаъ]Раҷендра Прасад дар Зерадеӣ таваллуд шудааст, ки ҳоло дар иёлати Биҳар аст. Аз авлоди табақаи (Каста) — котибон. Падараш филологи риштаи забонҳои санскрит ва форсӣ буд. Падару модараш ӯро дар 12-солагӣ оиладор намудаанд.
Дар синни 18-солагӣ, соли 1915 ба Донишгоҳи Калкутта дохил шуд ва бо дипломи аъло ба унвони устоди ҳуқуқ ноил шуд. Дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ ба ҳайси омӯзгор кор кардааст. Пас аз гирифтани дараҷаи соҳаи иқтисод, аз соли 1909 дар Коллеҷи Лангат Сингҳ профессори забони англисӣ буд. Инчунин профессори иқтисод дар Коллеҷи шаҳрии Калкутта кор кардааст. Таҳсилашро бо дараҷаи илмии — доктори илмҳои ҳуқуқ дар Донишгоҳи Аллоҳобод ба итмом расонд.
Ӯ ба фаъолияти адвокатӣ пардохт. Дар соли 1916 дар Суди олии иёлати Биҳар ва Орисса кор мекард.
Фаъолияти сиёсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Вай бори аввал дар соли 1906 дар Конгресси миллии Хиндустон дар Калкутта иштирок кард, соли 1911 аъзо шуд. Дар иҷлосияи Конгресси миллии Хиндустон, ки соли 1916 дар Лакхнау шуда гузашт, вай бо Мохандас Гандӣ ва баъд бо Ҷавоҳирлаъл Неҳру вохурд . Дар соли 1920 қарор дод, ки кори сердаромади ҳуқуқшинос, инчунин вазифаҳои худро дар донишгоҳ барои ёрй расондан ба ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ хотима дихад. Ӯ барои нашрияҳои мухолиф мақолаҳо менавишт ва фаъолона дар саросари кишвар сафар карда, идеяи истиқлолро таблиғ мекард.
Мохи октябри соли 1934 дар иҷлосия Мумбай президенти Конгресси миллии Хиндустон (КМҲ) интихоб шуд. Баъдан ӯ борҳо зиндонӣ шуд, ҳарчанд барои муддати тӯлонӣ набуд. Вай ба комитетҳои ёрӣ ба зарардидагони зилзила дар Биҳар (1934) ва Кветта (1935) рохбарӣ мекард. Баъди қабули соли 1942 Қарори КМҲ «Аз Ҳиндустон дафъ шавед!» (Қарордоди аз Хиндустон баромадан) дастгир карда шуд ва то 15 июни соли 1945. дар зиндон буд.
Баъди ташкил шудани Ҳукумати муваққатии Ҳиндустон — Шӯрои иҷроияи назди генерал-губернатори Ҳиндустон 2 сентябри соли 1946 сардори департаменти озуқаворй ва хоҷагии қишлоқ шуд. Баъдтар се маротиба раиси Анҷумани муассисон ва баъд аз эътибор пайдо кардани Конститутсиям Ҳиндустон, 26 январи соли 1950 аввалин президенти Ҳиндустон интихоб гардид. Вай анъанаи истиқлолияти президентро аз мансубияти ҳизбӣ, ки то имрӯз боқӣ мондааст, баъд аз истеъфояш аз Конгресси миллии Ҳиндустон пас аз президент интихоб шудан асос гузошт.
Дар байни солҳои 1958—1960 вай дар вазифаи президент ба Ҷопон, Шри Ланка, ИҶШС, Малайзия ва Индонезия сафари давлатӣ кард. Дар рафти сафари соли 1960 дар ИҶШС ба унвони доктори фахрии илмҳои таърихи Донишгоҳи давлатии Маскав мукофотонида шуд .[5]
Ду маротиба дар солҳои 1952 ва 1957 пайдарҳам аз ҷониби шӯрои инхобкунандагон Президенти Ҳиндустон интихоб шудааст.
Соли 1962 г. истеъфо дод ва соли дигар вафот кард.
Мукофот ва унвонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои фаъолияташ бо мукофоти олии давлатии шаҳрвадии Ҳиндустон — Бхарат Ратна мукофотонида шудааст.
Рӯйдодҳои ҷолиб
[вироиш | вироиши манбаъ]- Раҷендра Прасад ягона президенти Ҳиндустон аст, ки беш аз 5 сол ҳукмронӣ кардааст.
- Раҷендра Прасад инчунин нависанда буд, ба ҷуз тарҷумаи ҳоли худ, ӯ якчанд китоб навиштааст.[6]
- Раҷендра Прасад яке аз ҷонибдори ашаддии Ҳиндуия буд, аммо вай нисбат ба дигар динҳои Ҳиндустон хеле таҳаммулпазир буд. Дуруст аст, ки бар хилофи ҳамроҳонаш Гандӣ ва Неҳру, Прасад ҳатто дар байни ҷонибдори ашаддии Ҳиндуия эҳтироми зиёд дошт.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Раджендра Прасад (Люди и события) // Новое время. — М., 1960. — № 26. — С. 15.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 4.0 4.1 Прасад Раджендра // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Прасад Раджендра // Плата — Проб. — М. : Советская энциклопедия, 1975. — (Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров ; 1969—1978, т. 20).
- ↑ Prasad, Rajendra 1884—1963. 11 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Декабри 2008.
- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони 3 декабр
- Зодагони соли 1884
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Зодагони Ҳиндустони Бритониёӣ
- Даргузаштагони 28 феврал
- Даргузаштагони соли 1963
- Даргузаштагони Ҳиндустон
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Ҳукуматдорони Ҳиндустон
- Президентҳои Ҳиндустон
- Сарварони асри XX
- Сиёсатмадорони асри XX
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо