Jump to content

Сайиданвар Камолов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сайиданвар Камолов
парчам
Вазири амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1995 — 1997
Нахуствазир Ҷамшед Каримов
Президент Эмомалӣ Раҳмон

Таваллуд 16 сентябр 1950(1950-09-16)
Даргузашт 14 май 2020(2020-05-14) (69 сол)
Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Ордени Ситораи Сурх
Хидмати сарбозӣ
Рутба генерал-лейтенант

Сайиданвар Камолов (Камолов Сайиданвар Қосимович; тав. 16 сентябри 1950, деҳаи Мунки ноҳияи Ховалинг, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 14 майи 2020, Душанбе, Тоҷикистон) — ходими низомӣ ва давлатии тоҷик, Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995—1997), генерал-лейтенант (1999). Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2009) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сайиданвар Камолов 16 сентябри соли 1950 дар деҳаи Мунк (ҳоло Гулзор)-и ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин мебошад.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти кориашро ҳамчун коргари савхози «Ховалинг»-и ноҳияи Восеъ шурӯъ карда (1967—1968), солҳои 1969—1971 дар саффи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хидмати ҳарбӣ кардааст. Солҳои 1972—1974 вакили Шӯрои вакилони меҳнаткашони ш. Душанбе ва аз соли 1975 дар мақомоти Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хидмат пардохтааст. Фаъолияти хидматиро аз муфаттишӣ сар карда, то соли 1994 дар вазифаҳои сармуфаттиш оид ба корҳои махсус, сардори шуъбаи тафтишот, сардори раёсати тафтишот ифои вазифа кардааст. Соли 1994 ҷонишини вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1995—1997 Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз феврали соли 1997 то 2002 раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии кишварро ба уҳда дошт. Солҳои 2003—2012 раиси Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст. Ҳамзамон сардабири рӯзномаи «Инсон ва қонун» (2007-12) ва маҷаллаи «Сарбоз» (2008-10) фаъолият кардааст.

Муаллифи китобҳои «Дар ҳифзи марзу буми кишвар», «Граница», «Сангар», «Противостояние», «Тайна Пещеры Дракона», «Бозгашт», «Ситораи умед» ва «Гиреҳ дар гулӯ» мебошад.

  • Ходими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Ордени «Ситораи Сурх» (1981);
  • Ордени «Нишони фахрӣ» (1986);
  • Корманди фахрии Кумитаи бехатарии давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ;
  • Корманди фахрии Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои марзии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (1999);
  • Узви вобастаи Академияи илмҳои омӯзгорӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия (2004);
  • Нишони «60-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС»;
  • Нишони «Барои хидмати шоён» дараҷаи 3 (1984);
  • Нишон «Барои хидмати шоён» дараҷаи 2 (1989);
  • Нишони «70-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС» (1988);
  • Нишон «Барои мустаҳакам нигоҳ доштани сарҳадди давлатҳо-иштирокдорони ИДМ» (2000);
  • Нишони «10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2002);
  • Нишони «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2003);
  • Нишони «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011).