Ҷамшед Каримов
Ҷамшед Каримов | |||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|
Ҷамшед Ҳилолович Каримов | |||||||
![]() | |||||||
|
|||||||
Пешгузашта | Абдуҷалил Самадов | ||||||
Ҷонишин | Яҳё Азимов | ||||||
|
|||||||
Ҷонишин | В. Хоҷаев | ||||||
|
|||||||
Таваллуд |
4 август 1940 (82 сол) |
||||||
Ҳизб | |||||||
Таҳсилот | |||||||
Дараҷаи илмӣ | доктори илмҳои иқтисод[d] | ||||||
Касб | Иқтисоддон | ||||||
Ҷоизаҳо |
![]() |
Ҷамшед Каримов (Ҷамшед Ҳилолович Каримов; 4 август 1940, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисодшинос, ходими давлатии тоҷик. Сарвазири Тоҷикистон (1994-1996)[1]. Доктори илмҳои иқтисод (1976), профессор (1979). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1988). Профессори ифтихории Институти тадқиқотҳои байналмилалии муқоисавии Пекин (2003).[2]
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Ҷамшед Ҳилолович Каримов Институти саноати сабуки Москваро хатм кардааст (1962), ихтисос – «информатика». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: иқтисодиёт, усулҳои иқтисодиву математикии банақшагирӣ ва идора, системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт.
Фаъолияти меҳнатӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Муовини директор, директори Институти илмию тадқиқотии иқтисодиёти Госплани ҶШС Тоҷикистон (1972-1981), муовини раис, раиси Госплан ва муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1981-1988), котиби якуми Кумитаи ш.Душанбеи ҲК Тоҷикистон (1988-1991), муовини раиси Кабинети Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ноиби сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия (1991-1993), сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994-1996), сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Чин (1997-2003). Вакили халқии ИҶШС (1989-1991).
Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1989),
- Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон,
- Профессори ифтихории Институти тадқиқотҳои байналмилалии муқоисавии Пекин (2003),
- Дорандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон (1972).
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ tajikistan
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Зодагони 4 август
- Зодагони соли 1940
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Аъзои Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Олимони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Иқтисодшиносони Тоҷикистон
- Сарвазирони Тоҷикистон