Jump to content

Сипоҳи Ҳахоманишиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дирафши Ҳахоманишиён
Бозсозии пӯшоки сипоҳиёни Ҳахоманишиён дар ҷашни 2500-умин солгарди бунёди шоҳаншоҳии Эрон

Сипоҳи Ҳахоманишиён (порсии бостон: *spāda-) нерӯҳои мусаллаҳи шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ аст, ки дар садаҳои VI — IV пеш аз милод бар Эронзамин ва сарзаминҳое аз Осиё, Урупо ва Африқо фармонравоӣ дошт.

Пешоҳахоманишӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Деринатарин ёдкард аз нерӯҳои размии ниёкони тоҷикон дар «Авесто» ва сангнавиштаҳои шоҳаншоҳони Ҳахоманишӣ боз монда, ки *kāra-мардум-сипоҳ’ (< ҳиндуурупоӣ: *koro-s, *kori̯o-s ‘ҷанг; сипоҳ, лашкар’ < олмонӣ: Heer ‘артиш; нерӯи заминӣ’; инглисии куҳан: Here ‘артиш’)[1] ва *spāda- ‘сипоҳ’ хонда шудаанд.

Дар нерӯҳои размии Эрони бостон нақши вижаеро гардунасаворон доштанд, ки дар «Авесто» «raθaē-štar-» (аз авестоӣ: raθa-гардуна’ + авестоӣ: štar-истода’) номида шудаанд[2]. Ҳамин вожа дар забони порсии миёна: artēštār шуда ва «артиш» аз он гирифта шудааст[3].

Сипоҳи Ҳахоманишиён

[вироиш | вироиши манбаъ]
Сипоҳи Ҳахоманишиён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
*daθa- 10 сарбоз *daθapati-
*θata- 100 сарбоз *θatapati-
*hazāra- 1 000 сарбоз *hazārapati-
*baivara- 10 000 сарбоз *baivarapati-
*spāda- 60 000 сарбоз *spādapati-

Нерӯҳои мусаллаҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) бар пояи радабандии даҳ-даҳӣ созмон ёфтаву ба забони порсии бостон: *spāda- [сипоҳ] хонда мешудаанд. Дар сипоҳи Ҳахоманишиён аз 10 сарбоз як *daθa- [даҳа] ташкил мешуда ва сардораш *daθapati- [даҳбад] хонда мешудааст[4]. Аз 10 даҳа як *θata- [сада] ташкил мешуда ва фармондеҳаш *θatapati- [садбад] номида мешудааст[4]. Аз 10 сада як *hazāra- [ҳазора] ташкил мешуда ва фармондеҳаш *hazārapati- [ҳазорбад] хонда мешудааст[5]. Аз 10 ҳазора як *baivara- [бевара] ташкил мешуда, ки фармондеҳаш *baivarapati- [беварбад] номида мешудааст[5]. Сарфармондеҳи сипоҳи Ҳахоманишиён *spādapati- [сипаҳбад] хонда мешудааст[6].

Агар шумори нерӯҳои ин ягонҳоро бо воҳидҳои низомии артишҳои имрӯзӣ ҳамсанҷӣ кунем, даҳа бо отделение, сада бо рота, ҳазора бо полк, бевара бо дивизия ва сипоҳ бо армия баробар мешаванд. Бо ҳамин қиёс, даҳбад бо сержант ё старшина, садбад бо лейтенант ё капитан, ҳазорбад бо майор ё полковник, беварбад бо генерал-майор ё генерал-лейтенант ва сипаҳбад бо генерал-полковник ё генерали артиш баробар мешаванд.

  1. Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2011. — Т. 4 (i—k). — 416 с. — 800 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 978-5-02-036478-3. (в пер.). — стр. 389—391
  2. Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
  3. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-55-2. ҷ. 1, с. 162.
  4. 4.0 4.1 W. Hinz, Altiranisches Sprachgut der Nebenüberlieferungen, Wiesbaden, 1975.
  5. 5.0 5.1 J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896.
  6. Шаҳбозӣ, Алиризо Шопур. Ҷанг дар Эрони бостон // Ҷусторҳои эроншиносӣ. Теҳрон: Китоби марҷаъ, 1391. – саҳ. 55 – 95