Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Сарвашт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сарвашт
Сардӯшии сарвашт дар Нерӯи заминӣ Сардӯшии сарвашт дар Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: سروشت‎
Кишвар  Tajikistan
Дараҷаи болотар Саргурд
Дараҷаи пойинтар Таҳмабон
Ҳамто

Сарвашт (форсӣ: سروشت‎) — дараҷае афсарӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз таҳмабон ва пойинтар аз саргурд дорад ва баробар бо новсарвон дар нерӯи дарёӣ аст[2].

Размпоягон
кеҳтар:
Таҳмабон

Сарвашт
меҳтар:
Саргурд

Мақоми созмонии сарвашт дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан фармондеҳи вашт (гурӯҳон[3], рота[4]) аст, ки он якони тактикиест, ки аз ду ё бештар таҳма ташкил шуда ва бахше аз гурдон ё яконе ҷудогона аст.

«Сарвашт» ‘фармондеҳи вашт’ бо равиши вожасозии таркиб аз ду исм сохта шудаву мақулаи дастурии он исм ва сохтвожааш [исм (сар) + исм (вашт)] аст:

сар ‘саркарда, сардор’[5] (порсии миёна: sar- < порсии бостон: sarah-) + вашт (порсии миёна: wašt ‘даста’ < паҳлавӣ: wast ‘даста – бахше аз сипоҳ’)

Сарвашт дар қиёс бо сарвон, саргурд, сарҳанг, сартип ва сарлашкар сохта шудааст, ки аз дараҷаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳастанд[1]. Фирдавсӣ сарҳангро дар «Шоҳнома» овардааст:

Набояд ки аз кордорони ман,
Зи сарҳангу ҷангӣ саворони ман.
Бихуспад касе дил пур аз орзӯй,
Гар аз банда, гар мардуми некхӯй[6].

дар Эронзамин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарвашт ҳамчун мақоми фармондеҳӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву садабад (порсии бостон: *θata-pati-) ном дошт, ки фармондеҳи сада (порсии бостон: *θata-) буд[7]. Ҳар сада аз 10 даҳа (порсии бостон: *daθa-) ташкил мешуд ва 100 сарбозро дар бар мегирифт.

Сада дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224 милодӣ), ки созмони бахшбандии даҳгонии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба ирс бурда буд[8], васт (паҳлавӣ: wast) ном гирифта ва фармондеҳи он вастсолор (паҳлавӣ: wast-sālār) хонда мешуд[9].

Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651 милодӣ) низ ҳамин бахшбандӣ ба кор мерафта, вале ин якон вашт (порсии миёна: wašt) хонда мешудаву 500 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳаш ваштсолор (порсии миёна: wašt-sālār) номида мешудааст[10].

Дар сипоҳи аморати Бухоро фармондеҳи даста, ки 100 сарбозро дар бар мегирифт, юзбошӣ (форсӣ: یوزباشی‎ < туркӣ: jüzbaši «сардори сад лашкарӣ») номида мешуд[11]. Ин мансаб дар сипоҳи Эрон дар замони подшоҳии дудмонҳои Сафавӣ, Афшор, Занд ва Қоҷор низ вуҷуд дошт ва дар солҳои поёнии подшоҳии Қоҷориён дар паи ислоҳоти низомӣ ба рутба табдил ёфт ва султон (ар. سلطان‎) номида шуд. Ин рутба 25 майи соли 1935 бо таъйиду тасвиби Фарҳангистони забон бо дараҷаи низомии «сарвон» ҷойгузин шуд[12].

Ҳамакнун «сарвон» дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дараҷае баробар бо «капитан» (аз фр. capitaine < лот. capitaneus «сардор, саркарда») дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст[13], ки 22 сентябри соли 1935 дар Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ ҷорӣ шуда буд.

Дар миёни кишварҳои урупои дараҷаи капитан (фр. capitaine < лот. capitaneus «сардор, саркарда») нахустин бор дар садаи XIV дар Фаронса барои фармондеҳони минтақаҳои низомӣ ба кор гирифта шудааст. Аз соли 1558 афсаронеро, ки фармондеҳи вашт буданд, капитан ном гирифтанд ва фармондеҳони минтақаҳои низомӣ генерал-капитан хонда шуданд.

​Корбурди муосир

[вироиш | вироиши манбаъ]

​Дар нерӯҳои мусаллаҳи имрӯзӣ, сарвашт маъмулан фармондеҳ ё ҷонишини фармондеҳи вашт ё оташбор (дар нерӯҳои савораразмии Иёлоти Муттаҳида ё саворони Кишварҳои ҳамсуд) аст. Дар Артиши озодибахши халқи Чин сарвашт метавонад фармондеҳи вашт ё ҷонишини фармондеҳи гурдон бошад.

​Дар бархе аз артишҳо, ба монанди нерӯҳои заминӣ ва ҳавоии ИМА ва Бритониё, сарвашт дараҷаи аввалия барои довталабони афсарие аст, ки мадраки касбӣ (пизишкон, дорусозон ва ҳуқуқшиносон) доранд.

​Дараҷаи англ. captain (сарвашт) дар артиш набояд бо дараҷаи captain дар нерӯи дарёӣ (новсарвон) ё дараҷаи англ. group captain дар нерӯи ҳавоӣ иштибоҳ гирифта шавад, зеро иинҳо дараҷа ҳамтои сарҳанг (англ. colonel) дар артиш ҳастанд.

Ному нишони сарвашт дар нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ҷаҳон

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 1 2 Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 171; 428. — 655 с. — 3 500 экз.
  2. ↑ Сипаҳбад Муҳаммад Козимӣ. Фарҳанги вожаҳои низомӣ. – Теҳрон: Чопхонаи Артиши шоҳаншоҳӣ, 1355 (чопи дувум) – 440 саҳ. — с. 198. 15 августи 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 июли 2023.
  3. ↑ Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 5 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  4. ↑ Коллектив авторов. Том 7, статья «Рота» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2003. — С. 282-283. — 735 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-001874-X.
  5. ↑ Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо. – Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо, Муассисаи интишороту чопи Донишгоҳи Теҳрон, Эрон: Табаъаи “Ҷадид”, 1399 – 15 ҷ. ISBN 964-03-9617-6. 28 августи 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 августи 2024.
  6. ↑ Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 7. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5.
  7. ↑ W. Hinz, Altiranisches Sprachgut der Nebenüberlieferungen, Wiesbaden, 1975, p. 87
  8. ↑ Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  9. ↑ Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7. 5 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2021.
  10. ↑ Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  11. ↑ Троицкая А. Л. Военное дело в Бухаре в первой половине XIX в. // Труды АН Тадж. ССР. Т. 17. с. 213
  12. ↑ Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314—1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 38. 13 июли 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.
  13. ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»(пайванди дастнорас)
  14. ↑ Defense Logistics Agency. Insignia, Rank, Lieutenant, U.S. Navy and Captain, U.S. Marine Corps. Quick Search Assist. Building 4/D, 700 Robbins Avenue, Philadelphia, PA 19111-5094: DLA Document Services (27 May 2016). 19 май 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 май 2022.