Тамара Абдушукурова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тамара Абдушукурова
Тамара Махсумовна Абдушукурова
Таърихи таваллуд 1940
Зодгоҳ Ғарм
Пеша ҳунарпеша

Тамара Абдушукурова - ҳунарпеша ва коргардони театр, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1970), омӯзгор, профессор, ходими давлатӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Тамара Абдушукурова 24 августи соли 1940 дар деҳаи Шулмаки Ғарми ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1956 баъд аз ғолиб баромадан дар озмуни ҷавонони ҳаваскор бо роҳхати Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон ба курси 2 студияи тоҷикии Донишкадаи санъати театрии ба номи Луначарский Москва (ГИТИС) дохил шуда соли 1960 онро хатм намудааст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдушукурова дар саҳнаи театр асосан роли занони қавиирода, тавоно ва боиффатро бо маҳорати баланд бозидааст. Беҳтарин ролҳои офаридааш: Смералдино («Шоҳ Гавазн»-и К. Готси), Варя («Ҷавоне аз шаҳри мо»-и К. Симонов), Бунафша («Деҳотӣ»-и М. Иброҳимбеков), Нозӣ («Дуэл»-и М. Байҷиев), Мавҷуда («Иродаи зан»-иА. Сидқӣ) ва ғ. Чандин асари саҳнавӣ – «Никоҳи мунтахаб»-и К. Голдони, «Ёрони маҳбуб»-и А. Баҳорӣ, «Беҷиҳоз»-и А. Островский, «Зангирӣ»-и Н. Гогол ва ғ.-ро таҳия намудааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо медали «Барои меҳнати шоён» ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Абдушукурова Тамара Махсумовна //Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. - Душанбе, 1988, ҷ. 1.- С.26.
  2. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 1. А-АСОС – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2012- с. ?