Фарҳоди Карим
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Фарҳод |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 9 март 1958 |
Зодгоҳ: | деҳаи Кулолии ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт: | 3 апрел 2019 (61 сол) |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Солҳои эҷод: | 1982 — 2019 |
Самт: | реализм |
Жанр: | очерк, публитсистика |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: | Ордени «Шараф», Ордени «Шараф ва мардонагӣ»-и Бунёди фарҳангии «Честь и мужество»-и ш. Санкт-Петербург, Нишонҳои «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» |
Фарҳоди Карим (9 марти 1953, Панҷакент — 3 апрели 2019[1], Душанбе) — нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2011).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фарҳоди Карим 9 марти соли 1958 дар деҳаи Кулолии ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1975 мактаби миёнаи № 7-ро ба фарҷом расонда, ҳамон сол донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ш. Ҷӯраев шудааст ва соли 1980 соҳиби дипломи маълумоти олӣ гардидааст. Солҳои 1980—1981 муаллими мактаби миёнаи № 148 ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ), солҳои 1981—1990 муҳаррир ва баъдан, муҳаррири калони илмии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, сипас, аз моҳи майи соли 1990 то апрели 2009 муовини директори Муассисаи нашриявии «Адиб» будааст. Ҳоло вазифаи директории ҳамин корхонаро бар уҳда дорад. Дар ҷилдҳои 5-6-уми Энсиклопедияи советии тоҷик дар боби адабиёт ва санъат силсилаи мақолаҳояш интишор ёфтаанд. Дар таҳия ва чопи «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (дар се ҷилд; 1988—2004) ширкат варзида, барои он мақолаҳои зиёде навиштааст. Аз соли 2003 раиси Ассотсиатсияи ноширон, полиграфистон ва паҳнкунандагони китоби Тоҷикистон мебошад. Узви Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистон, Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст. Соли 2011 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи китобҳои «Фурӯғи сухан», «Олимақом», «Нашриёт, китоб, хонанда», «Иҷлосияи тақдирсози миллат» (ҳамроҳи Усмонҷон Ғаффоров, 2012) ва «Чеҳраафрӯзи илму адаб» мебошад. Китоби дарсии «Санъати тасвирӣ» (барои хонандагони синфи панҷум)- ро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Аслан ба навиштани очерку публитсистика машғул мебошад. Силсилаи очеркҳояш дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Омӯзгор», «Адабиёт ва санъат» пайваста чоп мешаванд, ки «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад», «Ёдгори зиндагии некмард», «Давлатқадаме, ки қадамаш нек бувад» ва ғ. аз он ҷумлаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ордени «Шараф» (1999);
- Ордени «Шараф ва мардонагӣ»-и Бунёди фарҳангии «Честь и мужество»-и ш. Санкт-Петербург;
- Нишони фахрии «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Ифтихорномаҳо.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ДАРГУЗАШТИ НОШИРИ МАЪРУФИ ТОҶИК ФАРҲОДИ КАРИМ. akhbor.com. 5 апрели 2019 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 52 — 53 ISBN 978-99947-2-379-9
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 9 март
- Зодагони соли 1958
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Панҷакент
- Даргузаштагони 3 апрел
- Даргузаштагони соли 2019
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрии байналмилалӣ аз Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон