Jump to content

Хайриддин Усмонзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Хайриддин Идиев)
Хайриддин Усмонзода
Ном ба ҳангоми таваллуд: Хайриддин Идиев
Таърихи таваллуд: 19 сентябр 1970(1970-09-19) (54 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Варзоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии Латвия
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ: профессор
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Усмонзода Хайриддин Усмондоктори илмҳои фалсафа, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Усмонзода Хайриддин Усмон Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Латвияро хатм кардааст. Дар вазифаҳои ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (солҳои 1993—1994), аспиранти Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1994—1997), омӯзгори калони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (солҳои 1996—2000), дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (солҳои 2000—2005), мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (солҳои 2005—2015), ҷонишини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2015—2017) ифои вазифа намудааст. Аз моҳи марти соли 2017 то январи 2020 дар вазифаи ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кор кардааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Усмонзода Хайриддин Усмон таҳқиқоти илмии худро дар самти тағйирёбиҳои иҷтимоӣ, ки яке аз бахшҳои муҳими фалсафаи иҷтимоӣ мебошад, вусъат мебахшад. Монография ва дастурҳои методии ӯ, аз ҷумла «Транформирующиеся таджикское общество» (Душанбе, «Ирфон», 2004), «Традиция и новация в контексте изменения общественной жизни Таджикистана» (Душанбе, «Ирфон», 2007), «Фалсафа» (Душанбе, «Ирфон», 2011), «Таърихи фалсафа» (Душанбе, «Собириён», 2011), «Фалсафаи илм» (Душанбе, «Деваштич», 2011), «Фалсафаи иҷтимоӣ» (Душанбе, «Дониш», 2013), «Тоҷикистон дар масири тағйироти иҷтимоӣ» (Душанбе, «Дониш», 2016), «Андешаҳои иҷтимоию сиёсии Абубакр Закариёи Розӣ» (Душанбе, «Дониш», 2016) сазовори баҳои баланди пажӯҳишгарон ва мутахассисони соҳа гардидаанд. Дар маҷмӯъ, ба қалами ин олими шинохтаи тоҷик 6 монография, 6 китоби дарсӣ ва зиёда аз 60 мақолаи илмӣ тааллуқ доранд. Дар тӯли фаъолияти 25 — солаи хеш на танҳо дар тарбия ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи ҷомеашиносӣ, балки дар пешрафти илми иҷтимоишиносии тоҷик саҳми чашмрас гузоштааст. Таҳти роҳбарии ӯ 11 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд. Усмонзода Хайриддин Усмон дар конфронс, симпозиумҳои ватанӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, маърӯзаҳои илмӣ намудааст.

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.[1]

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]