Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Хайриддин Усмонзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Усмонзода Хайриддин Усмон
Ном ҳангоми таваллуд Хайриддин Идиев
Таърихи таваллуд 19 сентябри 1967(1967-09-19) (58 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Варзоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Навъи фаъолият вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳсилот Донишгоҳи давлатии Латвия
Унвонҳои илмӣ профессор
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Усмонзода Хайриддин Усмон (Идиев Хайриддин Усмонович; зод. 15 сентябри 1967, Душанбе) — файласуф, доктори илмҳои фалсафа (2005), профессор (2011), узви вобастаи АМИТ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хайриддин Усмонзода соли 1993 Донишгоҳи давлатии Латвияро хатм кардааст. Дар вазифаҳои ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (1993—1994), аспиранти Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994—1997), омӯзгори калони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (1996—2000), дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (2000—2005), мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (солҳои 2005—2015), ҷонишини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015—2017) ифои вазифа намудааст. Аз моҳи марти соли 2017 то январи 2020 дар вазифаи ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кор карда, ҳамзамон сармуҳаррири маҷалаи илмии «Фарҳанг ва санъат» буд.

Хайриддин Усмонзода бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022 директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шудааст[1].

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хайриддин Усмонзода дар самти тағйирёбиҳои иҷтимоӣ, ки яке аз бахшҳои муҳимми фалсафаи иҷтимоӣ мебошад, таҳқиқоти илмӣ мебарад. Дар мавзӯъҳои «Техника ҳамчун падидаи фарҳангӣ» рисолаи номзадӣ (1999) ва «Ҷанбаъҳои иҷтимоию фарҳангии равандҳои трансформатсионӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик» рисолаи докторӣ (2005) ҳимоя кардааст.

Муаллифи беш аз 10 китобу рисола ва зиёда аз 65 мақолаи илмӣ оид ба ҷомеашиносӣ, фарҳангшиносӣ, таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ буда, ба омӯзиши падидаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи муосири Тоҷикистон, таърихи фалсафаи тоҷик ва афкори иҷтимоӣ-сиёсии мутафаккирони Шарқ машғул аст.

Таҳти роҳбарии Хайриддин Усмонзода 4 нафар рисолаи докторӣ, 15 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд. Ӯ дар конференсияву симпозиумҳои ватанию байналмилалӣ ширкат ва маърӯзаҳои илмӣ кардааст.

Вакилӣ дар порлумон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хайриддин Усмонзода 1 марти соли 2020 аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Рӯдакӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд[2][3].

  • Некоторые философские аспекты техники. Д., 1996;
  • Культурология. Д., 2000;
  • Трансформирующаяся таджикское общество. Д., 2004;
  • Традиция и новация в контексте изменения общественной жизни Таджикистана. Д., 2007;
  • Фалсафаи иҷтимоӣ. Д., 2013;
  • Тоҷикистон дар масири тағйироти иҷтимоӣ. Д., 2016.