Шамсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шамсия
Шамсия
Санаи таваллуд:

30 ноябр 1980(1980-11-30)

Зодгоҳ:

Панҷакент

Санаи марг:

15 апрел 2000(2000-04-15) (19 сол)

Маҳалли марг:

Душанбе

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Навъи фаъолият:

нависанда тарҷумон

Жанр:

ҳикоя, қисса

Забони осор:

забони тоҷикӣ

Ҷоизаҳо:

Ҷойизаи байналмилалии «Истеъдоди нодир», Ҷойизаи Ҷойизаи байналмилалии «Истеъдоди нодир»

Шамсия — нависанда, тарҷумон дорандаи Ҷойизаи байналмилалии «Истеъдоди нодир» ва Ҷойизаи байналмилалии «Истеъдоди нодир»

Зиндагинома[вироиш]

Шамсия 30 ноябри соли 1980 дар шаҳри Панҷакент, дар хонадони нависанда Абдурофеъи Рабеъзод ба ҷаҳон омадааст. Таҳсилоти миёнаи ҳамагониро дар шаҳрҳои Душанбе, Самарқанд, Санкт-Петербург, Порис ва Панҷакент фаро гирифтааст. Баъдан вориди факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шуда, то замони фавти нобаҳангомаш саргарми таҳсилу тадрису эҷод будааст. Аз хурдсолӣ ба таълифи таронаву ҳикояву қисса ва тарҷума машғул гардида, дарак аз соҳиби истеъдоди Худододе буданаш додааст. 15 апрели соли 2000 аз олам даргузашт.

Эҷодиёт[вироиш]

Нахустин офаридаҳояш дар авроқи панҷ кутуби алоҳида, аз ҷумла, «Болу пар» (1994) ва «Қиссаи муҳаббат» (1995) ба табъ расидаанд. Рисолаи мусаннади муаррихи рус И. Н. Арандаренко «Зиндагиномаи Халифа — Ҳасан»-ро дар ҳамин давра аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст, ки бори аввал, соли 1994, дар Самарқанд, сипас, даҳ бор, дар Самарқанду Панҷакент ва Душанбеву Алмаато мунташир гардидааст. Китобҳои дигари ӯ «Дар соҳили зиндагӣ» (2003), «Қиссаҳои падару духтар» (2003), «Аз хокдон то кайҳон» (2003), «Фоҷиаи рӯдбори зиндагӣ» (2005), «Ман намурдаам, ай дӯст!» (2008) дар Душанбеву Хуҷанд интишор ёфтаанд. Китоби аз фаронсавӣ ба тоҷикӣ баргардондаи ӯ «Водии бахт» соли 2006 аз дасти чоп берун омадааст. Куллиёти осораш дар ҳаҷми беш аз ҳазор саҳифа омодаи нашр аст. Иддае аз офаридаҳояш ба забонҳои русӣ, фаронсавӣ, инглисӣ, ӯзбекӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд.

Мукофот[вироиш]

  • Ҷойизаи байналмилалии «Истеъдоди нодир»;
  • Ҷойизаи Кумитаи ҷавонони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.[1]

Сарчашма[вироиш]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.290 — 291 ISBN 978-99947-2-379-9