Jump to content

Шаҳраки Киров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷамоат
Шаҳраки Киров
Кишвар  [[|]]
Тобеъи Ноҳияи Вахш
Шомили 1 шаҳрак ва 20 деҳа
Маркази маъмурӣ Киров
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 35 698 нафар (2017)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон +992 3264
Нишонаи почта 735140
Домени интернет .tj
Коди мошинҳо 03 TJ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Шаҳраки Киров  — ҷамоати шаҳрак дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлони Тоҷикистон.

Ҷамоати шаҳраки Киров 16 апрели соли 1938 ташкил ёфтааст[1].

Шаҳрак ва деҳаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамоат аз 15 кӯча, 20 деҳа ва 5 506 хоҷагӣ иборат мебошад[1].

Шаҳрак
Деҳаҳо

Ботуробод, Қизилсой, Қӯштеппа, Ленин, Мардатсой, Навобод, Октябр, Оқгаза, Оқтеппа, Рӯзобод, Теппалик, Тоҷикистон, 8 Март, Ҳосилобод, Чоргултеппа, Шаршара, Шӯртеппа, Янгиариқ, Янгиёр, Янги Ҳаёт

Дар ҳудуди ҷамоати шаҳрак шумораи 40 590 нафар аҳолӣ, аз ҷумла 20 538 мард, 20 052 зан истиқомат мекунанд[1].

Маориф ва фарҳанг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Киров ду адад боғчаи бачагонаи доимоамалкунанда фаъолият мекунанд. Дар боғчаи №5, ки роҳбараш Мастона Султонова мебошад, 64 нафар кӯдак ва дар боғчаи №6, ки роҳбараш Шаҳноза Хоҷаева мебошад, 68 нафар кӯдак тарбия мегирад.

Иншоотҳои фарҳангӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Киров 5 адад мебошанд. Аз ҷумла, китобхона 4 адад, маркази ҷавонон 1 адад мавҷуд аст[1].

Дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Киров 1 беморхонаи марказии №3, 12 бунгоҳи тиббӣ фаъолият доранд. Коркунони тиббӣ дар ҷамоат ҳамагӣ 65 нафар, аз инҳо 5 нафар бо маълумоти олӣ, 31 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси тиббӣ, 28 нафар коркунони техникӣ ва фаррошон мебошанд[1].