Бӯстон (деҳа, н. Вахш)
Jump to navigation
Jump to search
Деҳа | |
---|---|
Бӯстон | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Вахш |
Ҷамоат | Деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 1622 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3246 |
Нишонаи почта | 735140 |
Коди мошин | TJ03 |
Бӯстон — деҳа дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш. Аз Б. то маркази ноҳия 6 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 1538 нафар (2013). Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти умумии асосии деҳаи Ҳаёти Нав таҳсил мекунанд. Б. бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ ва боғу токдорӣ. Заминҳо аз д. Вахш ба воситаи наҳр обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Б. 30 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, хоҷагии деҳқонии «Бӯстон» ва хоҷагии тухмипарварии «Кӯлоб» мавҷуд аст. Деҳа то соли 1985 як теппаи баланди ноободе буда, бо ташаббуси собиқ раиси к-зи «Москва» Саломов Абдулаҳад обод гардид ва Б. ном гирифт.
Сарчашма[вироиш]
- Бӯстон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2