Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зафаробод (деҳа, н. Вахш)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зафаробод
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Вахш
Ҷамоат Деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 908 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3246
Нишонаи почта 735140

Зафарободдеҳа дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш.

Аз Зафаробод то маркази ҷамоат 12 км, то маркази ноҳия (шаҳраки Вахш) 16 км, то маркази вилоят (ш. Бохтар) 35 км. Аҳолиаш 908 нафар (2017), тоҷикон. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Давлаталӣ Зардов ва Зархез таҳсил мекунанд. Деҳа масҷиди панҷвақта ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи наҳр аз рӯди Вахш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 30 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.