Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарбдор (деҳа, н. Вахш)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зарбдор
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Вахш
Ҷамоат Деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 840 тан (2016)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3246
Нишонаи почта 735140

Зарбдор — деҳа дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш. Аз Зарбдор то маркази ҷамоат 7 км, то маркази ноҳия 11 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 840 нафар (2016), тоҷикон.

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, осиёби барқӣ ва 1 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи пойгоҳи обкашӣ аз рӯди Вахш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 20 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.