Виён (деҳа, н. Вахш)
Зоҳир
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Вахш |
Ҷамоат | Деҳоти Ваҳдат |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 580 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3246 |
Нишонаи почта | 735140 |
Виён — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш. Аз Виён то маркази ҷамоат 11 км, то маркази ноҳия 25 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 800 нафар (2013)[1] ва 580 нафар (2017)[2], тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорухона, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди ҷомеъ, нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Хонандагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Виёни ноҳияи Бохтар, ки бо Виён ҳамшафат аст, таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд[1].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Виён соли 1967 таъсис ёфта, аҳолиаш аз ноҳияи Фархор ва деҳаи Виёни ноҳияи Бохтар кӯчида, дар ҳайати савхози «Вахш» (минбаъд «Дӯстӣ») кор кардаанд. Ҳоло дар ҳудуди Виён 12 хоҷагии деҳқонии хурд мавҷуданд[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Виён // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2