Ёқуб Сабзанов
Яхиэл Сабзанов | |
Таърихи таваллуд | 20 феврал 1929 |
Зодгоҳ | Душанбе ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 11 сентябр 2013 (84 сол) |
Маҳалли даргузашт | Ню-Йорк, ИМА |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Ҷоизаҳо | Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1976) |
Ёқуб Сабзанов (20 феврали 1929, Самарқанд — 11 сентябри 2013, Ню-Йорк, ИМА) — оҳангсози Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1976), Узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (1956).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Омӯзгори Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе (1949). Cоли 1955 Консерваторияи давлатии Тошкандро хатм кардааст. Ӯ баъди хатми таҳсил ба Тоҷикистон баргашт ва то замони муҳоҷираташ ба Амрико дар соли 1992 тайи 37 сол дар муассисаҳои фарҳангии кишвар кор кардааст. Солҳои 1955—1959 ва 1973—1979 омӯзгори Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе, 1959—1963 — муҳаррири сарредаксияи мусиқии ТВ Тоҷикистон, 1963—1968 муҳаррири колегияи репертуарии Вазорати маданияти Тоҷикистон, 1968—1973 роҳбари бадеии коллективҳои бадеии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон. Аз соли 1973 то 1991 мудири кафедраи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода. Я Сабзанов аз соли 1992 дар шаҳри Ню-Йорк (ИМА) истиқомат мекард.[1].
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Таронаҳои «Аз қадат гардам», «Шаҳри ман», «Тӯёна», «Ишқ» ва «Ба дилбар»-и Ёқуб Сабзанов дар иҷрои ситораҳои шуҳратёре чун Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, Шоиста Муллоҷонова, Борис Наматиев ва Рафаэл Толмасов хазинаи тилоии радио ва телевизиони Тоҷикистонро зиннат медиҳанд. Операи «Бозгашт» бар пояи достони Аминҷон Шукӯҳӣ (соли 1967), «Имтиҳон» (бар пояи намоишномаи Файзуллоҳ Ансорӣ), ораторияи «Нурҳои Норак» (1970), достонҳои симфонии «Турнаҳо», Мақом" ва «Ёди Рӯдакӣ» аз осори мусиқиест, ки аз Ёқуб Сабзанов ба ёдгор мондаанд.
Ёқуб Сабзанов бештар ҳамчун таронанавис маъруф буд. Оҳанги суруди «Ба дилбар» (шеъри Мирзо Турсунзода) аз офарилаҳои ӳст. Як таронае, ки муаррифгари доимии Ёқуб Сабзанов шуд, таронаи «Зебида туро либоси атлас» аст, ки бар пояи шеъри Мирзо Турсунзода эҷод шудааст. Ин таронаро бори аввал ҳанӯз соли 1951 Рена Ғолибова ва баъдан Шоиста Муллоҷонова иҷро карда буданд. Дар соли 2007 ремикси ин тарона, ки Сироҷиддини Фозил иҷро кард, дубора ба яке аз таронаҳои ҷаззобу шуниданӣ табдил ёфт.[2].[3] Я. Сабзанов муфассири завқманди мусиқии классики тоҷик «Шашмақом» аст. Композитор барои оркестри созҳои халқӣ як қатор асарҳо эҷод намудааст. Вай инчунин шумораи зиёди сурудҳои халқиро бомаҳорат такмил додааст. Дар эҷодиёти Я. Сабзанов мавқеи калонро мусиқии театрӣ ишғол менамоя. Вай бо Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, бо театрҳои Ленинобод (ҳоло Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С. Вализода) ва Хоруғ (ҳоло Театри мусиқӣ-драммавии ба номи М. Назарови ВМКБ) бомуваффақият ҳамкорӣ менамояд. Я. Сабзанов чандин маротиба узви Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, ду маротиба котиби масъули ин ташкилот интихоб гардидааст. Вай муаллифи дастурҳои таълимӣ, китоби «Жизнь» в музыке. Воспоминания" дар ду таҳрир (1999 ва 2006) ва як қатор мақолаҳо дар матбуоти даврӣ оид ба фарҳанги мусиқии тоҷикон мебошад.
- Асарҳои мусиқӣ-саҳнавӣ
- 1967 — «Бозгашт», опера, либретто А. Шукӯҳӣ. (барои Ӯзбекистон — матни ӯзбекии Р. Бобоҷон, барои Россия — матни русии А. Бердников). — М.: Музыка, 1978.
- Асарҳои симфонӣ:
- 1954 — Достони лирики помирӣ.
- 1955 — Консерт барои фортепиано бо оркестр. Душанбе, «Ирфон», 1986.
- 1958 — «Памяти Рудаки», симфоническая поэма. М., «Сов. композитор», 1962.
- 1961 — Симфоническая танцевальная сюита. М., «Сов. композитор», 1967.
- 1974 — «Мақом», достони симфонӣ.
- 1979 — Сюитаи рақсӣ № 2.
- Асарҳои вокалӣ-симфонӣ
- 1974 — «Савганд», сюитаи вокалӣ-рақсӣ дар 3 қисм барои хори бачагона ва оркестри симфонӣ.
- 1976 — «Турнаҳо», слова Ф. Исхаки, поэма для голоса и оркестра. М., Музыка, 1977.
- 1982 — «Асри ман», шеъри М. Турсунзода, достони вокалӣ-симфонӣ барои баритон ва оркестр.
- Асарҳои кантата-ораторӣ
- 1956 — «Меҳри партия», слова Ф. Ансорӣ, кантата. М., Музыка, 1978.
- 1958 — «Рӯдакӣ», кантата дар 5 қисм, шеърҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ (дар ҳаммуаллифӣ бо Ф. Солиев).
- 1959 — «Салом ба партия», шеъри М. Турсунзода, кантата.
- 1970 — «Огни Нурека», стихи А. Бахори, оратория в 7-ми частях. — М., «Сов. композитор», 1978.
- 1973 — «Мо узви як хонадонем», шеъри Б. Раҳимзода, кантата.
- 1975 — «Ба партия», шеъри Б. Раҳимзода, кантата.
- 1978 — «Комсомоли ленинӣ», шеъри М. Миршакар, кантата иборат аз 3 қисм.
- 1980 — «Коммунист», шеъри Лоик, кантата.
- 1982 — «Ҷашни фирӯзӣ» ба шеъри А. Сидқӣ, кантата.
- 1984 — «Бахти рангин» ба шеъри Лоиқ, кантата.
- 1986 — «Мо ба кори Ленину партия содиқем», шеъри Ф. Исҳоқӣ, Б. Фаррух, кантата.
- 1987 — «Духтари Октябр», шеъри А. Лоҳутӣ, кантата.
- ;Асарҳо барои оркестри созҳои халқӣ:
- 1962 — Рақс.
- 1963 — Сюита иборат аз 4 қисм.
- 1973 — Марш.
- 1974 — Фантазия барои чанг бо оркестр(Оҳангҳои Улмасов).
- 1973 — Сюита иборат аз 3 қисм.
- ;Асарҳои камеравӣ — созӣ:
- 1984 — Ду рақс барои ғиҷҷак. Душанбе, «Ирфон», 1963.
- 1952 — Суруд — достон барои виолончел ва фортепиано.
- 1953 — Квартети торӣ.
- 1978 — «Помири лирикӣ», пйеса барои ансамбли скрипканавозон.
- 1983 — «Сюитаи тоҷикӣ», барои дуто рва фортепиано.
- 1983 — Албоми бачагона барои фортепиано.
- Мусиқӣ ба намоишномаҳои театрӣ
- «Саодат», пйесаи С. Саидмуродов ва Л. Рабиев.
- «Дохунда», пйесаи Ҷ. Икромӣ.
- «Туфон», пйесаи Ғ. Абдуллова Ш. Қиёмов.
- «Рӯдакӣ», пйесаи С. Улуғзода (дар ҳаммуаллифӣ бо Ш. Соҳибов).
- «Темурмалик», пйесаи С. Улуғзода.
- «Барои Ватан», пйесаи С. Сафаров.
- «Лаҳзаи ҷовидон», пйесаи М. Бахтӣ.
- «Именем революции», пйесаи М. Шатров.
- Мусиқӣ бо мазҳакаҳои мусиқӣ
- 1956 — «Чинори гӯё», пйесаи Б. Раҳимзода.
- 1957 — «Имтиҳон», пйесаи Ф. Ансорӣ.
- 1964 — «Иҷоранишин», пйесаи Ф. Ансорӣ.
- 1968 — «Арӯси гулбӯй, домоди хушрӯй», пйесаи А. Сидқӣ.
- 1973 — «Шаҳло», пйесаи А. Шукӯҳӣ ва Ҳ Аскар, дар ҳаммуаллифӣ бо О. Назаров.
- 1983 — «Баъди имтиҳон», пйесаи Ф. Ансорӣ.[4].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ёқуб Сабзанов барои меҳнати пурсамараш бо унвонҳои ифтихории
- Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1976)
- бо Ифтхонома фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, сарфароз гардонида шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, с. 113
- ↑ — Фараж
- ↑ Ёқуб Сабзанов(тоҷ.). faraj.tj. 9 марти 2019 санҷида шуд.
- ↑ Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 20 феврал
- Зодагони соли 1929
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Даргузаштагони 11 сентябр
- Даргузаштагони соли 2013
- Даргузаштагони шаҳри Ню-Йорк
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Оҳангсозони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон