Нурсултон
Шаҳр | |||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Нурсултон қазоқӣ. Нұр-Сұлтан | |||||||||
| |||||||||
|
|||||||||
Кишвар | Қазоқистон | ||||||||
Координатаҳо | 51°08′00″ а. шим. 26°54′00″ т. ш.HGЯO | ||||||||
Ҳаким | Исекешев Асет Орентаевич | ||||||||
Таъсис | 1830 | ||||||||
Номҳои пешина | Акмолинск (то 1961), Селиноград (1961—1992), Акмола (1992—1998), Остона (1998—2019) | ||||||||
Аҳолӣ | ▲1 078 362[1] нафар (2019) | ||||||||
Ҳайати динӣ | мусалмонон, насрониён | ||||||||
Вақти минтақавӣ | UTC+6 | ||||||||
Коди телефон | +7 7172 | ||||||||
Нишонаҳои почта | 010000 | ||||||||
Коди мошин | A, 02 | ||||||||
Сайти расмӣ |
astana.kz (тоҷ.)(рус.)(англ.) |
||||||||
Нурсулто́н (қазоқӣ. Нұр-Сұлтан[2]) (пештара Акмо́линск, Селиногра́д, Акмола́, Остона́) — пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон[3] аз 10 декабр соли 1997.
Ҷуғрофиё[вироиш]
Дар соҳили дарёи Ишим (Есил) ҷой гирифтааст. Аҳолиаш 697257 нафар (январи 2011). Остона роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард, аэропорти байналмилалӣ дорад.
Таърих[вироиш]
Соли 1824 чун истеҳкоми ҳарбии сари роҳи Ишим ба вуҷуд омадааст. Аз соли 1832 шаҳр, баъд марказҳои уезд (1868—1920), губерния (1920-28) ва округи Акмолинск (1928-30); дертар маркази ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ (1930-32), вилоятҳои Қарағанда (1932—1939), Акмолинск (1939—1960), Кишвари навкорам (1960—1965) ва Селиноград (1965—1992).
Иқтисод[вироиш]
Остона маркази саноатии мамлакат аст. Дар он мошинсозӣ (мошинҳои кишоварзӣ ва нақлиётӣ), саноати сабук ва хӯрокворӣ тараққӣ кардааст. Аз соли 1997 дар Остона на минтақаи махсуси иқтисодӣ фаъол аст.
Маориф ва фарҳанг[вироиш]
Дар Остона 18 мактаби олӣ (аз ҷумла Донишгоҳи авроси (аврупо-осиёӣ)-и ба номи Л. Н. Гумилёв, донишгоҳи кишоварзӣ, академияи идоракунии давлатӣ ва академияи дипломатӣ); театри опера ва балет, театри драмаи русӣ, осорхонаҳои кишваршиносӣ, санъати муосир ва осорхонаи нависанда С. Сейфуллин фаъолият доранд.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Об изменении численности населения Республики Казахстан с начала 2018 года до 1 января 2019 года. Комитет по статистике Министерства национальной экономики Республики Казахстан. 4 феврали 2019 санҷида шуд.
- ↑ О переименовании города Астаны — столицы Республики Казахстан в город Нур-Султан — столицу Республики Казахстан. Akorda.kz. 23 марти 2019 санҷида шуд.
- ↑ Закон Республики Казахстан от 21 июля 2007 года № 296-III «О статусе столицы Республики Казахстан.»
Адабиёт[вироиш]
- Астана // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Новая российская энциклопедия. Т. 2. Москва, 2005.