Jump to content

Суғдсинамо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Sughdcinema)
Суғдсинамо
SUGHDCINEMA
Навъ муассисаи давлатӣ
Таъсисёбӣ 2015
Макон Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, 735700
Афроди калидӣ Муҳиддини Музаффар (директор)
Бахш синамо
Маҳсулот филмҳои ҳунариву ҳуҷҷатӣ
Сайт sughdcinema.com

Суғдсинамо (номи расмӣ: Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов») — яке аз киностудияҳои Тоҷикистон.

Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд 1 марти соли 2015 таъсис ёфта[1]

фаъолияташро расман оғоз карда, ба офаридани филмҳои ҳунариву ҳуҷҷатӣ машғул аст.

Ҳунарпешаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Филмҳои дорои ҷоиза

[вироиш | вироиши манбаъ]

Навобаста аз он ки Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» фаъолияташро нав оғоз кардааст, филмҳои офаридааш дар кинофестивалҳои байналхалқӣ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.

  • Филми кутоҳҳаҷми «Коса»: — ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар Кинофестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳ «Навсоз», ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» дар Фестивали кушоди Осиёи Миёнагӣ «Орзу» дар Лондон, ҷоизаи «Беҳтарин асари кӯтоҳ» дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои ҳунарӣ дар Стокголм, ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар ҷашнвораи «Симо»-и телевизиони «Синамо».
  • Филми ҳуҷҷатии «Духтари Сайҳун» — Шоҳҷоизаи Кинофестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳ «Навсоз», ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар байни филмҳои ҳуҷҷатӣ дар Кинофестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳ «Навсоз».
  • Филми ҳуҷҷатии «Соҳибватан» — ҷоизаи «Беҳтарин филм дар Соли ҷавонон» дар ҷашнвораи «Симо»-и телевизиони «Синамо».
  1. Баъди Қазон “Коса”-и Муҳиддини Музаффар ба Рум меравад. sputnik-tj.com. Sputnik (20 сентябри 2016).(пайванди дастнорас)
  2. Everyday. Суғдсинамо(рус.). everyday.tj. 14 марти 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  3. “Суғдсинамо” филми навашро ба навор мегирад. akhbor.com. 14 марти 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)