Ангола
República de Angola(порт.) | |||||
|
|||||
Шиор: «Virtus Unita Fortior» | |||||
Суруди миллӣ: «Ангола ба пеш!» | |||||
Санаи истиқлол | 11 ноябри соли 1975 (аз Португалия) | ||||
Забони расмӣ | португалӣ | ||||
Пойтахт | Луанда | ||||
Шаҳрҳои калонтарин | Луанда, Кабинда, Уамбо, Лубанго, Квито | ||||
Шакли ҳукумат | ҷумҳурии президентӣ[1][2] | ||||
Президент | Жуан Лоренсу | ||||
Ноиби президент | Борниту ди Соуза | ||||
Масоҳат | 22-ум дар ҷаҳон | ||||
· Ҳамагӣ | 1 246 700 км² | ||||
· % сатҳи об | номаъл. | ||||
Аҳолӣ | |||||
· Баҳо (2014) | ▲ 29 310 273[3] нафар (46-ум) | ||||
· Барӯйхатгирӣ (2014) | 25 789 024[4] нафар | ||||
· Зичӣ | 20,69 наф./км² | ||||
ММД (БҚХ) | |||||
· Ҳамагӣ (2016) | $194,055 миллиард долл. | ||||
· ба сари аҳолӣ | $7 501 долл. | ||||
ШРИ (2015) | ▲ 0,532[5] (паст; 149-ум ҷой) | ||||
Воҳиди пул | Кванзаи Ангола | ||||
Интернет-домен | .ao | ||||
Рамзи ISO | AO | ||||
Рамзи КБО | ANG | ||||
Пешшумораи телефон | +244 | ||||
Минтақаи замонӣ | +1 |
Анго́ла (португалӣ: Angola), номи расмӣ —Ҷумҳури́и Анго́ла[1] (португалӣ: República de Angola ʁɛˈpublikɐ dɨ ɐ̃ˈɡɔlɐ) — давлат дар ҷанубу ғарбии Африқо, дар соҳили Уқёнуси Атлантик. Дар шимолу шарқ бо Ҷумҳурии Демократии Конго (ҶДК), дар шимол бо Ҷумҳурии Конго, дар ҷануб бо Намибия, дар шарқ бо Замбия ҳамсарҳад аст. Як қисми заминаш бо номи музофоти Кабинда дар шакли анклав байни сарҳади Ҷумҳурии Конго ва ҶДК ҷойгир аст. Масоҳаташ 1246,7 ҳазор км2. Аҳолиаш 13,1 млн нафар (2010). Пойтахташ – шаҳри Луанда. Иди миллӣ – Рӯзи истиқлол (11 ноябр). Воҳиди пулӣ – кванза.
Сохти давлатӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ангола – республикаи президентӣ. Конститутсияи амалкунанда соли 1992 қабул шудааст. Сардори давлат – Президент, ки бо раъйпурсии умумихалқӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад. Ҳукуматро ноиби Президент сарварӣ мекунад. Мақоми олии қонунбарор – Маҷлиси Миллии якпалатагӣ (220 намоянда дорад, ки ба муҳлати 4 сол интихоб мешаванд). Мақоми олии судӣ – Суди олӣ, ки Президент таъйин мекунад. Ангола узви СММ, Иттиҳоди ягонагии Африка ва ғ. мебошад.
Бахшбандии кишварӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ангола аз 18 провинсия (португалӣ: província — устон, музофот) иборат аст, ки ҳар кадоми он, дар навбати худ, ба 157 мунисипалитет (португалӣ: município — шаҳрдорӣ) тақсим шудаанд.
№ | Провинсия | Маркази маъмурӣ | Масоҳат, км² |
Аҳолӣ,[4] наф. (2014) |
Зичӣ наф./км² |
Харита |
---|---|---|---|---|---|---|
1 | Бенго | Кашито | 31 371 | 356 641 | 11,37 | |
2 | Бенгуэла | Бенгела | 31 788 | 2 231 385 | 70,20 | |
3 | Бие | Квито | 70 314 | 1 455 255 | 20,70 | |
4 | Кабинда | Кабинда | 7270 | 716 076 | 98,50 | |
5 | Квандо Кубанго | Менонге | 199 049 | 534 002 | 2,68 | |
6 | Кванзаи Шимолӣ | Ндалатандо | 24 190 | 443 386 | 18,33 | |
7 | Кванзаи Ҷанубӣ | Сумбе | 55 660 | 1 881 873 | 33,81 | |
8 | Сунене | Онджива | 89 342 | 990 087 | 11,08 | |
9 | Ҳвамбо | Уамбо | 34 274 | 2 019 555 | 58,92 | |
10 | Ҳуила | Лубанго | 75 002 | 2 497 422 | 33,30 | |
11 | Луанда | Луанда | 2418 | 6 945 386 | 2872,37 | |
12 | Луандаи Шимолӣ | Лукапа | 102 783 | 862 566 | 8,39 | |
13 | Луандаи Ҷанубӣ | Сауримо | 45 649 | 537 587 | 11,78 | |
14 | Маланже | Маланже | 97 602 | 986 363 | 10,11 | |
15 | Мошико | Луэна | 223 023 | 758 568 | 3,40 | |
16 | Намибе | Намибе | 58 137 | 495 326 | 8,52 | |
17 | Уиге | Уиже | 58 698 | 1 483 118 | 25,27 | |
18 | Зайир | Мбанза-Конго | 40 130 | 594 428 | 14,81 | |
Ҳамагӣ | 1 246 700 | 25 789 024 | 20,69 |
Табиат
[вироиш | вироиши манбаъ]Табиати Ангола зери таъсири ҳодисаҳои геологӣ ва уқёнус аз қадим боз тағйироти зиёдеро аз сар гузарондааст. Қисми зиёди (бештар аз 90%) ҳудуди Ангола паҳнкӯҳест (баландиаш зиёда аз 1000 м), ки ба сӯи Ғ. баланд шуда (кӯҳи Моко, 2620 м), дар Ш. бо пастии назди баҳр интиҳо меёбад.
Иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Иқлимаш гарм: дар ноҳияҳои марказии мамлакат – экватории муссонӣ, дар соҳили баҳр – тропикии пассатӣ. Ҳарор. миёнаи моҳи гармтарин (март ё апр.) аз 24° то 26°С, моҳи салқинтарин (июл ё авг.) аз 16 то 20°С. Боришоти солона дар ноҳияҳои марказӣ 750 – 1500 мм, дар минтақаҳои назди соҳил: Шим. 250 – 500 мм, Ҷ. 50 – 100 мм. Дарёҳои асосӣ: Касаӣ, Кванго, Кунене, Кванза, Кубанга. Дорои кӯлҳои бисёр аст.
Боронҳои дарозмуддат, обхезиҳои пайдарпай хатарҳои табиии минтақаҳои алоҳидаи Ангола мебошанд. Масоили экологии Ангола: қир шудани намудҳои биологӣ, нобуд ва кам шудани бешазорҳо (махсусан бешазорҳои тропикӣ, ки ба эрозияи хок меоварад), биёбоншавӣ, ифлосшавии манбаъҳои обу обанборҳо, норасоии оби ошомиданӣ.
Сарватҳои табиӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ангола аз ҷиҳати сарватҳои табиӣ яке аз бойтарин мамлакатҳои Африка буда, захираҳои калони нефт, алмос, ангишти сиёҳтоб, маъдани оҳан, мис, манган, инчунин боксит, фосфорит, уран, тило, намаки калий ва ғ. дорад.
Олами наботот
[вироиш | вироиши манбаъ]Олами набототи Анголаро саваннаҳо бо рустаниҳои буттаӣ ва дарахтони баргрез (дар Шим.), рустаниҳои буттаии хордор ва алафзор (Ҷ.), бешазорҳои тропикӣ ва хушки саваннагӣ (ноҳияҳои маркази кишвар), бешазори нами тропикӣ (водиҳои дарёҳо) ташкил медиҳанд. Бешаҳои камдарахт қариб 40 фоизи масоҳ. Анголаро ишғол намудаанд. Дар соҳилҳои наздибаҳрӣ дарахти нахл зиёд аст.
Олами ҳайвонот
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба олами ҳайвоноти Ангола фил, каркадан, шер, гуроз, юз, паланг, говмеш, гӯрхар, горилла, ғизол ва ғ. дохил мешаванд. Ҳудудҳои ҳифзшавандаи Ангола боғҳои миллӣ ва мамнӯъгоҳҳои зеринанд: Порту-Алешандри, Лвандо, Кисама, Камея, Миландо, Мупа, Бикуар, Мосамедшӣ ва ғ.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аксарияти аҳолии Ангола бантузабонанд. Аз европоиҳо асосан португалиягиҳо зиндагӣ мекунанд. Забони расмии давлатӣ – португалӣ. Аз забонҳои африкоии мансуби гурӯҳи банту дар Ангола амбунду (мбундуи ҷанубӣ), кимбунду (мбундуи шимолӣ), овимбунду, киконго, чокве, кваняма мавриди истифодаанд. Халқи Анголаро асосан панҷ гурӯҳи этникӣ: оримбунда ё овимбунду (37%), мбанда – амбунду (25%), баконго (13%), бунда – гокве (8%) ва кгантуэла (6%), инчунин халқиятҳои гангуэла, амбо, хереро, нханека-хумбе ва ғ. ташкил медиҳанд. Қавмҳои дурагаи африкоиву аврупоӣ (мулатҳо) 2 фоиз ва сафедпӯстон 1 фоизи аҳолианд. Қариб нисфи аҳолӣ пайрави мазҳабу динҳои анъанавии маҳаллианд; 38% католик, 15% мӯътақиди протестантизм. Аҳолии шаҳрнишин 34% (аз 3/4 он сокини Луанда). Шаҳрҳои калонаш: Уамбо (Ҳуамбо), Квито, Маланже, Бенгела, Кабинда, Лобиту.
Маълумоти таърихӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Асри 6 м. ҳудуди ҳозираи Анголаро қабилаҳои банту ишғол карданд. Дар Ангола 13 дар Шим. Ангола давлати Конго, дертар давлатҳои дигар барпо гардиданд. То вақти ба Ангола омадани экспедитсияи португалиягиҳо бо сардории Диогу Кана (1482) дар он давлатҳои тавонои Ндонго, Лунда, Баконго, Матамба ва Касанже буданд. Соли 1483 португалиягиҳо ба истилои Ангола сар карданд. Онҳо дар соҳили Ангола якчанд истеҳком ва соли 1578 шаҳри Сан-Паулу-ди-Луанда (Луандаи ҳозира)-ро бунёд намуданд. То аввали садаи XX португалиягиҳо танҳо минтақаҳои наздисоҳилиро таҳти тасарруф дош- та, барои дарунтари мамлакат даромадан ҷуръат намекарданд: ҳар як кӯшиши онҳо дучори муқобилати шадиди мардуми маҳаллӣ мегашт. Мас., соли 1620 шоҳбонуи Ндонго ва Матамба — Зинга Мбанди Нгола бо мустамликадорон муборизаи беамон мебурд. То миёнаи садаи XIX шуғли асосии португалиягиҳо ғуломфурӯшӣ (асосан ба Бразилия) буд.
Танҳо аз соли 1580 то 1680 зиёда аз 1 млн ғулом аз Ангола бурда шуд. Мувофиқи ҳисоби мутахассисони СММ дар зарфи 300 сол бо ин мақсад наздики 5 млн одам аз мамлакат бароварда шуд. Ин боиси ниҳоят кам шудани аҳолии Ангола гардид. Соли 1830 ғуломфурӯшӣ манъ шуд. Солҳои 1885 — 95 дар рафти мубориза барои тақсими мулкҳои бурунмарзӣ ҳукуматҳои Португалия, Британия, Германия ва Белгия байни ҳам якчанд шартнома баста, сарҳади Анголаро дақиқан муайян намуданд ва он мустамликаи Португалия эълон гардид. Баъди инқилоб дар Португалия (1910) дар Ангола якчанд ҷамъият ва ҳаракатҳои сиёсӣ пайдо шуданд (Лигаи Ангола, Лигаи Миллии Африка ва ғайра).
Солҳои 1950 — 60 дар Ангола се ташкилоти асосии истиқлолхоҳ нуфуз пайдо карданд, ки зимни ҳадафҳои сиёсӣ ғаразҳои этникӣ доштанд. Нахустин ҳизби сиёсӣ — Иттиҳоди мардуми Анголаро намояндаи қабилаи баконго Х. Роберто таъсис дод, ки он соли 1956 Фронти миллӣ-озодихоҳии Ангола (ФНЛА) ном гирифт. Он аз ҷониби Португалия таъқиб мешуд. Роҳбарияти ҳизб дар Заир ҷой гирифта, худро ҳукумати бадарғашудаи Ангола эълон кард. Дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ аз худи ФНЛА ташкилоти дигари мансуби қабилаи авимбундо — Иттиҳоди миллӣ баҳри истиқлоли Ангола (УНИТА) таҳти сарварии Ж. Савимбӣ ба вуҷуд омад. Соли 1956 зиёиёни чапгарои африкоӣ ва мулатҳо ташкилоти худ — Ҳаракати халқӣ барои озодкунии Ангола (МПЛА)-ро таҳти роҳбарии Агостино Нето таъсис доданд. Ин ташкилот ҳам таъқиб мешуд. Пешвоёни он ба хориҷа ҳиҷрат намуданд. МПЛА-ро СССР дастгирӣ мекард. Ташкилот аз хориҷа истода ба мубориза роҳбарӣ ва отрядҳои партизанӣ ташкил мекард. Ибт. Солҳои 70 садаи XX МПЛА 20 фоизи кишварро идора мекард. УНИТА ва ФНЛА ба давлатҳои Ғарб таваҷҷуҳ доштанд ва мехостанд бо Португалия забон як кунанд. Португалия ба ин ду ташкилот кумаки ҳарбӣ расонд ва Ангола соҳиби мақоми мухторияти маҳаллӣ шуд. Баъди сарнагун шудани ҳокимияти Салазар дар Португалия (1974), ҳукумати нав Анголаро давлати мустақил эълон карда, ба ӯ ҳуқуқи худмуайянкунӣ дод.
Январи 1975 дар шаҳри Алвори Португалия оид ба ташкил намудани ҳукумати коалитсионии давраи гузариш созишнома ба имзо расид. Аммо коалитсияи (паймони) аз МПЛА, ФНЛА ва УНИТА таъсис додашуда ба чизе муваффақ нашуд, чунки ҳар яке аз инҳо мавқеи иҷтимоию этникӣ ва ҳадафҳои хешро дошт.
Ин ихтилоф ба ҷанги гражданӣ оварда расонд, ки он 27 сол (то 2002) давом кард. 11 ноябри 1975 роҳбарияти МПЛА мамлакатро Республикаи Халқии Ангола ва Агостино Неторо президенти он эълон кард. Ду қувваи дигар инро ғасби давлат дониста ба ҳомиёни хеш рӯ оварданд. Республикаи Африқои Ҷанубӣ (РАҶ) ва Заир ба Ангола қӯшун дароварданд. Ба ин моҷаро давлатҳои бузург кашида шуданд: ИМА ФНЛА ва УНИТА-ро, СССР МПЛА-ро дастгирӣ мекарданд. Охири моҳи марти 1976 ба Ангола қӯшунҳои советӣ ва қисмҳои армияи Куба ворид шуда, қувваҳои ҳарбии РАҶ ва Заирро аз Ангола ронданд, силоҳбадастони ФНЛА ва УНИТА қисман торумор гардиданд. Ҳукумати МПЛА тамоми ширкатҳо ва корхонаҳои бузурги саноатиро миллӣ кунонд. Соли 1977 дар анҷумани якуми МПЛА бо роҳи сотсиализм рафтани Ангола ва ба ҳизб табдил ёфтани ин ҳаракати халқӣ эълон гардида, он МПЛА — Ҳизби меҳнат (ҲМ) ном гирифт.
Соли 1979, баъди марги А. Нето, сарвари МПЛА — ҲМ ва Президенти А. Ж. Э. душ Сантуш таъйин шуд. Баъди барҳам хӯрдани СССР ва бекор шудани режими апартеид, роҳбарияти МПЛА-ҲМ раванди сиёсати худро тағйир дод. Соли 1988 қӯшунҳои РАҶ ва Куба аз Ангола бароварда шуданд. Комитети марказии МПЛА-ҲМ ба «сотсиализми демократӣ» ва ба роҳ мондани иқтисодиёти махлут — ба ҳам овардани капитали давлатӣ, хусусӣ ва хориҷӣ самт гирифт.
Моҳи майи 1991 дар Лиссабон бо иштироки СММ, СССР, ИМА, Португалия ва ҳамсоядавлатҳои Ангола байни Ҳукумати Ангола ва УНИТА созишнома ба имзо расида, оид ба таъсис додани армияи ягона, озод кардани асирони ҳарбӣ, ҷорӣ намудани бисёрҳизбӣ ва интихоботи озоди парламенту президент тавофуқ ҳосил шуд. Дар мамлакат 30 ҳизб ба қайд гирифта шуд. Соли 1992 мамлакат Республикаи Ангола ном гирифт. Дар интихоботи соли 1992 Президенти Ангола душ Сантуш 49,5 % ва Савимбӣ 40,07 % овоз гирифтанд. Дар парламент низ бештари курсиҳо ба Маҷлиси Миллӣ расид. Роҳбарияти УНИТА натиҷаи интихоботро ботил бароварда, бо ин баҳона ҷанги нав оғоз кард (гарчанде ёрӣ аз ИМА ва РАҶ надид, вале конҳои алмоси Ангола дар тасарруфи Савимбӣ буд). Ин ҷанг мамлакатро ба нуқтаи ниҳоии фоҷиа расонд: аз гуруснагию сарсонӣ рӯзе ҳазор одам нобуд мешуд.
Сентябри 1993 Шӯрои Амнияти СММ ворид кардани аслиҳа ва маҳсулоти нефтиро барои УНИТА манъ кард ва февр. 1995 ба Ангола қӯшунҳои сулҳдӯстонаи хешро (7 ҳазор нафар) ворид намуд. Муддате мусолиҳаи миллӣ ба даст омад. Аммо охири соли 1998 Савимбӣ зидди ҳукумати қонунӣ боз амалиёти ҳарбӣ сар кард.
Баъди марги Савимбӣ (февр. 2002) дар Луанда 4 апр. 2002 оид ба оштии ҳукумати мамлакат бо ташкилоти шӯришгари УНИТА созишнома ба имзо расид. Пешвои нави УНИТА Лакумба эълон кард, ки ташкилот ба мақоми оппозитсияи легалӣ мегузарад ва минбаъд талабҳояшро бо воситаҳои сиёсӣ ҳал мекунад.
Иқтисодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Асоси иқтисоди Анголаро истихроҷу коркарди саноатии маъдани кӯҳӣ ташкил медиҳад. Коркарди маҳсулоти нефт бартарӣ дошта, содироти он 88 фоизи ҳаҷми ММД-ро дар бар мегирад (2010). Захираҳои нефти мамлакат 4,2 млрд т, истихроҷи он соле 40 млн т аст. Ин яке аз омилҳои пешрафти иқтисодии Ангола нисбати дигар давлатҳои Африка гардид. Ангола асосан нефт, инчунин моҳӣ, маҳсулоти ҷангал, пахта ва ғ. содир карда, маҳсулоти саноатӣ, воситаҳои нақлиёт, дорувор, маҳсулоти нассоҷӣ, хӯрокворӣ, лавозимоти ҳарбӣ ва ғ. ворид менамояд. Харидорони асосии маҳсулоти содиротии Ангола: Хитой, ИМА, Франсия. Дар Ангола наздики 1,5 млрд квт-соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад. Соҳаҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ, чӯбкорӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли сигор тараққӣ кардааст. 80 фоизи аҳолӣ ба кишоварзӣ машғуланд. Маҳсулоти асосии соҳа: қаҳва, найшакар, муз, ҷуворимакка, пахта, тамоку, сабзавот. Чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳидории баҳрӣ ба роҳ монда шудааст.
Нақлиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дарозии роҳи оҳан – 2,8 ҳазор км2. Магистрали асосии роҳи оҳан аз Ғ. ба Ш. тӯл кашида, Республикаи Демо-кратии Конго ва Замбияро бо бандари Лобитуи Ангола мепайвандад. Дарозии умумии роҳҳои мошингард – 76,6 ҳазор км. Ангола 249 аэропорт дорад (аэропорти байналхалқӣ дар Луанда). Дарозии роҳҳои обии дохилӣ (киштигард) – 1295 км; флоти баҳрии тиҷоратӣ дорад. Бандарҳои асосиаш: Амбриз, Кабинда, Лобиту, Луанда, Малонго, Нимбе ва ғ. Лӯлаҳои интиқоли газ, интиқоли нефт ва маҳсулот дорад.
Тандурустӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба ин соҳа 4,4 фоизи ММД рост меояд. Дар Ангола бемориҳои сироятӣ ва паразитии вараҷа, сил, инфексияи рӯдаю меъда, махав паҳн шудааст. 70 фоизи духтурон хориҷианд. Соли 2007-ум 2,1 фоизи аҳолӣ гирифтори СПИД буд. Ҳар сол аз ин беморӣ дар Ангола 10 – 11 ҳазор нафар мемирад. Аз 1000 нафар тифлони то яксола 178-ашон (дар ҷаҳон ҷойи аввал) мефавтанд.
Маориф ва илм
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди истиқлол (1975) дар тамоми мамлакат таълими умумии ибтидоӣ ҷорӣ гардид. Дар мактабҳои ибтидоӣ муҳлати таълим 4 сол ва дар мактаби миёна 7 сол мебошад. Ҷанги шаҳрвандӣ ба инкишофи соҳаи маориф таъсири манфӣ расонд. Бисёр чорабиниҳо дар соҳаи таълим пурра иҷро нагардиданд. Ҳоло қариб 40 фоизи аҳолии мамлакат (аз 15-сола боло) бесавод аст. Мувофиқи конститутсияи мамлакат таълими ҳатмӣ ва бепул дар тамоми қаламрави Ангола амал мекунад. Соли 1963 дар Луанда Донишгоҳи ба номи А. Нето (иборат аз 6 факултет) таъсис дода шуд. Дар Ангола донишгоҳи католикӣ низ амал мекунад. Дар Ангола Институти гидрометеорология ва геофизика, Институти тадқиқоти геологӣ, Маркази миллии тадқиқоти таърихӣ, Институти тадқиқоти тиббӣ, Институти тадқиқоти ветеринарӣ, Институти илмӣ-тадқиқотии соҳаи пахтакорӣ, Институти илмӣ оид ба омӯзиши забонҳои африкоӣ ва хориҷӣ, Институти илмии педагогӣ ва тадқиқоти иҷтимоӣ фаъолият доранд.
Адабиёти Ангола
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёти Ангола дар асоси жанри фолклории забонҳои банту – умбунду, кимбунду, гангелла ва ғ. арзи вуҷуд намудааст. Соли 1891 нависанда Ж. Д. Кордейру де Мата антологияи «Ҳикматҳои халқӣ дар зарбулмасалҳои анголӣ»-ро (ба забони кимбунду, бо ҳуруфоти лотинӣ) ба чоп омода намуд. Кастро Сорименю соли 1949 романи «Замини мурда» ва соли 1957 романи «Гардиш»-ро навишт, ки дар онҳо ҳаёти воқеии халқи Ангола ва вазъияти сиёсию иҷтимоии мамлакат ба таври объективӣ нишон дода шудааст. О. Рибаш соли 1958 китоби «Анъанаҳо ва худоёни мардуми Ангола» ва солҳои 1961 – 64 китоби афсонаю латифаҳоро бо номи «Мисоссо» (дар 3 ҷилд) ба табъ расонд. Адабиёти имрӯзаи Ангола бо забони португалӣ аз нимаи дуюми садаи XIX зери таъсири ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ инкишоф ёфт. Бисёр асарҳо дар ин давра ба вазъи иҷтимоӣ ва мавзӯи озодихоҳию зиддимустамликавӣ бахшида шудаанд. Дар охири садаи XIX ва аввали садаи XX як зумра шоиру нависандагони бомаҳорат ба монанди Ж. С. Ферейра, П. Франку, П. Ф. Машад, А. Тронӣ, Ф. Каштелбранку ва дигарон ба майдони адабиёт қадам ниҳоданд. Дар нимаи дуюми садаи XX ба пешравии адабиёти Ангола ҳаракатҳои маданию маърифатӣ бо номи «Ҳаракати шоирони нави Ангола» (1950) ва «Иттифоқи нависандагони Ангола» (1975) таъсири бузург расонданд. Дар ин давра эҷодиёти шоиру нависандагон А. Нето, А. Жасинту, К. Соромено, Л. Виейра, М. Р. Монтейру ва дигарон дар байни халқ шуҳрати зиёд пайдо намуд. Дар адабиёти ҳозираи Ангола се насли эҷодиро ҷудо менамоянд: «насли солҳои панҷоҳум», ки адабиётро як шакли муқобилият ба сохти мустамликадорӣ ва ғуломӣ медиданд; «насли хаёлпарастон», ки барои истиқлол мубориза мебурданд ва «насли истиқлол», ки эҷодкорони ҷавонро муттаҳид карда, мақсадашон барпо намудани давлати сермиллати Ангола мебошад. Баъди ба охир расидани ҷанги шаҳрвандӣ (2002) шоирону нависандагони Ангола дар навъҳои адабӣ ва равияҳои гуногуни эҷодӣ асар меофаранд.
Меъморӣ ва санъати тасвирӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Анъанаҳои бадеии суннатии халқҳои Ангола то ба замони неолит мерасад. Қабилаҳои зироаткор маҳали зистро дар шакли даврагӣ ба нақша мегирифтанд: дар мобайн, дар майдон бинои ҷамъиятӣ, давродаври он манзилҳои истиқоматӣ ва дар ҳалқаи сеюм биноҳои хоҷагиро ҷой медоданд. Иқоматгоҳи анъанавӣ дар шакли росткунҷа ё муддавар сохта мешуд (манзилҳои каппагӣ ё чайламонанди бо чӯбу хас пӯшидашудаи бомаш ба ду тараф моил ё махрутшакл). Дар ҷануб бому деворҳо бо лой андуда мешаванд. Ҳоло ин намуд биноҳо дар деҳоту қасабаҳо вомехӯранд. Дар замони пеш санъати кандакорӣ дар чӯб хеле тараққӣ карда буд. Хусусан кандакории дару сутунҳо, сохтани ҳайкалчаҳои гуногуни ҳайвоноту одамон (чун балогардон ва тӯмор), курсиҳои пешвоёни қабила, бофтани ашё аз нав- даву рустаниҳо (бӯрё, сабад, халта) ривоҷ ёфт ва ҳоло ҳам идома дорад. Дар ороиш бештар нақшҳои содаи чоркунҷа ё дандонашакл, рангҳои сиёҳу зард ва хокистарӣ истифода мешаванд. Ҳунари анъанавии таҳҷоӣ – ниқобофарӣ (кандакорӣ ё бофташуда) мебошад. Анголагиҳо дар тӯйу маросимҳои оммавӣ ҳоло ҳам санъати ниқобсозӣ ва дигар ҳунарҳои бофандагии худро намоиш медиҳанд.
Санъати мусиқӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Санъати мусиқии Ангола танҳо хоси халқҳои банту буда, дар он таъсири мусиқии арабҳо, ҳиндуҳо ва дигар халқҳо тамоман ҳис намешавад (дар дигар мамлакатҳои Африка ҳис мешавад). Мусиқии асосии халқҳои Анголаро ритм (зарб) ташкил медиҳад, ки он дорои шаклҳои ниҳоят бой, гуногун ва хеле мураккаб буда, бо созҳои зарбӣ (асосан табл) иҷро мешавад. Солҳои минбаъда зери таъсири мусиқии аврупоӣ шаклҳои нави санъати мусиқӣ дар Ангола инкишоф ёфтааст.
Осорхонаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Ангола 6 осорхона (бузургтаринаш Осорхонаи миллӣ бо бойгонии таърихӣ), якчанд нигорис- тон мавҷуданд, ки намунаҳои ҳунари рассомӣ ва дигар ҳунарҳои бадеии хеле ҷолиб ва аз ҷиҳати пластика олии аз чӯб, биринҷӣ, устухони фил, сафол офаридашударо гирд овардаанд. Рассому ҳунармандони замони охир дар пайравӣ ба равияҳои аврупоӣ низ асар меофаранд. Ангола ду китобхонаи бузург – миллӣ ва шаҳрӣ дорад, ки ҳарду дар Луанда ҷойгиранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Государства и территории мира. Справочные сведения // Атлас мира / сост. и подгот. к изд. ПКО «Картография» в 2009 г. ; гл. ред. Г. В. Поздняк. — М. : ПКО «Картография» : Оникс, 2010. — С. 14. — ISBN 978-5-85120-295-7 (Картография). — ISBN 978-5-488-02609-4 (Оникс).
- ↑ Атлас мира: Максимально подробная информация / Руководители проекта: А. Н. Бушнев, А. П. Притворов. — Москва: АСТ, 2017. — С. 72. — 96 с. — ISBN 978-5-17-10261-4.
- ↑ Angola(англ.). The World Factbook. Central Intelligence Agency.
- ↑ 4.0 4.1 Перепись 2014 года (INE Angola) Бойгонӣ шудааст 6 май 2016 сол.
- ↑ Human Development Report 2013. UN (2013). 14 марти 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 май 2013.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Максим Майорец, Константин Симонов. Сжиженный газ — будущее мировой энергетики. — М.: Альпина Паблишер, 2013. — 360 с. — ISBN 978-5-9614-4403-2.
- Энсиклопедияи советии тоҷик, Д., 1978;
- Олейников И. Н., Ангола, М., 1960;
- География (географические названия), М., 2000;
- Новая Российская энциклопедия, М., 2005;
- Все страны мира (современный справочник), М., 2008.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Портали «Африқо» | |
Ангола дар Викилуғат | |
Ангола дар Викианбор | |
Ангола дар Викиахбор |
- Ангола на сайте «Всемирная география»
- Angola.org
- City codes Angola. About Angola
- luandamap.com — Streetmap of Luanda and other maps of Angola Бойгонӣ шудааст 17 май 2019 сол.
- angolinks.com — Linklist Angola
- Map of Angola
- Месторождения полезных ископаемых Анголы
- Анкета Анголы Бойгонӣ шудааст 6 май 2020 сол. на сайте ЦРУ(англ.)
- Конституция Анголы (2010)(англ.)