Jump to content

Википедия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Википедиа)
Википедиа
Саҳифаи аввали Википедиа
Саҳифаи аввали Википедиа
URL wikipedia.org
Тиҷорӣ Не
Навъи вебгоҳ интернет-донишнома
Сабтином ғайриҳатмӣ[1]
Забон(-ҳо) 298
Омори боздид Шаблон:Зиёрат аз рӯи маълумоти Compete
Забони барномасозӣ PHP
Макони сервер  ИМА: Тампа, иёлати Флорида
Молик Фонди Викимедиа
Бунёнгузор Ҷими Вейлс ва Ларри Сенгер
Виростор ҷомеъаи Википедия
Оғози кор 15 январи 2001
Шиъор Донишномаи озод, ки ҳама метавонанд онро вироиш кунанд.
Рутбаи Alexa 13[2]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Википедия (англ. Wikipedia, тал. [Listeni/ˌwɪkiˈpdiə/]) — донишномаи интернетии чандзабона бо муҳтавои озод, ки бо ҳамкории афроди довталаб навишта мешавад ва ҳар касе, ки ба интернет дастрасӣ дошта бошад метавонад мақолоти онро вироиш кунад.

Номи Википедия вожае таркибӣ аст, ки аз вожаҳои вики (вебгоҳи мушорикатӣ) ва энсиклопедия (донишнома) гирифта шудааст. Ҳадафи Википедия офариниш ва интишори ҷаҳонии як донишномаи озод ба тамоми забонҳои зиндаи дунё аст.

Дар ибтидо Википедия ба унвони нусхаи такмилии Нупедия ба кор оғоз намудааст. Нупедия лоиҳаи донишномаи ройгон ва бархатте буд, ки мақолаҳояш тавассути коршиносон ва аз тариқи як ҷараёни расмӣ навишта мешуданд. Нупедия дар таърихи 9 марти соли 2000 таҳти моликияти ширкати Бумис (Bomis), ки як ширкати веб-портал буд, бунёдгузорӣ шуд. Ширкати Бумис, ки дар соли 1996 бунёдгузорӣ шуда буд, як пойгоҳи интернетиии тафреҳоти шаҳвонӣ ва дорои муҳтавои сексӣ барои мардон буд. Ва сармояи нахустини донишнома озоди Нупедия ва ҷонишини он Википедия, тавассути он то соли 2003 таъмин мешуд.

Википедия бори нахуст дар таърихи 15 январи 2001 аз ҷониби Ҷими Вейлс ва Ларри Сенгер ва фақат ба забони англисӣ ба номи wikipedia.com ба шабакаи Интернет васл шуд. Википедия аз 10 январ яке аз қобилиятҳои nupedia.com ба шумор мерафт. Ба ин сурат, ки вироишгарон метавонистанд мақолаҳои худро дар он ворид кунанд то пас аз мурур дар Нупедия қарор гирад, вале пас аз он ки ҳайати машваратии коршиносони Нупедия модели тавлиди онро рад карданд, аз вебгоҳ Нупедия бардошта шуд. Баъд аз он Википедия ба сурати лоиҳаи мустаъқил аз Нупедия ба кор шурӯъ кард. Сиёсати «дидгоҳи бетарафона», ки шабеҳ ба сиёсати пешини «бетарафии» Нупедия буд, дар ҳамон моҳҳои аввал барномарезӣ шуд. Википедия сареъан ширкаткунандагони хешро аз Нупедия ба даст овард. Дар поёни сол Википедия аввал ба теъдоди 20 000 мақола, бо теъдоди 18 забон расид. То поёни соли 2002 теъдоди забонҳо ба 26, поёни соли 2003 ба 46 ва дар поёни 2004 ба теъдоди 161 забон расид. Нупедия ва Википедия дар алоҳидагӣ амал мекарданд. Нупедия аз кор бозмонд ва дар соли 2003 матнҳои мақолаҳои он ба Википедия мунтақил шуданд.

Аз рӯи ҳаҷми иттилоот ва фарогирии мавзӯъҳо Википедия донишномаи электронии аз ҳама пурратарин ва беҳтарин дар таърихи башарият мебошад. Яке аз ҷиҳатҳои хуби Википедия ҳамчун донишномаи универсалӣ, фароҳам овардани имконияти пешниҳоди иттилоот ба забони модарии корбарон мебошад, ки ба ҳамин васила қиммати иттилооти воридшударо, ҳамчун ҷанбаи фарҳангӣ нигоҳ медорад.

Хусусияти хоси интернет-донишномаи Википедия (ба туфайли технологияи wiki, ки асоси корбарии торномаи онлайнӣ аст) аз он иборат аст, ки вироиш ва таҳрири мақолаҳоро ҳар як шахси истифодабарандаи шабакаи Интернет, ки низоми Википедияро риоя мекунад, мавриди истифода, яъне навиштаву (вироишу) таҳрир карда метавонад. Дар баробари ин, дар аксар ҳолатҳо, ҳатто бе сабти ном дар сомона вироиш ва таҳрири мақолаҳо имконпазир мебошад. Кулли тағйиротҳои ба ягон мақолаҳои ин энсиклопедия ворид намудаи чунин ихтиёриён дарҳол ба ҳамаи муштариёни сомона маълум мегардад.

Википедия аз ҷониби ихтиёриёни кулли ҷаҳон ба зиёда аз 298 забонҳои ҷаҳонӣ эҷод карда мешавад. Дар он зиёда аз 47 миллион мақолаҳо ба забонҳои халқҳои гуногуни дунё ҷойгир шудаанд. Интернет-браузери Википедия аз рўи миқдори зиёраткунандагон, дар ҷойи 5 байни сомонаҳои ҷаҳонӣ мебошад — ҳар моҳ ба сомона қариб 480 миллион нафар одамон ворид мешаванд.

Шумораи мақолаҳои Википедия

[вироиш | вироиши манбаъ]

То 1 январи соли 2018 дар Википедия 298 қисматҳои забонҳои ҷаҳонӣ (аз он ҷумла 288-тои он фаъол) мавҷуданд. Аз ҷумла, 13-тои аввали он (википедияҳои забонӣ) зиёда аз 1 миллион мақола, 45-тоаш (аз ҷойи 14 то 59) аз 100 ҳазор то 1 млн мақола, 97-тоаш (аз ҷойи 60 то 137) зиёда аз 10 ҳазор то 100 ҳазор мақола (аз ҷумла ба забони тоҷикӣ) ва 111 (аз ҷойи 138 то 249) қисматҳо зиёда аз 1 ҳазор то 10 ҳазор мақола доранд. Ҷамъи ҳамаи мақолаҳои ба забоноҳои гуногун вироишгардида то 15 январи соли 2018 - 47,274,367 мақола (аз ҷумла зиёда аз 181 млн саҳифаро дарбар мегирифт). Дар пурра гардонидани лоиҳаи Википедия зиёда аз 72 млн корбарони ихтиёрӣ ройгон саҳми хешро гузоштаанд.[3]

Таъсир ва истифодабарӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гурӯҳи тадқиқотчиён аз Донишкадаи технологии Массачусетс ва Донишгоҳи Питтсбург муайян карданд, ки олимон дар мақолаҳои илмӣ ва монографияҳо аз маълумотҳои Википедия истифодабурданашон аз эҳтимолият дур нест[4].

Моҳи декабри соли 2021 дар музоядаи Christie’s дар Ню-Йорк бо арзиши 750 ҳазор доллар, аввалин сабти Википедия дар шакли NFT фурӯхта шуда буд. Ибораи «Hello, World!» аз тарафи Ҷими Вейлс, 15 январи соли 2001 навишта шуда буд. Таҷҳизоти iMac-и Вейлс, ки вай ин сабтро бо он сабт карда буд, бо 187,5 ҳазор доллар фурӯхта шуд.[5]

Бо гузашти айём баъзан кишварҳо дастрасӣ ба Википедияро маҳдуд ё таҳдиди маҳдуд сохтанро мекунанд. Аз ҷумла: 24 августи соли 2015 дар Россия Википедия маҳдуд карда шуда буд. 29 апрели соли 2017 дар Туркия Википедияро қатъ карданд.[6][7].

Сухани Ҷими Вейлс доир ба Википедия

[вироиш | вироиши манбаъ]
« Wikipedia як донишномаи озоди мардумӣ ва ҷаҳонист. Дар он метавон ҳама гуна иттилоотро пайдо кард. Шояд саволе нест, ки посухи он дар Википедиа набошад. Истифода аз ин иттилоъ озод ва ройгон аст. Гузашта аз ин ба наздикӣ сомонаи тоҷикии Википедиа дар шабакаи ҷаҳонии интернет нашр хоҳад шуд. Ин муждаи Наврӯзист! Муборак! »

[8]

Лоиҳaҳои дигар
  1. Дар баъзе фаъзе аз фаслҳои википеда барои эҷоди мақолаҳо зарур аст.
  2. Alexa Internet (ингл.) — 1996.
  3. Википедиа:Феҳристи Википедиа) 15.01.2018
  4. Кристина Уласович. «Википедию» признали эффективным инструментом для продвижения науки(рус.). N + 1 — главное издание о науке, технике и технологиях. 15 Январ 2024 санҷида шуд.
  5. https://ru.m.wikipedia.org/wiki/%D0%92%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D0%BF%D0%B5%D0%B4%D0%B8%D1%8F
  6. http://www.bbc.com/news/world-europe-39754909
  7. http://www.bbc.com/russian/news-39754764
  8. Тоҷикон дар Википедиа