Jump to content

Индира Гандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Индира Гандӣ
ҳиндӣ: इन्दिरा प्रियदर्शिनी गान्धी
14 январи 1980 — 31 октябри 1984
Пешгузашта Чаран Сингх
Ҷонишин Раҷив Гандӣ
19 июли 1984 — 31 октябри 1984
Пешгузашта Памулапарти Венката Нарасимха Рао
Ҷонишин Раҷив Гандӣ
19 январи 1966 — 24 марти 1977
Пешгузашта Гулзарилал Нанда
Ҷонишин Морарҷи Десаи
парчам
5-умин Вазири корҳои дохилии Ҳиндустон
5 сентябри 1967 — 14 феврали 1969
Пешгузашта Моҳомедалӣ Куррим Чангла
Ҷонишин Динеш Сингх

Таваллуд 19 ноябр 1917(1917-11-19)[1][2][3][…]
Даргузашт 31 октябр 1984(1984-10-31)[1][2][3][…] (66 сол)
Мадфан
Дудмон Nehru–Gandhi family[d]
Падар Ҷавоҳирлаъл Неҳру[5]
Модар Камола Неҳру[d]
Ҳамсар Фирӯз Гандӣ[d]
Фарзандон Раҷив Гандӣ ва Санҷай Гандӣ[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Фаъолият сиёсат
Эътиқод Ҳиндуия
Соядаст
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Инди́ра Приядарши́ни Гандӣ (ҳиндӣ: इन्दिरा प्रियदर्शिनी गान्धी[6]; 19 ноябри соли 1917 — 31 октябри соли 1984) — сиёсатмадори ҳинд ва муҳраи марказӣ дар ҳизби «Кунгураи миллии Ҳиндустон» ва то имрӯз ҳамоно ягона зане дар мақоми сарвазир ё садриаъзами Ҳиндустон боқӣ мондааст. Индира Ганди духтари нахустин сарвазири кишвар — Ҷавоҳирлаъл Неҳру буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]
Ҷавоҳирлаъл Неҳру, Камола Неҳру, ва духтарашон Индира. Соли 1918
Маҳатма Гандӣ ва Индира. 1930-юм

Индира Приядаршини Гандӣ 19 ноябри соли 1917 дар шаҳри Аллоҳободи ёлати Уттар-Продеши Ҳиндустон ба дунё омадааст. Падарбузурги ӯ Гандӣ Мотилал Неҳру ҳамчун роҳбари собиқадори Анҷумани миллии Ҳиндустон ба ҳисоб мерафт[7].

Падари Индира Гандӣ бошад Ҷавоҳирлаъл Неҳру аввалин сарвазири Ҳиндустон арзёбӣ ёфта, қаблан ба фаъолияти адвокатӣ машғул буд. Замоне, ки духтараш Индира ба дунё омад, ӯ нав ба сиёсат ворид шуда буд. Ҳатто модаркалони Индира Сварип Ранӣ ва модараш Камола низ сиёсатмадор будаанд. Дар замони худ онҳо низ ба фишори сахти мухолифон рӯ ба рӯ шудаанд. Хурдсолии Индира барои як кӯдак ғайриоддӣ ба шумор мерафт. Зеро аз замони таваллудаш ӯро теъдоди зиёди одамоне, ки дар Ҳиндустон машҳур буданд, иҳота намуда буданд. Масалан, аз синни дусолагиаш ӯ бо шахсияти машҳур, ки «Падари миллат» Маҳатма Гандӣ шинос шуд. Волидайн кӯшиш мекарданд, ки ба духтарашон тамоми шароитро муҳайё намоянд, зеро ӯ фарзанди ягона ҳисоб меёфт. Онҳо ҳеч гоҳ ба духтарашон гӯш кардани гуфтугӯйи калонсолонро манъ намекарданд. Падараш, ки муддати зиёд дар зиндон қарор дошт, ба духтараш аз он ҷо нома мефиристод, ки он таҷрибаи рӯҳонӣ нуқтаи назари идеологӣ ва умеди самимӣ барои ояндаи дурахшонро дар бар мегирифт.

Соли 1934 ӯ ба Донишгоҳи миллии Ҳиндустон ҳуҷҷатҳояшро супорида, он ҷо доираи васеи мавзӯъҳоро аз худ кард. Дар ин давра диққати ӯро шахсияти Робиндранат Тагур, мураббӣ ва шоири машҳури Ҳиндустон ҷалб намуд.

Ба хотири шиддат гирифтани бемории модараш, ки аз сил азият мекашид, Индира муддате аз таҳсил даст кашад. Онҳо якҷоя ба Шветсария сафар намуданд, аммо ҷони модарро натавонистанд аз дасти аҷал раҳо намоянд. Он давра Индира натавонист ба ватанаш баргардад. Марги бибиву бобояш ва паси панҷара будани падар сабаб гардид, ки дар қитъаи Аврупо монад. Дар чунин як давраи мушкили ҳаёташ сиёсатмадор ва рӯзноманигор Фирӯз Гандӣ, ки бо падараш риштаи дӯстӣ дошт, дасти Индираро гирифт, ба нигоҳубини модари бемораш ёрӣ мерасонид. Фирӯз он давра дар коллеҷи Сомервилли Оксфорд таҳсил мекард. Баъдтар Индира ҳам аз муҳассилини колеҷи мазкур гардид. Фирӯз Гандӣ ба Индира таклифи хонадорӣ кард. Бо сабаби аз табақаҳои гуногун будан, падари Индира Ҷавоҳирлаъл Неҳру ба ин издивоҷ чандон розӣ набуд. Дар навбати худ Камола пеш аз маргаш ба онҳо дуои хайр дод. Танҳо ба воситаи Маҳатма Гандӣ онҳо тавонистанд соли 1942 оила барпо намоянд. Аммо худи ҳамон сол онҳо зиндонӣ шуданд. Пас аз ҳашт моҳ ба онҳо муяссар гардид, ки ба озодӣ барояд. Аз ин никоҳ Индира ва Фирӯз соҳиби ду писар гардиданд. Ҳангоме, ки Ҷавоҳирлаъл Неҳру аввалин сарвазири Ҳиндустон интихоб гардид, духтараш оилаашро як сӯ монда, дар ҳама вохӯриҳо падарашро ҳамроҳӣ мекард. Ӯ ҳатто котиби шахсии падараш гардид. Соли 1960 Фирӯз Гандӣ аз олам чашм пӯшид. Бо сабаби марги шавҳараш Индира муддате худро аз сиёсат дур гирифт. Пас аз ду соли марги падараш дар соли 1966 ин зани дорои иродаи қавӣ сарвазири Ҳиндустон интихоб гардид[7].

Ричард Никсон ва Индира Гандӣ, соли 1971

Индира Гандӣ дар замоне сарвазир интихоб шуд, ки мамлакаташ дар ҳолати бисёр душвор қарор дошт. Аз як тараф камбизоатӣ, аз тарафи дигар муноқишаҳои дохилию берунӣ тамоми кишварро фаро гирифта буданд. Вале ин проблемаҳо садди роҳи зани қавиирода намешуд, чунки падараш — сиёсатмадори машҳур, сарвазири Ҳиндустон Ҷавоҳирлаъл Неҳрӯро дар тамоми вохӯриҳою сафарҳои дохилию хориҷӣ ҳамчун котибаи шахсӣ ва машваратчӣ ҳамроҳӣ менамуд ва бо таҷрибаи кофӣ ва фаҳмиши хуби вазъи кишвар ба сари ҳокимият омада буд. Ҳама фикр мекарданд, ки баъди марги падараш вай дарав номзадиашро ба мақоми сарвазирӣ пешниҳод мекунад, вале Индира Гандӣ ба тарафдории Лаъл Баҳодур Шастрӣ овоз дод, ки ин ҳам аз сиёсатмадори хуб будани вай шаҳодат медод. Танҳо баъди марги Лаъл Баҳодур Шастрӣ дар соли 1966 дар сини 48-солагӣ Индира Гандӣ сарвазири Ҳиндустон (дуюмин зан — сарвазир дар ҷаҳон) таъйин гардид[8].

Индира Гандӣ ҳамагӣ ду бор ӯ ба ин мақоми олӣ сарфароз гардида буд. Дастовардҳои назаррраси замони сари қудрат буданаш ин татбиқи барномаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди фаъоли саноаткунонӣ, татбиқи милликунонии бонкҳо, азнавташкилкунии системаи тандурустӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд. Дар рушди илм ва техника низ саҳми арзанда гузошт. Вай тавонист ба таъсиси равобити дипломатӣ бо кишварҳои гуногун таъсир расонида, аз ҷумла, равобити дипломатиро бо давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ барқарор намояд. Вале нафароне низ буданд, ки аз сиёсати пешгирифтаи Индира Гандӣ норозигӣ баён менамуданд.

Роҳи зиндагии сиёсии Индира Гандӣ хеле фоҷиабор анҷом ёфт. Куштори Индира аз ҷониби сикхҳо, ки миёни сиёсатмадор ва онҳо низоъи ҷиддӣ мавҷуд буд, анҷом дода шуд. Ин ҳодисаи мудҳиш 31 октябри соли 1984 дар назди манзили истиқоматиаш дар Деҳлӣ сурат гирифт. Индираи машҳур дар натиҷаи тирборон шудан аз ҷониби муҳофизони сикхаш ба ҳалокат расид[7].

Имрӯз роҳраве, ки ӯ охирин маротиба қадамашро гузошта буд, бо қабати булӯр пӯшонида шудааст. Дар бисёр кишварҳо кӯчаю хиёбонҳо ва муассисаҳои илмӣ ба номи Индира Гандӣ гузошта шудаанд. Ҳатто дар Маскав низ майдони Индира Гандӣ, дар Деҳлӣ фурудгоҳи байналмилалии Индира Гандӣ вуҷуд дорад, ки он маркази авиатсияи шаҳрвандии мамлакат ба ҳисоб меравад[7]. Дар Тоҷикистон низ китобхонаи марказии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1984 ба номи Индира Гандӣ гузошта шуд[8].

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 https://www.fembio.org/biographie.php/frau/frauendatenbank?fem_id=10695 (нем.)
  3. 3.0 3.1 Архив изобразительного искусства — 2003.
  4. Каталог Немецкой национальной библиотеки (нем.)
  5. http://www.freepressjournal.in/featured-blog/indira-gandhi-was-not-related-to-mahatma-gandhi-heres-how-she-got-the-surname/1172246
  6. Ганди, Индира Бойгонӣ шудааст 16 май 2021  сол. // Энциклопедия журнала «Вокруг света»
  7. 7.0 7.1 7.2 7.3 Мадина Балаҷонова. ИНДИРА ГАНДӢ(тоҷ.). Бонувони Тоҷикистон. www.bonuvon.tj. 31 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 май 2018.
  8. 8.0 8.1 Faraj.tj. Индира Гандӣ - ҷойгоҳи зан дар сиёсат. faraj.tj. 31 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 августи 2017.
  • Indira Gandhi(пайванди дастнорас) // Encyclopædia Britannica