Нерӯҳои мусаллаҳ
Нерӯҳои мусаллаҳ (Артиш[1]) — маҷмуъи созмони низомии ҳар кишваре ҳастанд, ки барои посдории худсолорӣ ва нигаҳбонии якпорчагии кишвар аз дастдарозии душманон созмон ёфтаанд.
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Вожаи «артиш» дар забонҳои порсии бостон ва миёна вуҷуд надошта ва бо равиши «пасинсозӣ» (англ. back-formation) аз «артишдор» сохта шуда, ки дар фарҳангҳо «разманда, сипоҳӣ, лашкарӣ» таъбир шудааст. Ин вожа дар порсии миёна «artēštār» (‘сарбоз’, ‘лашкарӣ’, ‘ҷанговар’, ‘сипоҳӣ’) буда, ки аз вожаи авестоии «raθaē-štar-» (‘гардунасавор’, ‘разманда’; аз «raθa-» – ‘гардуна’ + «štar-» – ‘истода’ дар эронии бостон) гирифта шудааст. Вожасозон ин вожаро сохташуда аз «артиш» + «-дор» ба маънии «дорандаи артиш, сипаҳбад» пиндошта ва «артиш»-ро аз он ҷудо кардаву онро ба маънии «сипоҳ, лашкар» хусусан ва «маҷмуъи сипоҳиён ва нерӯҳои мусаллаҳи кишваре» умуман ба кор бурданд[2].
Хешкории нерӯҳои мусаллаҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Хешкории нерӯҳои мусаллаҳ иборат аст аз:
- пас задани ҳамлаи душман ва шикаст додани таҷовузкор;
- нигаҳбонии ҳарими ҳавоии кишвар;
- посбонии мусаллаҳонаи марзҳои кишвар;
- созмондиҳӣ ва барномарезии умури дифоъӣ дар кишвар;
- ҳамкорӣ бо неруҳои мусаллаҳи кишварҳои ҳампаймон дар пас задани таҷовузи мусаллаҳона ба яке аз онҳо ё анҷоми вазифаҳои сулҳоварона, ки аз уҳдадориҳои байнулмилалии кишвар бармеоянд.
Нерӯҳои мусаллаҳ дар ҷаҳон
[вироиш | вироиши манбаъ]Нерӯҳои артишҳо аз замонҳои бостон то садаҳои миёна бештар пиёда ва савора буданд ва бо шамшер, найза, гурз, каманд ва манҷаниқ меҷангиданд. Вале акнун нерӯҳои артиш бо ҷангафзорҳои пешрафтае чун туфангҳои дорои дурбинҳои фурӯсурх, тӯп, тирбор, мушакҳои дӯшпартоб, тонк ва чархболу ҳавопаймоҳо муҷаҳҳаз шудаву дар замин, дарё, ҳаво ва фазо меҷанганд.
Сохтори нерӯҳои мусаллаҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон нерӯҳои мусаллаҳ ба се шоха тақсим мешаванд:
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 80.
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-55-2. ҷ. 1, с. 162.
Ҷусторҳоӣ вобаста
[вироиш | вироиши манбаъ]Initial visibility: currently defaults to autocollapse
To set this template's initial visibility, the |state=
parameter may be used:
|state=collapsed
:{{Нерӯҳои мусаллаҳ|state=collapsed}}
to show the template collapsed, i.e., hidden apart from its title bar|state=expanded
:{{Нерӯҳои мусаллаҳ|state=expanded}}
to show the template expanded, i.e., fully visible|state=autocollapse
:{{Нерӯҳои мусаллаҳ|state=autocollapse}}
If the |state=
parameter in the template on this page is not set, the template's initial visibility is taken from the |default=
parameter in the Collapsible option template. For the template on this page, that currently evaluates to autocollapse
.