Сироҷиддин Муҳриддин
Аслов Сироҷидин Муҳридинович | |
аз 29 ноябри соли 2013 | |
Президент | Эмомалӣ Раҳмон |
Пешгузашта | Ҳамрохон Зарифӣ |
|
|
Таваллуд |
17 феврал 1964 (60 сол) |
Таҳсилот | |
Касб | муҳандис-гидрометеоролог, иқтисоддон |
Фаъолият | дипломат |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Сироҷиддин Муҳриддин ( Аслов Сироҷидин Муҳридинович; тав. 17 феврали 1964, ноҳияи Совети вилояти Хатлон), ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — давлатмард ва дипломати тоҷик. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2013).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аслов Сироҷидин Муҳридинович 17 феврали соли 1964, ноҳияи Темурмалик вилояти Хатлон) таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1986 Донишкадаи гидрометеорологии Одесса ва соли 2002 Донишгоҳи иқтисодии Тошкентро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти кориашро соли 1986 ба сифати муҳандис-агрометеорологи Маркази гидрометеорологияи Саридораи обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ оғоз намуда, то соли 1996 дар вазифаҳои муовини сардор, сардори Раёсати прогресси илмию техникӣ ва стандартҳои Вазорати ҳифзи табиат, муовини сардори Саридораи обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 1996 то соли 2004 дар мансабҳои Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба проблемаҳои ҳавзаи баҳри Арал, Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал ва Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал фаъолият намудааст.
Солҳои 2004—2005 ба ҳайси муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Солҳои 2005—2011 дар вазифаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид кор кардааст.
Аз моҳи марти соли 2011 дар мансаби Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид, ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба фаъолият дорад.
Бо ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардидааст. Бо забонҳои англисӣ, форсӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2013 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ордени «Шараф» дарҷаи II (28 августи соли 2010).
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шарҳи ҳол дар сайти ВКХ Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 28 сентябри 2016 сол.
- Биография: Сироджиддин Аслов — новый министр иностранных дел Таджикистана
- Хамрохона Зарифи на посту главы МИД Таджикистана сменил Сироджиддин Аслов Бойгонӣ шудааст 12 октябри 2014 сол.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 17 феврал
- Зодагони соли 1964
- Зодагони ноҳияи Темурмалик
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Дипломатҳо аз рӯи алифбо
- Дипломатҳои Тоҷикистон
- Дорандагони ордени Шараф
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Ходимони давлатӣ аз рӯи алифбо
- Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Вазирони Тоҷикистон
- Ходимони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон