Ҳамрохон Зарифӣ
Ҳамрохон Зарифӣ | |
|---|---|
| | |
| 1 декабри 2006 — 29 ноябри 2013 | |
| Нахуствазир | Қоҳир Расулзода |
| Президент | Эмомалӣ Раҳмон |
| Пешгузашта | Талбак Назаров |
| Ҷонишин | Сироҷиддин Аслов |
|
|
|
| Таваллуд |
25 декабр 1948 (76 сол) |
| Ном ҳангоми таваллуд | Зарипов Ҳамрохон Зарипович |
| Таҳсилот | |
| Дараҷаи илмӣ | номзади илмҳои сиёсатшиносӣ |
| Касб | дипломат |
| Фаъолият | дипломат |
| Ҷоизаҳо | |
| Хидмати сарбозӣ | |
| Мансубият |
|
| Навъи артиш | Нерӯи дарёии Шӯравӣ[d] |
| Рутба | полковники КБД дар нафақа |
Ҳамрохон Зарифӣ (Зарипов Ҳамрохон Зарипович; зод. 25 декабри 1948, ноҳияи Балҷувон) — давлатмард ва сиёсатмадори тоҷик, дорандаи рутбаи Сафири фавқулодда ва мухтор, номзади илмҳои сиёсӣ (2012). Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006—2013)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамрохон Зарифӣ 25 декабри соли 1948 дар ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи физика ва математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (1971), курсҳои забони англисӣ дар Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Исломобод (1994).
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]Оиладор соҳиби 2 фарзанд.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Омӯзгори Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (1971—1972), хидмат дар сафи Артиши Шӯравӣ (1972−1973), таҷрибаомӯз, муҳаққиқи Ин-ти физика ва техникаи ба номи С. Умарови АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1973—1974), корманди Кумитаи амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1974—1993), муовини сардор, сардори Раёсати кадрҳо ва иттилооти махсуси ВКХ (1993-95), муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995—1996), намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ (Вена, 1996—1997), Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия (1997—2002), Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейсария (Вена, 1998−2002), ҳамзамон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Маҷористон (Вена, 1999—2002), Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА (2002—2006). Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006—2013), Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон (аз 2015).
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи беш аз 20 китобу рисола.
Ордену ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени «Шараф» (дараҷаи 2; 2004), медалҳои «Барои ҳифзи сарҳадди ИҶШС» (1980), «Барои хидмати шоёни низомӣ» (дараҷаи 3; 1983), «70-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС» (1988), «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011) ва ҷоизаи ба номи Ҷалолуддини Румии ЮНЕСКО қадр шудааст.
Парвандаи ҷиноӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар моҳи июни соли 2024 Ҳамрохон Зарифӣ ва чанде аз сиёстамадорони дигари Тоҷикистон боздошт шуданд[2]. Гумонбарон бар асоси моддаҳои хиёнат ба давлат, ғасби ҳокимият, қаллобӣ ва барангехтани адоват айбдор дониста мешуданд. Асли қазия бо сабаби сирри махфӣ буданаш ошкор карда намешуд[3].
Дар моҳи феврали соли 2025 Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифиро бар асоси иттиҳоми кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба 27 соли зиндон маҳкум кард[4][5].
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]
- Многовекторная дипломатия. Д., 2010;
- Таджикистан в системе обеспечения региональной безопасности ОБСЕ. Д., 2011;
- Ганҷинаи ҷовидони Тоҷикистон. Д., 2013.
Донистаниҳои ҷолиб
[вироиш | вироиши манбаъ]Таҳти роҳбарии Ҳамрохон Зарифӣ ноябри 2016 бори нахуст Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қуллаи Фудзияма барафрошта шуд[6].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Вазирони корҳои хориҷӣ. 23 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 май 2014.
- ↑ “Ҳамроҳхон Зарифӣ боздошт шудааст”(тоҷ.), Радиои Озодӣ (14 ноябри 2024). Проверено 12 сентябри 2025.
- ↑ В Таджикистане экс-главу МИД осудили за попытку госпереворота(рус.). РБК (5 феврали 2025).
- ↑ Экс-глава МИД Таджикистана получил 27 лет тюрьмы за попытку переворота(рус.). ТАСС.
- ↑ Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми гумонбарони "парвандаи табаддулот"-ро эълон кард(рус.). asiaplustj.info. ASIA-Plus (5 феврали 2025). 12 сентябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Шаҳло Ниёзова. Дипломатҳои тоҷик қуллаи Фуҷиямаро фатҳ намуданд. Pressa.tj. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон». 12 сентябри 2025 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарифӣ Ҳамрохон / Ҳ. Қурбонов, С. Қурбонова // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Дипломатияи Тоҷикистон: Дирӯз ва имрӯз. Д., 2009;
- Marquez. Who’s in Asia. USA, 2007;
- International Who’s who of public service. USA. 2001—2002. .