Jump to content

Ӯш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Ӯш
қирғ. Ош
Парчам Нишон
Парчам Нишон
40°32′ с. ш. 72°47′ в. д.HGЯO
Кишвар  Қирғизистон
Мақом маркази вилоят
минтақа вилояти Ӯш
Таърих ва ҷуғрофиё
Аввалин номбарӣ асри IX
Масоҳат
  • 182,5 км²
Баландии марказ 963 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+6:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта 723500
Коди мошин O, Z ва 02

oshcity.kg/index.php/ru/
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Ӯш дар харитаи
Ӯш
Ӯш
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ӯш (қирғ. Ош) — шаҳрест тобеъи маркази Қирғизистон, маркази маъмурии вилояти Ӯш.

Ӯш пас аз Бишкек, шаҳри бузургтарини ҷануби кишвар, ки расман «пойтахти ҷанубӣ» номида мешавад, дуввумин шаҳри сераҳолии Қирғизистон аст.

18 декабри соли 2018 шаҳри Ӯш Пойтахти фарҳангии ҷаҳони турк барои соли 2019 эълон карда шуд[2].

Тасаввур мекунанд, ки ин ҷойном аз форсии тоҷики ё суғдии «хуш» (форсӣ: خوش‎ — зебо, дилкаш) буда маънии «шаҳри зебо»-ро дорад. Шарҳи дурустари ин вожа ибтидо мегирад аз номи ибодатгоҳи Олиҳаи Обу Оташи зардуштии эрониёни қадим (бо номи Охша ё Вахша). Ҳамреша бо Вахш, номи пештараи Амударё ва шохоби имрузаи он Вахш (дар Тоҷикистон).

Таърихи давраи бостон. Ош, шаҳр, дар гузаштаи дур ҷойнома дар  Суғди бостон (ё Эрони шарқӣ), номи як шохоби дарёи ҳамҷувори  Амударё, яъне дарёи Сир ва ҷойномаи “Уш”- номи яке аз шаҳрҳои суғдӣ дар шимоли минтақа, ҷое ки дарёи Сир онҷо ташаккул меёбад ва ба шакли Ош (ки воқеан вожаи Вахшро ба хотир меорад), боқӣ мондааст. Дар асрҳои VIII-VII т.м.дар ин ҷо, дар наздикии Тахти Сулаймон маъбади зардуштии парастиши Олиҳаи обу оташ бо номи “Охшо”, “Йахша” (Вахш) мавқеъ доштааст. Инро маълумоти Ибни Ҳавкал, Ҳудуд ул олам ва Ҳофизи Абруй тасдиқ мекунанд.[1] Ин шаҳр дар ибтидо  чун маркази тамаддуни зироатии мардуми ҳиндуавропоӣ ва зардуштӣ машҳур буд. Баъдан бо кучидани ақвоми кучии турку мугул дар асрҳои VIII-IX м. дар ин ҷо тамаддуни омехтаи муқимии эрониву туркӣ ба вуҷуд омад.


[1] Немного история города Ош.: https://osh-hospital.narod.ru/history_osh.htm; Живи Востоком. info@centralasia-travel.com; Таърихи вуруд: 17.04.2024.