Jump to content

Варзиш дар Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Футбол дар Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон

Варзиш дар Тоҷикистон — яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад[1]. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели 2012 № 825 «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва танзим менамояд[2].

Даврони шуравӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Варзиш дар Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ рӯ ба инкишоф ниҳод. Нахустин чорабинӣ оид ба тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 15 марти 1925 ба муносибати рӯзи таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон баргузор шуд. Соли 1928 пленуми Шӯ­рои Олии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон доир гардид, ки масъалаи рушди ояндаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар ҷумҳурӣ баррасӣ кард. 18 августи 1934 дар шаҳри Душанбе бо қарори КИМ ва Шӯрои комиссарияти халқии ҶШС Тоҷикистон спартакиадаи I умумиҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Барои рушди ояндаи варзиш дар ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе иншооти гуногуни варзишӣ аз қабили варзишгоҳои «Спартак» (1930), «Динамо» (1932), Вар­зиш­гоҳи марказии Тоҷикистон (1962), маҷ­маҳои варзишии Ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявӣ (1962), «Автомобилист» (1969), «Авиатор» (1985), Қасри варзиш (1972), Толори бозиҳои дас­тӣ (1974), пойгоҳи қаиқронӣ (1978), маҷмааи Тири ДОСААФ (ҳозира Ташкилоти ма­дад­гори мудофиаи Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон, 1982), Қасри теннис (1986) ва ғайра ва дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо варзишгоҳҳо сохта шу­данд.

Барои омода кардани мутахассисони дорои маълумоти миёнаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1947) ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии То­ҷи­ки­стон (1971) ифтитоҳ шуданд. Дар натиҷа дар ҷумҳурӣ тадриҷан чунин намудҳои варзиш, аз қабили футбол, волейбол, баскетбол, варзиши сабук, тенниси рӯйи миз, шиноварӣ, камон­ва­рӣ, велоси­пед­ронӣ, заврақронӣ, гимнастика, вазн­­бардорӣ, куштӣ, шоҳмот, шашка, шамшер­бо­зӣ, панҷҳарба ва ғайра инкишоф ёфтанд.

Соли 1975 дар шаҳри Душанбе Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷум­ҳуриявии тамоюли вар­зишӣ кушода шуд. Бис­ёр дастпарварони ин мактаб ба ком­ёбиҳои бузурги варзи­шӣ ноил гардидаанд, ки ситорагони варзиши тоҷик Андрей Абдувалиев, Саидаҳтам Раҳимов, Э. Шиллер, В. Соколов, М. Муллобоев, Дилшод Назаров, Парвиз Собиров аз ҷум­лаи онҳоянд.

Даврони истиқлол

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар давоми 20 соли истиқлол варзиш дар Тоҷики­стон хеле рушд кард. Соли 1992 Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки уви Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад. Истиқлол ба варзишгарони Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки иштирокдорони комил­ҳуқу­қи мустақили ҳаракати олим­­пии ҷаҳонии муосир гарданд. Аз ҳамин сол варзишгарони ҷумҳурӣ пайваста дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд.

Варзишгарони ҷумҳурӣ бори аввал дар Бозиҳои олимпии зимистона (Солт-Лейн-Сити, 2002) иш­тирок карданд. Соли 1996 дар шаҳри Душанбе Олимпиадаи махсуси Тоҷи­кис­тон (ОМТ — ташкилоти ғайри­давлатии эҳсонкорӣ) таш­кил карда шуд. ОМТ варзишгаронро аз рӯйи намудҳои футбол, чавгонбозӣ, баскетбол, тинниси рӯйи миз, варзиши сабук, шашка, волейбол, теннис, шиноварӣ тайёр мекунад. Варзишгарони ОМТ дар Бозиҳои махсуси олимпии тобистона (1991, 1995, 1999) ва бозиҳои махсуси тобистонаи умумиҷаҳонӣ иштирок карда, 3 медали тило ба даст оварданд. Соли 2003 дар шаҳри Душанбе бори аввал Бо­зиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 118 нафар иштирок карда, бори нахуст сазовори ҷойи сеюм ва 57 медал (18 тило, 22 нуқра ва 17 биринҷӣ) гашт.

Солҳои охир дар Тоҷикистон намудҳои нави варзиш: таэквон-до (ИТФ ва ВТФ), карате-до, карате-кёкушинкай, ушу, айкидо, кикбоксинг, пауэрлифтинг (сеҳарба) пайдо шуданд, ки имрӯз бомуваффақият инкишоф меёбанд. Инчунин ҷиҳати аз нав эҳё намудани камонварӣ, вазнбардорӣ, баскетбол, волейбол, тенниси рӯйи миз, чав­гонбозӣ ва ғайра корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Аз соли 1992 дар ҷумҳурӣ оид ба 43 намуди варзиш федератсия­ҳои миллӣ ташкил карда шудаанд, ки бисёри онҳо узви фе­дератсияҳои байналмилалӣ мебошанд. Ин ба варзишгарони ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки дар мусобиқаҳои бай­нал­милалӣ оид ба футбол, бокс, таэквон-до, карате-до, варзиши сабук, шоҳмот, камон­варӣ, теннис, куштии ҷуду, куштии самбо, куштии тарзи озод, куштии тарзи юнонӣ-румӣ, куштии кураш, вазнбардорӣ, акробатика, тирандозӣ ва дигар намудҳои варзиш иштирок кунанд.

Моҳи октябри 2004 нахустин бозиҳои ҷавонони То­ҷи­ки­стон аз рӯи 9 намуди варзиш (баскетбол, бокс, волейбол, вар­зи­ши сабук, футболи хурд, тенниси рӯйи миз, гӯш­тини миллӣ, ҷуду ва самбо) доир гардид. Варзишгарони маъ­юбро Федератсияи варзиши маъюбони Ҷумҳу­рии Тоҷи­кис­тон мут­та­ҳид менамояд.

Солҳои охир барои аз нав эҳё намудани варзиши кӯда­кону наврасон, доир намудани мусобиқаҳои варзи­шӣ барои насли наврас корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Вазъи тарбияи ҷисмонӣ дар байни хонандагони мак­табҳои миёна ва олӣ сол аз сол беҳтар мегардад. Дар ҷум­ҳурӣ 118 (2009) мактаби махсуси варзишӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 36022 (2013) ҷавонон (аз ҷумла 1724 нафар духтарон) машқ меварзанд. Бисёр дастпарварони ин мактабҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва бай­нал­милалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд. Дар комёбиҳои варзишии ҷум­ҳуриявӣ хидмати мураббиёни Мактаби варзишии кӯдако­ну наврасони захираҳои олимпӣ низ бузург аст. Т. Холназаров дар мусобиқаи пауэрлифтинг чемпиони ҷаҳон ва Осиё шуд.

Дар 20 соли охир дар ҷумҳурӣ, бахусус таэквон-до (ИТФ) таҳти роҳбарии президенти Федератсияи миллии таэквон-до (ИТФ)-и Тоҷикистон, сармураббии тими мунтахаби ҷумҳурӣ М. Яҳёев хеле рушд кард. Таэквондочиёни зерини ҷумҳурӣ дар солҳои гуногун чемпиони ҷаҳон ва Осиё, ғолиби Ҷоми Аврупо гардидаанд: А. Азизов, А. Ахмедов, Ш. Баҳромов, Ш. Бердиев, И. Ғафуров, А. Давлатов, Ҷ. Мирзоев, П. Муродзода, Мифтоҳиддини Нарзулло, Ш. Муҳаммадраҳимова, Ф. Назаров, Ф. Ф. Назирматов, У. Насриддинов, Далер Сайфиддинов, Дилшод Сайфиддинов, М. Сатторов, Ш. Сафаров, Т. Султонов, С. Тағой­наза­ро­ва, Д. Тюраев, Р. Ӯлмасов, Ф. Урунов, А. Фазлиев, И. Фу­зай­лов, Г. Ҳабибуллоева, Н. Ҳамидова, З. Холова, М. Чернова, Е. Мухтарова, Д. Шарифӣ, Ф. Шарифӣ.

Навъҳои маъмули варзиш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дигар навъҳои маъмултарини варзиш имрӯз дар Тоҷи­кистон куштӣ ва бокс мебошанд. Ҳамасола дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ ва дигар маросимҳо дар ҷумҳурӣ мусо­биқаҳои куштӣ баргузор мегарданд. Варзишгарони то­ҷик Расул Боқиев, Н. Аслонқулов, Ш. Бозоров, Парвиз Собиров, Р. Ҳукуматов (ҷуду), Беҳрӯз Хоҷазода, Саидаҳтам Раҳимов, Н. Лои­қов, Ҷ. Сулаймонов, Н. Хоркашов, Х. Назриев, Ф. Раҳ­ма­тул­лоев, Д. Бачабеков, Х. Устопириён, Р. Эктов (гӯш­тини тарзи самбо), Юсуф Абдусаломов, В. Карякин (гӯш­тини тарзи озод), М. Тӯйчиев (куштии тарзи юнонӣ-румӣ), Ҷ. Қурбонов, Ш. Достиев, Анвар Юнусов, А. Ҳасанов, Мавзуна Чориева (бокс), Дилшод Назаров (гурзпартоӣ) ва бисёр дигарон дар мусоби­қа­ҳои байналмилалӣ ғолиб омада, сазовори ҷойҳои намоён ва ҷоизаҳо гаштаанд.

Варзиши маъюбон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1991 Федератсияи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд ва он соли 1996 узви Кумитаи паралимпии ҷаҳон гардид. Соли 2003 Кумитаи паралимпии Тоҷики­с­тон таъсис ёфт. Варзишгарони маъюби тоҷик мунтазам дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, ба на­тиҷаҳои назаррас ноил мешаванд. Соли 1990 варзишгари нобино С. Ҳам­дамов дар мусобиқаи шоҳмотбозон (Итолиё) чемпиони ҷаҳон гардид. Июни 1994 С. Ё. Боев дар Супермарафони байналмилалӣ ба масофаи 9000 м иштирок карда, сазовори ордени «Мардонагӣ»-и Федератсияи Русия шуд. Соли 2004 вазнбардор П. Одинаев дар Бо­зиҳои паралимпии Юнон (Афина) ҷойи 8-умро гирифта, ба қатори 10 вазнбардори беҳтарин дохил гардид. Соли 2006 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба даст­хобонӣ доир гардид, ки дар он варзишгарони маъюби тоҷик соҳиби 5 медали тило, 3 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ шуданд. Соли 2006 тими мунтахаби варзишгарони маъюби Тоҷи­ки­стон дар Бозиҳои паралимпии Малайзия (Куала-Лумпур) иштирок кард. Майи 2006 З. Розиқова дар Чемпионати ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ ҷойи ифтихории чорумро гирифт. Соли 2007 дар Чемпионати Осиё варзишгарони тоҷик соҳиби 3 медали тило, 2 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гаштанд. А. Қодиров ва А. Хӯҷамқулова чемпиони Осиё шуданд. Ҳамон сол дар Итолиё варзишгар А. Қодиров дар мусобиқаи даст­хобонӣ медали бирин­ҷӣ гирифт. Соли 2008 низ дастаи мунтахаби варзишгарони маъюби Тоҷикистон дар Бо­зиҳои паралимпии Хитой (Пекин) иштирок кард. Федератсияи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши маъюбон якҷоя бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2002 ҳар сол оид ба намудҳои мухталифи варзиш мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мекунад. Соли 2009 дар шаҳри Душанбе оид ба даст­хобонӣ ва тенниси рӯйи миз, дар шаҳри Кӯлоб дар вазнбар­дорӣ, дар ноҳияи Шаҳринав дар шоҳмоту шашка мусоби­қаҳо, инчунин байни шогирдони мактабҳои махсус (мак­табҳо барои бачагони имкониятҳояшон маҳдуд) спартакиада доир шуд.

Ширкат дар мусо­би­қаҳои байналмилалӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Варзишгарони Тоҷикистон дар чемпионатҳо ва мусо­би­қаҳои бонуфузи байналмилалӣ фаъолона шир­кат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Нахустин чемпиони ҷаҳон (1958) ва Аврупо (1959) аз Тоҷикистон Анатолий Тилик (тирпар­ронӣ аз туфанг) буд. Дар солҳои баъдӣ варзишгарони Тоҷикистон Ю. Т. Лобанов (каноэ), М. Т. Лобанов (каноэ), Саидмуъмин Раҳимов (куштии самбо), Зебуниссо Рустамова (камонварӣ), А. Старостин (панҷҳарбаи муосир), Ю. И. Баранов (варзиши парашютӣ), С. Гусейнов (ве­лосипед­ронӣ), Ҳ. Исмоилов (шамшербозӣ), Э. Шиллер (гимнастикаи бадеӣ) дар чемпионатҳои ҷаҳон фаъо­лона ширкат варзида, сазовори унвони чемпиони ҷаҳон гардиданд. Чемпион ва рекордсмени ҷаҳон В. По­лосин, чем­пион­ҳои Аврупо И. Коваленко (тен­ниси рӯйи миз), Г. Пӯлодова (камонварӣ), В. Двигун (вазн­бардорӣ), И. Белевсева (ҷаҳидан ба об), ғолибони мусобиқаҳои бай­нал­милалӣ А. Тихонов (ве­ло­сипед­ро­нӣ), заврақ­рон­ҳо Н. Суровитский, В. Пянков, В. Кабиров, камонварон Н. Рустамова, А. Панжин, Х. Исмоилов (шам­шербозӣ), В. Степушина ва Н. Сипова (варзиши сабук), Х. Мадмусоев (бокс) ва бисёр дигарон шарафи варзишии тоҷикро дар арсаи байнал­милалӣ баланд бардоштанд.

Бозиҳои олимпӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин ширкатдори Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон қаиқрон Иброҳим Ҳасанов (соли 1960, дар Бозиҳои олимпии XVII шаҳри Руми Итолиё) мебошад. Варзишгар Юрий Лобанов дар Бозиҳои олимпии XX Мюнхен (1972) оид ба қаиқронӣ ғолиб омад. Зебуниссо Рустамова дар Бозиҳои олимпии XXI Монреал (1976) оид ба камонварӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар Бозиҳои олимпии XXII Маскав (1980) Анатолий Старостин оид ба панҷҳарбаи муосир соҳиби ду медали тило (дар ҳай­ати даста ва шахсӣ) ва Юрий Лобанов соҳиби медали биринҷӣ гаштаанд. Соли 1992 варзишгар Андрей Абдувалиев дар гурзпартоӣ чемпиони Бозиҳои олимпиии тобистонаи Барселона (1992) дар риштаи гурзпартоӣ шуд.

Солҳои соҳибистиқлолии Тоҷи­кис­тон дар Бози­ҳои олимпии тобистона дар Пекин (2008) Юсуф Абдусаломов дар куш­тии озод ҷои дуввум ва медали нуқра, Расул Боқиев дар куштии ҷуду сазовори ҷойи саввум ва медали биринҷӣ гашт. Мавзуна Чориева дар Бозиҳои олимпии тобистона дар Лондон (2012) соҳиби медали биринҷӣ ки дар риштаи муштзанӣ гардид. Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии тобистона дар Рио-де-Жанейро (2016) медали тилоро ба даст овард[3]. Дар Бозиҳои олимпии тобистона дар Порис (2024) Сомон Маҳмадбеков[4] (то 81 кг), Темур Раҳимов[5] (беш аз 100 кг) дар куштии ҷуду ва Давлат Болтаев[6] дар муштзанӣ соҳиби медали биринҷӣ гаштанд.

Таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати Тоҷики­с­тон ба варзиш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷики­с­тон ба руш­ди бемайлони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тар­ғиби ҳаёти солим ва яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонсонҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Дар ҷумҳурӣ аз соли 2006 ҳар сол Рӯзи дави миллӣ ва аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт ниммарофони байнал­мила­лӣ доир мешавад. Аз рӯи намудҳои мухталифи В. мусобиқаҳо ва чемпионати ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор мегарданд. Солҳои охир бо даъвати Президенти кишвар ва дастгирии мақомоти маҳаллию соҳибкорон варзишгоҳҳои бисёр шаҳру ноҳия­ҳо аз нав тармим карда, дар баъзе ноҳияҳо вар­зишгоҳҳо ва толорҳои варзиши нав сохта ба истифода дода шуданд. Ин амал имрӯз ҳам идома дорад. Дар ҷумҳурӣ беш аз 1 млн нафар наврасону ҷавонон ба варзиш машғуланд (2013). Варзишгарони То­ҷи­кистон соли 2012 дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии байнал­милалӣ 423 медал, аз ҷумла 118 медали тило, 120 медали нуқра ва 185 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

  1. Барои рушди варзиши тоҷик барномаи нав қабул шуд. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. youth.tj. 13 феврали 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 феврали 2018.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»(тоҷ.). Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. majmilli.tj (16 апрели 2017). 13 феврали 2018 санҷида шуд.
  3. Қадрдонии Дилшод Назаров бо ҷоизаи Кумитаҳои миллии олимпӣ | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). Проверено 13 феврали 2018.(пайванди дастнорас)
  4. Фараж. Медали биринҷии Сомон Маҳмадбеков аз Бозиҳои олимпӣ. Фараж (31 июли 2024). 18 Декабри 2024 санҷида шуд.
  5. Нарзуллоҳи Латиф. Темур Раҳимов дар Бозиҳои олимпӣ медали биринҷӣ гирифт(тоҷ.), Радиои Озодӣ (2 августи 2024). Проверено 18 Декабри 2024.
  6. Давлат Болтаев сеюмин медали биринҷии олимпиро ба Тоҷикистон меорад(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (5 августи 2024). 18 Декабри 2024 санҷида шуд.
  • Сиярқулов Т. Прошлое и настоящее таджикского спорта. Д., 1968;
  • Латипов Н., Мирзоев А. Душанбе — спортивный город. Д., 2004.