Таърихи Тоҷикистон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Таърихи Тоҷикистон - Аҷдодони тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон зиндагй намуда халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза қадимтарин осори ҳаёти инсон ба давраи палеолити миёна рост меояд. Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд. Ориёӣ - аз калимаи авестоии «aria» ва эронии «ariya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст. Дар замонҳои қадим аҷдодони тоҷиконро - ориёӣ мегуфтанд.

Таърихи қадимтарини ориёиҳо дар китоби Авесто ва Ведҳо, адабиёти зардуштӣ ва сарчашмаҳои асримиёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ғайра сабт гардидааст.

Дар қадим аҷдоди ориёиҳо ҷамъияти ягонаи этникиро ташкил мекарданд, яъне як халқ буданд, бо як забон гап мезаданд ва дар як кишвар зиндагӣ мекарданд. Тақрибан дар асри XX - XV п.м. онҳо ба ду шоха тақсим шуданд, ки яке аз онҳо ба Ҳиндустон кўчида дар онҷо Ведҳоро таълиф карданд. Гурўҳи дуюм дар Осиёи Миёна ва Эрони Шарқӣ зиндагӣ мекарданд ва Авесто - ро офариданд. Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ дар асрҳои IX – VIII то м. тоифаи ориёиҳо тақрибан дар нисфи қитъаи Осиё аз сарҳади Байнаннаҳрайн то шимоли Ҳиндустон ва аз Аврупои Шарқӣ – Чанубӣ то Олтойу Сибири Ғарбӣ зиндагӣ мекарданд.

Ба қатори халқҳои ориёӣ ин давра - бохтариҳо, суғдиҳо, хоразмиҳо, портҳо, модҳо, форсҳо, халқҳои саҳронишин сакоиҳо - скифҳо, сарматҳо, массагетҳо ва халқҳои дигари эронинажод дохил мешуданд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ мардуми Ориёно - Давлати Пешдодиён ва Давлати Каёниён, Турон - Давлати Афросиёб, Подшоҳии Бохтари қадим, Давлати Суғди қадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон аҷдодони ориёӣ номбар шудааст. [1]

Солномаи таърихи тоҷикон[вироиш]

Империяи Ҳахоманишиён
Давлати Юнону Бохтар
Давлати Сосониён


Давраи Авестоӣ[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Авесто

Авесто (маънояш «асос», «дастур»,«дониш») - қадимтарин сарчашмаи таърихии хаттӣ ва китоби муқаддаси зардуштиён аст, ки дар асрҳои VII то милод - VI милодӣ ташаккул ёфта, то асри VI милодӣ, замони давлатдории Сосониён ҷамъ оварда шудааст. Авесто аз 21 наск, яъне китоби алоҳида иборат аст, ки то ба мо чаҳоряки он расидааст. Дар он таълимоти динии Зардушт ва дигар маводҳои таърихӣ, мансуб ба ҳамон давр гирд оварда шудааст. Дар Авесто ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ кишвари қадимаи сукунати тоифаҳои ориёӣ Айиряна Ваеҷаҳ – Орёвиҷ номбар шудааст.

Айиряна Ваеҷаҳ – Орёвиҷ (аз заб. авестоӣ – «фазо, ё доманаҳои Ориё») – маҳалли қадимаи сукунати тоифаҳои ориёӣ. Дар ҳазорсолаи II то милод аз ҳудуди имрузаи Урали Чанубӣ, Қазоқистон, Туркистони Чин дар Шимол то водиҳои Осиёи Миёна, Эрони Шарқӣ ва Афғонистон дар Чануб ҷойгир щуда буд.

Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд. Имрўз ба ориёиҳо: тоҷикон, эрониҳо, ҳиндуҳо, курдҳо, балуҷиҳо, тотҳо, паштуҳо, осетинҳо ва дигар халқҳо мансубанд.

Ориёӣ - аз калимаи авастоии «aria» ва эронии «ariya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст.

қабилаҳои ориёӣ - номи қабилаҳои қадимтарини ҳиндуэронӣ мебошад, ки дар аввали ҳазораи дуюми то милод аз ҳиндуаврупоиҳо ҷудо шуда ба Осиёи Марказӣ, ва охири ҳазораи дуюми то милод ба Эрон ва Ҳиндустони Шимолӣ ҳиҷрат кардаанд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ мардуми Ориёно,(Давлати Пешдодиён ва Давлати Каёниён) Турон, Подшоҳии Бохтари қадим, Давлати Суғди қадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон аҷдодони «ориёӣ» номбар шудааст.

Дар Авесто ду кишвари таърихӣ Ориёно ва Турон номбар гардидааст, ки онҷо сулолаи Пешдодиён ва Каёниён (Давлати Пешдодиён ва Давлати Каёниён) ҳукумрон буданд.

Пешдодиён ва Каёниён – аввалин сулолаҳои подшоҳии ориёӣ, ки дар Осиёи Марказӣ дар охири ҳазораи III ва II то милод ҳукмронӣ кардаанд. Мувофиқи сарчашмаҳои қадим китобҳои «Авесто», «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ, «Таърихи Табарӣ» сулолаи Пешдодиён (Давлати Пешдодиён) аз Хушанг то Гаршосп ва сулолаи Каёниён (Давлати Каёниён) аз Қубод то Гуштосп(Виштосп) дар Эрон(Ориёно) подшоҳӣ кардаанд.

Ориёно – (аз номи қабилаи айиря) – кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили чапи Сирдарё, сипас, заминҳои соҳили чапи Амударё, сарзамини имрўзаи Туркманистони ҷанубу ғарбй, Афғонистону Эрон.

Турон- (аз номи қабилаи туйиря) – кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили рости Амударё доманакўҳҳои Тиёншону Помир, Ҳафтруд, Қазоқистон ва Урали ҷанубй.

Тоҷикистон дар ҳайати давлатҳои таърихӣ[вироиш]

НОМИ ДАВЛАТҲО/ Пойтахт СУЛОЛАҲО / ШОҲОН ДАВРАИ МАВҶУДИЯТИ ДАВЛАТДОРӢ МАВҚЕИ ГЕОГРАФӢ (МАРЗҲО)
Бохтар, ш. Бактра, Бахди (Балх) Асрхои IX – VI то милод Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ, Ӯзбакистони ҷанубу ғарбӣ, Афғонистони шимолӣ
Суғд, ш. Мароқанд (Самарқанд); Асрхои IX – VI то милод Водихои Зарафшон ва Қашқадарё
Хоразм, ш. Киат Асрхои IX – VI то милод Ӯзбакистони шимолӣ, резишгоҳи Амударё, Қазоқистони ҷанубу ғарбӣ
Фарғона (Даван), ш. Асхикат Шоҳ Мугия Асрҳои II – I то мелод Водии Фарғона
Кирпанд Асрхои II – I то мелод Чин (Хитой) – и шимолу ғарбӣ
Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо, ш. Персеполис Куруши Кабир – Куруши II (с. 559 – 530 то мелод), Камбизи II (с. 530 – 522 то м.), Дорои I (с. 522 – 486 то м.), Дорои II (c. 423 – 404 то м.) ва диг. Солҳои 550 – 330 то мелод Осиёи Хурд ва Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистони шимолӣ, Ҳиндустони шимолу ғарбӣ
Порт (Парфия), ш. Нисса Шоҳаншоҳии сулолаи Ашкониён Аршак (с. 256 то м.) ва диг. Миёнаи асрхои III – II то мелод – то с. 224 мелод Эрони ғарбӣ, Мидия, ғарби Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Ҳиндустони шимолӣ
Юнону Бохтар, ш. Бактра, Бохтар (Балх) Диодот, (с. 256 то м) ва диг. Солхои 256 – 120 то мелод Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Ҳиндустони шимолу ғарбӣ
Шоҳаншохии Кушониён, ш. Пурушапура (Пешовар) Куджула Кадфиз I Вима Кадфизи II Канишка ва диг. Асрҳои I – IV мелод Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Ҳиндустон, шимолу ғарбии Чин
Давлати Сосониён, ш. Ктесифон, Шуш Ардашери Бобакон (с. 224 - 242), Шопури I (с. 242 - 272), Шопури II (с. 309 - 379), Баҳроми Гур (с. 421 – 439), Хусрави I Анушервон (с. 531 – 579), Хусрави Парвиз I (с. 591 – 628) ва диг. Солҳои 224 – 651 Эрон, Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Кавкази ҷанубӣ
Давлати Ҳайтолиён Готифар, Хушнавоз, Ахшунвар ва диг. Аз солҳои 80 – 90 асрҳои IV то VI Осиёи Марказӣ, Туркистони шарқӣ, Афғонистон ва Ҳиндустон
Ҳукумронии Хилофати Араб дар Хуросону Мовароуннаҳр, ш. Димишқ, Бағдод, Нишопур сулолаи Уммавиён (с. 661 - 750) ва Аббосиён (с. 750 - 1258) солҳои 715 - 892 Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон
Давлати Тоҳириён ш. Нишопур Тоҳир ибни Ҳусайн (с. 821 - 822), Талха ибни Тоҳир (с. 822 - 828), Абдулло ибни Тоҳир (с. 828 - 844), Тоҳири II (с. 845 - 862), Муҳаммад (с. 862 - 873) Солхои 821 - 873 Хуросон, Эрон ва Афғонистони шимолӣ
Давлати Саффориён ш. Нишопур Яъқуб ибни Лайс (с. 873 - 879), Амр ибни Лайс (с. 879 - 903); Солхои 873 - 900 Хуросон, Эрон ва Афғонистони шимолӣ
Давлати Сомониён ш-ҳои Самарқанд, Бухоро Асад ибни Сомон, Нӯҳ ибни Асад (с. 819 - 841), Аҳмад ибни Асад (с. 841 - 864), Насри ибни Аҳмад (с. 864 - 892), Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (с. 892 - 907), Аҳмад (с. 907 - 914), Наcри II (с. 914 - 943), Нӯҳ 1 (с. 943 - 954) Солхои 819 - 999 Аз Хоразм, Исфиҷоб ва Ҳафтруд дар шимол то Ғазнаву Сиистон дар ҷануб, аз баҳри Каспий дар ғарб то Помиру Олой дар шарқ
Давлати Ғуриён ш –ҳои Фирӯзкӯҳ ва Ғазна Алоуддин Ҳусейн (с. 1150 - 1163), Муизуддин ва Ғиёсиддин Муҳаммад (с. 1163 - 1203), Шахобиддин Мухаммад (с. 1203 - 1206); Ибтидои асри 1150 – 1215 Солҳои 1150 - 1215 Эрони шарқӣ, Афғонистон, Ҳиндустони шимолӣ
Давлати Куртҳои Ҳирот ш. Ҳирот Шамсиддин Муҳаммад (с. 1245 - 1278), Рукниддин (с. 1278 - 1291), Шамсиддин Кехин (с. 1291 - 1307), Малик Фахриддин (с. 1330 - 1370) ва диг. Солҳои 1245 – 1381 Афғонистон
Давлати Музаффариҳо. ш. Исфаҳон Муборизиддин Муҳаммад ибни ал – Музаффарӣ (с. 1314 - 1358) ва диг. Солҳои 1314 – 1393 Эрон – Исфаҳон, Кирмон, Форс, Язд
Давлати Сарбадорони Сабзавор ш. Сабзавор Амануддин Абдураззоқ (1336 - 1338) ва диг. Солҳои 1336 - 1381 Эрони Шарқӣ
Ҳоконии Турк (аз соли 603 Ҳоқонии Туркони ғарбӣ) Бумон (с. 551 - 553), Мухон (с. 553 - 572) ва диг. Солҳои 551 – 744 Осиёи Хурд, Осиёи Марказӣ, Туркистони шарқӣ, Афғонистон
Давлати Газнавиён ш. Ғазна Алптегин (с. 963 - 997), Сабуктегин (с. 977 - 998), Султон Маҳмуд (с. 998 - 1030), Масъуд I (с. 1030 - 1041) ва диг. Солҳои 963 – 1186 Афғонистон, Ҳиндустони шимолу ғарбӣ, Точикистони ҷанубӣ (Чағониён), Хоразм, Исфаҳон, Райи Эрон
Давлати Қарахониён. ш. Узганд Бугрохон, Наср ибн Алӣ ва диг. Солҳои 999 - 1212 Узбекистон (Фарғона, Термез, Хоразм), Тоҷикистон (Хатлон, Вахш)
Давлати Салҷукиён ш. Марв Тоғралбек (с. 1038 - 1063), Алп Арслон (с. 1063 - 1072) Солҳои 1040 - 1157 Дар ғарб аз соҳили баҳри Миёназамин то Кашғари Чин дар шарқ, аз баҳри Аралу Каспий то халиҷи Форс
Давлати Хоразмшоҳиён ш. Урганҷ Отсиз (с. 1127 - 1153), Алоуддин Текеш (с. 1172 - 1200), Муҳаммад (с.1200 – 1220) ва диг. Солхои 1097 - 1220 Дар шимол аз баҳри Аралу Каспий то халиҷи Форс дар ҷануб аз куҳҳои Кавказ дар ғарб то Ҳиндукуш дар шарқ
Давлати Чингизиён (улуси Чағатой) Чингизхон (с. 1206 - 1227), Уктой (с.1229 - 1241) Гуюкхон (с. 1246 – 1248) ва диг. Солхои 1220 - 1370 Муғулистон, Ҳафтруд, Хоразм, Осиёи Марказӣ, Олтой ва Чин
Давлати Темур ва Темуриён ш - ҳои Самарқанд, Ҳирот Темур (с. 1370 - 1405), Шоҳрух (с. 1405 - 1447), Улуғбек (с. 1411 - 1447), Абусаид (с. 1451 - 1469) ва диг. Солхои 1370 - 1500 Дар ғарб аз соҳили баҳри Миёназамин то Кашғари Чин дар шарқ, аз Дашти қипчоқ дар щимол то соҳили Ганга дар ҷануб
Давлати Шайбониён. ш - ҳои Самарқанд, Бухоро Муҳаммад Шайбонихон (с. 1499 - 1510) ва диг. Солхои 1500 - 1599 Осиёи Марказӣ, Туркистони шарқӣ, Афғонистони шимолӣ
Давлати Аштархониён ш. Бухоро Сулолаи Ҷониён Боқимуҳаммад (с. 1599 - 1605) ва диг. Солхои 1599 - 1747 Осиёи Марказӣ, Туркистони шарқӣ, Афғонистони шимолӣ
Аморати Бухоро ш.Бухоро Сулолаи манғитиён Муҳаммад Раҳимбий (с. 1753 - 1758) ва диг. Амири охирон Саид Олимхон (с. 1910 - 1920) Солхои 1753 – 1920 Ӯзбекистони Марказӣ ва ҷанубӣ, Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ, Туркманистони шарқӣ


  • Манбаъ: [5]

Номгузориҳои таърихӣ-ҷуғрофӣ[вироиш]

  • Айиряна Ваеҷаҳ - Орёвиҷ (аз заб. авестои – «фазо, ё доманаҳои Ориё») – маҳалли қадимаи сукунати тоифаҳои (кишвари) ориёиҳо.
  • Ориёно – (аз номи қабилаи айиря) – кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили чапи Сирдарё, сипас, заминҳои соҳили чапи Амударё, сарзамини имрўзаи Туркманистони ҷунубу ғарбӣ, Афғонистону Эрон.
  • Турон - (аз номи қабилаи туйиря) – кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили рости Амударё доманакўҳҳои Тиёншону Помир, Ҳафтруд, Қазоқистон ва Урали ҷанубӣ.
  • Дарёи Окс - (аз заб. лотинӣ - Ox), Ҷайҳун (аз заб. арабӣ) – Амударё.
  • Дарёи Яксарт (аз заб. лотинӣ - Yaksart), Сайҳун (аз заб. арабӣ) – Сирдарё.
  • Хуросон – кишварест, ки аз асри III-IV дар давлати Сосониён мавриди истифода қарор гирифта дар маънои васеи калима сазамини Эрону Афғонистони имрўза ва Вароруд-Мовароуннаҳрро, ки сокинонаш форсизабон буданд дар назар дошт. Минбаъд ин истиллоҳи ҷуғрофӣ ба сарзамини соҳили чапи Амударё-Вахш, имрўза Туркманистони ҷанубӣ, Эрони шарќӣ ва Афғонистон низ нисбат дода мешавад.
  • Вароруд (Варазруд) – сарзамини байни Амударё ва Сирдарё. Номгузории форсии кишвар то забти арабҳо.
  • Мовароуннаҳр (аз заб. араби – «он сўи дарё» - и Аму) – кишварест дар қисми рости Амударё, имрўза Тоҷикистон, Ўзбекистон, Туркманистони щарқӣ ва Қирғизистон, ки дар асри YIII аз тарафи Хилофати Араб забт шудааст.
  • Кишвари Аҷам – кишвари аҳолиаш форсизабон, яъне Хуросон ва Мовароуннаҳр.
  • Тахористон – мамлакатест, ки дар ду соҳили дарёи Панҷ ҷойгир буд, сарзамини имрўзаи Афғонистони шимолӣ, Тоҷикистону Ўзбекистони ҷанубӣ.
  • Чағониён – мулкест дар поёноби дарёи Чағонруд (Сурхондарё).
  • Қубодиён - мулкест дар соҳили ҷанубии дарёи Ромид (Кофаниҳон).
  • Вахш – мулкест дар водии дарёи Вахшаб (Вахш).
  • Хуттал - мулкест дар водии байни дарёи Вахш ва Панљ бо шаҳрҳои бостонии Хулбук ва Мунк. Дар асри IX ба ҳайати Хуттал мулкҳои Қубодиён, Вашгирд ва Вахш тобеъ буданд.
  • Вашгирд – мулкест дар болооби дарёи Кофарниҳон, сарзамини имрўзаи ноҳияи Файзобод.
  • Рашт – мулкест дар водии Ќаротегин, сарзамини имрўзаи гурўҳи ноҳияҳои Рашт.
  • Кумед - мулкест дар болооби дарёи Вахш, сарзамини имрўзаи ноҳияҳои Дарвоз, Ванч ва Бадахшони шимолӣ.
  • Каран - мулкест дар сарзамини имрўзаи ноҳияи Дарвоз.
  • Вахон - мулкест дар водии Вахондарё, сарзамини имрўзаи ноҳияи Ишкошим.
  • Шикинан - мулкест дар, сарзамини имрўзаи ноҳияи Шуғнон.
  • Бадахшон - мулкест дар соњили ғарби ва шарқии дарёи Панҷ , музофоти имрўзаи Бадахшони Афғонистон.
  • Шумон - мулкест дар байни дарёи Кофарниҳон ва Хонаќои водии Ҳиссор.
  • Аҳорун - мулкест дар ду тарафи дарёи Қаротоғи водии Ҳиссор.
  • Фарғона - мулкест дар водии Фарғона, ки дар сарзамини имрўзаи Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Ќирғизистон ҷойгир аст.
  • Истаравшан - мулкест дар байни Сирдарё дар шимол ва ќаторкўҳи Ҳиссор дар ҷануб ҷойгир шудааст. Сарзамини имрўзаи ноҳияҳои Истаравшан ва Шаҳристон.
  • Чоч ва Илок - мулкест дар байни дарёи Чирчиқ ва Илок, дар имрўза вилояти Тошканди Ўзбекистон
  • Исфиҷоб - мулкест дар водии дарёи Арыси Қирғизистон.
  • Кеш - мулкест дар водии Ќашқадарё, дар имрўза вилояти Шаҳрисабзи Ўзбекистон.
  • Хоразм – мулкест, ки дар асрҳои миёна дар резишгоҳи Амударё ҷойгир буд. Сарзамини имрўзаи вилояти Хоразми Ўзбекистон.
  • Марв - мулкест дар водии дарёи Мурғоби имрўза Туркманистони ҷанубӣ.
  • Ҳирот - мулкест дар болоби дарёи Ҳарируди имрўза Афғонистони шимолу ғарбӣ.
  • Ғур - мулкест дар болоби дарёҳои Ҳарируд ва Ҳилманд, дар имрўза Афғонистони шимолӣ.
  • Балх - мулкест дар соҳили ғарбии дарёи Панҷ, музофоти имрўзаи Балхи Афғонистон.
  • Ҷузҷон - мулкест дар водии дарёи Шибирғони имрўза Афғонистони шимолӣ.
  • Туркистон – дар асрҳои миёна зери ин номгузорӣ сарзамини қисми шимолии Сирдарё то доманакўҳҳои Олтой дар назар дошта мешавад.
  • Туркистони шарқӣ - сарзамини имрўзаи қисми шимолу шарқии Хитой(Чин).
  • Дашти Қипчоқ - сарзамини имрўзаи даштҳои Қазоқистон, Сибири ҷанубӣ ва дашту доманакўҳҳои Олтой.
  • Бухорои Шарқӣ - сарзамини имрўзаи Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ, ки дар асрҳои XYIII ва ибтидои XX ба ҳайати аморати Бухоро дохил буданд.
  • Кӯҳистон - мулкҳои болооби Зарафшон: Фалғар, Мастчоҳ, Фон, Киштут

ва Могиён, ки дар нимаи дуюми асри XIX мулкҳои ниммустақил (аз аморати Бухоро) буданд.

Тоҷикистон дар низоми Иттиҳоди Шӯравӣ[вироиш]

14 октябр соли 1924 дар натиҷаи таъиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳурихои Шӯравии Осиёи Миёна дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбакистон Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки он аз вилоятхои Ғарм, Кӯлоб, Қӯргонтаппа, Ҳисор, кисман Сариосиё (аз ҳисоби Ҷумҳурии Халкии Шӯравии Бухоро) ва 12 ноҳия иборат буд. Вилояти махсуси Помир, ки пештар ба хайати Ҷумҳуриии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон дохил мешуд, ба Вилояти Худмухтори Бадахшони Кухи табдил дода шуд ва 2 январи соли 1925 ба хайати Ҷумҳурии Худмухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ гардид. 4 сентябри соли 1929 уезди Хуҷанд низ ба Тоҷикистон ҳамроҳ гардид.16/27 октябр соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар хайати вилоятхои Бадахшон, Ғарм, Кулоб, Кӯргонтеппа, Ӯротеппа, Панҷакент, Хуҷанд ва Ҳисор ташкил шуд.

Ҷумхуриҳои нав ташкилёфтаи Иттиҳоди Шӯравӣ, аз чумла ҶШС Тоҷикистон аз рӯи намунаҳои умумииттифоқӣ идора мешуданд. Дар маънавиёти мардуми кишвар тағйироти нав ба амал омад. Айни замон бисёр анъанаҳои халқҳои мухталифи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон дар замони ҳукуматдории шуравӣ ба инобат гирифта намешуданд. Дар Тоҷикистон идеологияи коммунистӣ ҳукумрон гардида, дини ислом ба зери таъқиб қарор гирифта буд, Қисми мардуми кишвар тартибу низоми шуравиро рад намуда бо Ҳукумати шуравӣ ҷангиданд (ҷанги шахрвандии с. 1918-1924). Аммо ба максад нарасида Ватани бобоияшонро тарк намуданд. Дар солхои 30-40 асри XX асосҳои нави истеҳсолоти саноатй дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гузошта шуданд. Дар деҳот коллективонии хочагидории деҳқонӣ анчом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони мустақил гардид. Инқилоби мадани ба ҳаёти тоҷикон мактабҳои навъи шурави ( мактаби махви бесаводии калонсолон, кудакистон, мактаби миёнаи наврасон, мактаб-интернат, омузишгохи касби, мактаби оли) муассисаҳои илмиву фарҳанги (театр, китобхона, клуб, чойхонаи сурх-кироатхона, музей, боги истироҳат, кинотеатр, варзишгоҳ)- ро ворид намуд. Тоҷикистон комилан ба комплекси ягонаи умумииттифоқии хоҷагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ (Иттиҳоди Шӯравӣ) гардид.

Солҳои 50-80 асри XX баъд аз ба сари давлат таъин гардидани сарварони таҳҷойи ба монанди Б. Ғафуров, Т. Улҷабоев, Ҷ.Расулов ва Қ.Махкамов иқтисодиёти Тоҷикистон рушд меёфт. Точикистон ба мамлакати хоҷагидориаш индустриалӣ - аграрӣ табдил ёфт, фархангу санъатӣ миллӣ эҳё гардид. Сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардид. Вале, бо вуҷуди он, Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳурихои шӯравӣ аз ҷиҳати таъмини манзили истиқомат, музди миёнаи маош, муассисаҳои илмӣ маориф, фарханг, шумораи бекорон ва диг. дар ҷойи охирон қарор дошт. Иқтисодиёти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон асосан барои таъмини корхонаҳои марказии Иттиходи Шўравӣ бо ашёи хом (неруи барқ, пахта, канданиҳои фоиданок, уран ва диг) нигаронида шуда буд.

24 августи соли 1990 ичлосияи дуюми Шўрои Олии ҶШС Точикистон, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар хайати Иттиҳоди Шӯравӣ қабул намуд. Дар давраи мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонн (солҳои 1924 - 1991) халки тоҷик аз нав тамаддуну фарҳанг ва забони форсӣ-тоҷикиро дар каламрави хещ эҳё намуд. Сутуни ояндаи давлатдории соҳибистиқлоли Точикистон гузошта шуд. Пас аз "табадуллот"-и (ГКЧП) коммунистони тундрав 19-21 августи соли 1991 дар Москва, ки бемуваффақият анҷом ёфт, Шўрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 "Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Точикистон" Изхорот ва қарор қабул намуд.

Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон[вироиш]

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона 9 сентябри соли 1991 арзи вуҷуд кардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президент сарварӣ мекунад. Президенти Тоҷикистон Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон буда аз ҷониби шаҳрвандони ҷумхурӣ ба тарзи овоздиҳии умумӣ интихоб мешавад.

Мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ мебошад, ки аз ду палата – Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндангон иборат аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарвазир, муовинон, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатй ташкил ёфтааст.

Конститутсия (Сарконуни) Ҷумхурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуда, 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба он тағйироту иловаҳо дохил карда шуданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 1991- аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ-СНГ) 2 марти соли 1992 - аъзои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ - ООН) 15 июни соли 2001 – аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва зиёда аз 50 ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад.[7][8]

Таърихи мухтасари кишвар[вироиш]

Аҷдодони тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон ва дигар чумҳуриҳои Осиёи Маркази сукунат доштанд. Соли 1980 дар вилояти Кўлоб, наздикии Ховалинг ҳангоми ҳафриёти археологй бозёфтҳое ба даст омаданд, ки далели ҳанўз ним миллион сол пеш дар замини Тоҷикистон зиндагй кардани одамони ибтидой буданд. Дар кўҳсори Тоҷикистон ёдгориҳои давраи мезолит ва неолит ёфт шуданд. Ду қабати поёнии мадании бошишгоҳи Тутқавул, наздикии Норак (ҳазораҳои Х-VII то мелод) ба давраи мезолит мансубанд. Ҳанўз дар асри санг маскуншавии баландкўҳҳо, аз чумла Помир оғоз мегардад. Дар Помири шарқй дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр қароргоҳи шикорчиёни кўчманчй - Ошхона ифтитоҳ гардид. Дар мағораи Шахта тасвирҳои рўисангии мансуб ба неолити ибтидой ёфт шуданд. Дар онҳо ҳайвоноти тирхўрда ва шикорчиён тасвир шудаанд.

Барои кўҳсор ва доманакўҳҳои Тоҷикистон маданияти давраи неолит хос буд, ки он маданияти ҳисор номида шудааст. Намояндагони ин маданият, ба ақидаи баъзе олимон, бо чорводорию зироаткорй машғул буданд. Айни замон шикор дар хочагии онҳо нақши калон мебозид. Дар маҳалли биёбонии Қайроққум, шимоли Тоҷикистон боқимондаҳои сершумори қароргоҳҳои аҳди биринҷй таҳқиқ шуданд. Аксари онҳо ба охири ҳазораи III ва аввали ҳазораи II пеш аз мелод мансубанд. Намояндагони маданияти қайроққуми аҳди биринҷй асосан бо чорводорй машғул буданд, вале айни замон аз зироату кори маъдан - пўлодгудозию кулолй низ огоҳй доштанд. Дар чануби Точикистон, дар поёноби дарёи қизилсу, Вахш ва Кофарниҳон маданияти дигар, маданияти бишкентии аҳди биринҷй бо зироаткорй, қароргоҳҳои мустаҳкам, дарачаи баланди истеҳсоли сафолот вусъат ёфта буд. Ин маданият ба ёдгориҳои аҳди биринчии Туркманистони ҷанубй ва Осиёи ҷанубу ғарбй наздик аст.

Ниёгони тоҷикон дар давраи қадим[вироиш]

Дар нимаи аввали ҳазораи I то мелод ачдодони тоҷикони ҳозира - бохтариҳову суғдиён аҳолии асосии давлатҳои қадимтарини ғуломдории Осиёи Миёна - Бохтар ва Суғд буданд. Бохтар - қисмҳои марказй, ҷанубй ва шарқии Тоҷикистони ҳозира (ҷануб ва ҷанубу шарқтар аз қаторкўҳҳои Ҳисор) ва Суғд - ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва музофоти шимолии қаторкўҳҳои Ҳисорро фаро мегирифтанд. Аҳолии қадимаи водии Фарғона (музофоти Даван), ҳамчунин қабилаҳои сершумори кўчманчй ва нимкўчманчии сакҳо - сокинони Помир, Тиёншон ва Сирдарё ачдодони точикон буданд. Забони ин халкиятҳо ба шохаи шарқии гурўҳи забонҳои эронй тааллуқ дошта, аз забони тоҷикии дертар ташаккулёфта фарқ мекарданд.

Дар асри VI пеш аз мелод шоҳ Куруш Бохтар ва Суғдро забт намуда, онҳо ба давлати форси Ҳахоманишиён дохил мегарданд. Дар асри IV пеш аз мелод онҳо як қисми давлати Искандари Мақдунй шуда, аз асри III пеш аз мелод ба давлати ворисони ў - Селевкиён дохил мегарданд. Баъдтар аз он салтанати Юнону Бохтар ҷудо мешавад. Миёнаҳои асри II пеш аз мелод дар натичаи муборизаи озодихоҳонаи бохтариҳову суғдиён ҳокимияти мақдуниҳо дар Юнону Бохтар сарнагун мешавад. Тахориҳо ба Бохтар якҷоя бо қабилаҳои массагетҳову сакоиҳо омада дар озодкунии мамлакат ва ҳаёти минбаъдаи сиёсӣ нақши калон бозиданд. Аз асри IV сар карда Бохтар Тахористон номида мешуд. Тахориҳо чун чузъи асосй ба халқи нав ташаккул ёфтаистодаи тоҷикон дохил мегарданд. Сипас Тахористон якчоя бо қисми зиёди Осиёи Миёна, қаламрави Афғонистони ҳозира ва Ҳиндустони шимолй дар ҳайати давлати бузург бо сарварии сулолаи Кӯшониён буд. Ин замони нашъунамои иқтисодиёту маданият, ривоҷёбии алоқаҳо бо Аврупои шарқй, Рум, Чин ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои бостоншиносии замони Кӯшониён пайвастани санъати осиёмиёнагй, юнонй ва ҳиндиро инъикос менамоянд.

Дар асрҳои VI-V ба Суғд ва Тахористон қабилаҳои даштнишини Ҳайтолиён меоянд, аз асри VI бошад дар ин сарзамин ҳокимияти Ҳоқонии турк барқарор мегардад. Дар асрҳои V-VI раванди феодализатсия торафт бештар вусъат меёбад. Аз асри VI то нимаи дуюми асри Х1Х дар қаламрави Тоҷикистони ҳозира муносибатҳои феодалй бо то андозае нигоҳ дошта шудани зуҳуроти боқимондаи кўҳна, нақши калони чамоат, ғуломдорй ҳукмрон буданд. Болоравии иқтисодиёт, ки асрҳои VI-VII, қабл аз истилои араб ба амал меомад, боиси боз ҳам бештар ба табақаҳои ичтимой чудо шудан мегардад. Аъёну ашрофи заминдор обу заминҳои обёришавандаро азони худ мекарданд.

Баробари болоравии иқтисодиёт маданият пеш рафта, шаҳрҳо тараққй мекарданд. Панчакент яке аз марказҳои маданияти ибтидоии асримиёнагии Осиёи Миёна буд. Қасру иншоотҳои мазҳабй, толорҳои бошукўҳ, ҳайкалу мусаввараҳои рангин бо сужетҳои оиди мавзўи эпосҳо аз дарачаи баланди маданияти бадей, санъат ва меъмории он замон далолат медиҳанд. Ёдгории катибаҳои Суғд, ки дар вақти кофтукови Калъаи Муғ ёфт шуданд, ба аввалҳои асри VIII мансубанд. Қалъаҳои феодалони асри миёнаи ибтидой хеле мустаҳкам карда шуда буданд (масалан Қалъаи Болои шаҳри Исфара).

Аз нимаи дуюми асри VII суғдиёну тохариҳо чун халқҳои Осиёи Миёна муқобили ғосибони араб мубориза мебурданд. Вале ханўз то миёнаҳои асри VIII арабҳо Осиёи Миёнаро истило намуда, ба ҳайати хилофат дохил карданд. Халқҳои Осиёи Миёна ба зўран чорй карда шудани дини ислом, забони арабй сахт муқобилият нишон медоданд, бар зидди ҳокимони араб исён мебардоштанд. Алалхус шўриш таҳти роҳбарии Муқаннаъ (солҳои 770-780) хеле тўлонй буд. Истилогарон ёдгориҳои маданиро несту нобуд мекарданд, шаҳрҳоро харобу валангор месохтанд, аз аҳолй андозҳои сершумори беинсофона ситонида, ба корҳои ичборй чалб мекарданд.

Давлати аввалини тоҷикон[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Давлати Сомониён
Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ

Асрҳои IX-X сарзамини ҳозираи Тоҷикистон ба ҳайати давлати бузурги Сомониён (с.819 - 999) дохил буд, ки он вилоятҳои калони таърихию маданй - Мовароуннаҳр (байни дарёҳои Ому ва Сир) ва Хуросонро (сарзамини ҷанубу ғарбии дарёи Ому) ташкил мекард. Дар ин давра Самарқанду Бухоро марказҳои калонтарини касбу ҳунар ва савдо, ҳамчунин илм, адабиёт ва санъат буданд. Дар доираи давлати Сомониён раванди ташаккулёбии халқи точик анҷом ёфта, дар он паҳншавии забони тоҷикии ғарбии эронӣ то ин замон бавуҷуд омада нақши муҳим мебозид. Он ба тадриҷ забонҳои маҳаллии шарқии эрониро танг карда мебаровард ва дар аҳди Сомониён забони ҳукмрон гардид. Маданият, илм, адабиёт ва санъат бо ҳамин забон нашъунамо меёфт.

Ташаккули халқи тоҷик дар замони давлатдории Сосониён (с.224 - 651) сар шуда, дар аҳди Сомониён (с.819 - 999) ба итмом расидааст.

Тоҷикон дар асрхои миёна[вироиш]

Асрҳои ХI-ХIII сарзамине, ки тоҷикон сукунат доштанд, ба ҳайати чандин давлатҳои Осиёи Миёна, мисли ғазнавиҳо, қарохониҳо, ғуриҳо, қарохитоиҳо дохил буд. Ҳучуми қўшунҳои Чингизхон дар асри ХIII ба муқобилияти сахти ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна дучор омад. Истилогарон шаҳру деҳот, иншоотҳои обёрикуниро ба харобазор табдил дода, аҳолиро қир мекарданд. Сарзамини Точикистон ба улуси Чағатои давлати муғулҳо дохил карда шуд.

Аз охири асри ХIII ба доираи аҳолии муқимии точикон то андозае гурўҳҳои этникии туркҳо ва турку муғулҳо сар медароранд. Дар баъзе ноҳияҳо ин ҳолат боиси туркгардонии точикони водинишин мешавад. Дар манотиқи кўҳй ва шаҳрҳо ин раванди туркгардонй камтар зуҳур меёфт.

Дар асри XIV Тоҷикистон ба ҳайати давлати бузурги Темур ва дар асри XV ба қаламрави ворисони ў - темуриён меафтад, ки он аз Ҳинд то Волга ва аз Сурия то Хитой доман паҳн карда буд. Болоравии маданияти давлати темуриён бо фаъолияти набераи Темур - Улуғбек вобаста аст, ки дар нимаи аввали асри XV хукмронй мекард. Нашъунамои илм, алалхусус астрономия, эчодиёти олимон, адибону рассомони машҳур, ки дар Самарқанду Ҳирот зиндагй мекарданд, ба ҳамин давра мансуб аст. Ва дере нагузашта маркази давлат ба ончо, яъне ба Самарқанд гузаронида мешавад.

Дар асри XVI қаламрави Тоҷикистон ба давлати ўзбaк они шайбонй бо пойтахташ Бухоро дохил мешавад. Дар ин давра хонигарии Бухорою Хива ва дертар, дар асри XVIII хонигарии Қўқанд ташкил меёбанд. Дар онҳо хонҳои сулолаҳои ўзбекй ҳукмронй мекарданд. Тоҷикон асосан дар хонигариҳои Бухорою Қўқанд зиндагй менамуданд. Барои хонигариҳои осиёмиёнагии асрҳои XVI-XVIII парокандагии феодалй, чангу низоъҳои тўлонй хос буданд. Чангҳои дохиливу хоричй боиси харобшавии системаҳои обёрикунй, пастравии зироаткорй гардида, баъзан вилоятҳо батамом ғорат мешуданд.

Ба синфҳо чудошавии чамъият пурзўр мегардид, деҳқонону косибони истисморшаванда ба заминдорони феодал, хону амалдорони онҳо, низомиёну рўҳониён муқобилият нишон медоданд. Деҳқонон - точикону ўзбекҳо, ки дар заминҳои давлативу хусусй заҳмат мекашиданд, ба амалдорону бойҳо андозу хирочҳои миёншикани ҳархела месупориданд, доимо қарздор буда, торафт бештар хонасалоту қашшоқ мешуданд. Корҳои мухталифи ичборй: сохтмони қасрҳо, системаи обёрикунй, роҳсозй маъмул буданд.

Рентаи феодалй махлут буд: бегорй, коркардадиҳй ва пулй. Вазъияти деҳқонони чоряккор, ки барои қисми ночизи ҳосил дар замини бойҳо кор мекарданд, алалхусус вазнин буд. Ғуломдорй низ чой дошта, он танҳо баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудан бекор мегардад. Зулму ситами бераҳмона, андозҳои вазнин боиси шўришу исёнҳо (соли 1758 дар Бухоро, аввали асри Х1Х дар Истаравшан, Хучанд ва дигар чойҳо) мегардиданд.

Таъсири пурзўри рўҳониёни иртичоъпараст ба ҳамаи чабҳаҳои ҳаёти халқ ба инкишофу тараққии илму санъат таъсири манфй мерасонд, маданияти ин давра рў ба таназзул оварда буд.

Рақобати Англияву Русия барои вусъату ривоқ додани бозори фурўш ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёнаро тезонид. Соли 1868 мувофиқи шартномаи байни Русияву Бухоро қисми зиёди қаламрави аморат ба ҳайати генерал - губернатории Туркистон дохил карда шуд. Амир аз ҳуқуқи муносибати мустақилона бо давлатҳои хоричй маҳрум гардид.

Аморати Бухоро акнун бо заминҳои маҳдудгаштааш чун мулки тобею вобастаи Русия вучуд дошт. Қисми шимолии Тоҷикистони ҳозира ба Русия дертар ҳамроҳ карда мешавад. Ҳамон вақт пас аз фурў нишондани шўриши зиддифеодалии солҳои 1873-1876 дар Қўқанд заминҳои он ба вилояти Фарғона дар ҳайати генерал - губернатории Туркистон ҳамроҳ карда шуд. Соли 1886 дар Бухоро агентии сиёсии императории Русия ташкил мегардад. Соли 1895 бо муоҳидаи байни Русияву Англия сарҳади аморати Бухоро бо Афғонистон қад-қади дарёи Панч дар Бадахшон муқаррар гардид. Қисмҳои чанубу шарқй ва марказии Точикистони ҳозира - Бухорои шарқй ва Помири ғарбй дар ҳайати аморати Бухоро боқй монда, соҳили чапи Дарвоз, қисмҳои соҳили чапи Вахон, Ишкошим, Шуғнон, Рўшон ба Афғонистон гузаштанд.

Ҳамроҳшавй ба Русия ҳам барои точикон ва ҳам барои халқҳои дигари Осиёи Миёна аҳамияти калони мусбй дошт, чангу низоъҳои байнихудй барҳам хўрданд, раванди таназзули хочагии натуралии феодалй ва инкишофи унсурҳои муносибатҳои капиталистй оғоз ёфт. Тақвияти муносибатҳои иқтисодй, сиёсию маданй бо Русия ба инкишофи иттифоқи халқи заҳматкаши точикон ва русҳо, ҳамчунин дигар халқҳои Русия, тавлиди синфи коргари точик, шиносо шудани точикон бо маданияти пешқадами инқилобию демократй мусоидат намуд.

Айни замон точикон, чун дигар халқҳои Осиёи Маркази зери зулму истибдоди дукарата монданд. Акнун онҳоро ҳам истисморгарони худй ва ҳам ҳокимияти мутлақи шоҳ бо системаи истисмори ичтимоиву иқтисодии халқҳои гўшаву канори Русия азобу шиканча медод. Тоҷикон дар ҳаракати миллии озодихоҳона иштирок доштанд. Шўришҳои охири асри Х1Х дар /ротеппа (соли 1875), уезди Хўчанд (соли 1880), як қатор уездҳои Фарғона далели онанд. Деҳқонони аморати Бухоро низ зуд-зуд ба муқобили амир ва ҳокимони маҳаллй сар мебардоштанд. Шўриши соли 1885 дар Балчувон таҳти сарварии Восеъ аз чунин ҳаракатҳои деҳқонй ба ҳисоб меравад.

Инқилоб ба Бухоро якчоя бо Армияи Сурх омада, амирро сарнагун сохт ва соли 1920 Ҷумхурии Халқии Шуравии Бухороро ташкил дод. Солҳои 1918-1926 чанги гражданй мерафт. Соли 1924 Ҷумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ЧШС Узбекистон ташкил ёфт. Ба қаламрави республика 12 кенти кишвари Туркистон, Бухорои шарқй ва як қисми Помир дохил гардиданд. Маркази асосии сиёсию маданй - Бухоро ва Самарқанд дар дохили сарҳади Узбекистон монданд.

Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон[вироиш]

Ҷумхуриҳои нав ташкилёфта, аз чумла Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон(аз соли 1929) аз рӯи намунаҳои умумииттифоқй идора мешуданд, Айни замон бисёр анъанаҳои халқҳои мухталиф ба инобат гирифта намешуданд. Асосҳои нави саноатй гузошта шуданд, коллективонӣ анҷом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони мустақил гардид. Дар натичаи гузаронидани маъракаи маҳви бесаводӣ (солҳои 1926-1936) саводнокии мардум соли 1937 ба 72 фоиз расид. Маъракаи "Ҳуҷум (озодшавии занон)" оғоз гардида, системаи советии нигаҳдории тандурустӣ инкишоф меёфт. Тоҷикистон комилан ба комплекси умумииттифоқии хочагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ(СССР) гардид. Дар давраи мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (солҳои 1924 - 1991) халки тоҷик аз нав тамаддуну фарҳанг ва забони форсӣ-тоҷикиро дар каламрави хещ эҳё намуд. Сутуни ояндаи давлатдории соҳибистиқлоли Точикистон гузошта шуд. Ҷумхуриҳои нав ташкилёфта, аз чумла Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон(аз соли 1929) аз рӯи намунаҳои умумииттифоқй идора мешуданд, Айни замон бисёр анъанаҳои халқҳои мухталиф ба инобат гирифта намешуданд. Асосҳои нави саноатй гузошта шуданд, коллективонӣ анҷом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони мустақил гардид. Дар натичаи гузаронидани маъракаи маҳви бесаводӣ (солҳои 1926-1936) саводнокии мардум соли 1937 ба 72 фоиз расид. Маъракаи "Ҳуҷум (озодшавии занон)" оғоз гардида, системаи советии нигаҳдории тандурустӣ инкишоф меёфт. Тоҷикистон комилан ба комплекси умумииттифоқии хочагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ(СССР) гардид. Дар давраи мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (солҳои 1924 - 1991) халки тоҷик аз нав тамаддуну фарҳанг ва забони форсӣ-тоҷикиро дар каламрави хещ эҳё намуд. Сутуни ояндаи давлатдории соҳибистиқлоли Точикистон гузошта шуд.Ҷумхуриҳои нав ташкилёфта, аз чумла Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон(аз соли 1929) аз рӯи намунаҳои умумииттифоқй идора мешуданд, Айни замон бисёр анъанаҳои халқҳои мухталиф ба инобат гирифта намешуданд. Асосҳои нави саноатй гузошта шуданд, коллективонӣ анҷом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони мустақил гардид. Дар натичаи гузаронидани маъракаи маҳви бесаводӣ (солҳои 1926-1936) саводнокии мардум соли 1937 ба 72 фоиз расид. Маъракаи "Ҳуҷум (озодшавии занон)" оғоз гардида, системаи советии нигаҳдории тандурустӣ инкишоф меёфт.

Дар маънавиёти мардуми кишвар тағйироти нав ба амал омад. Айни замон бисёр анъанаҳои халқҳои мухталифи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон дар замони ҳукуматдории шуравӣ ба инобат гирифта намешуданд. Дар Тоҷикистон идеологияи коммунистӣ ҳукумрон гардида, дини ислом ба зери таъқиб қарор гирифта буд, Қисми мардуми кишвар тартибу низоми шуравиро рад намуда бо Ҳукумати шуравӣ ҷангиданд (ҷанги шахрвандии с. 1918-1924). Аммо ба максад нарасида Ватани бобоияшонро тарк намуданд. Дар солхои 30-40 асри XX асосҳои нави истеҳсолоти саноатй дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гузошта шуданд. Дар деҳот коллективонии хочагидории деҳқонӣ анчом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони мустақил гардид. Инқилоби мадани ба ҳаёти тоҷикон мактабҳои навъи шурави ( мактаби махви бесаводии калонсолон, кудакистон, мактаби миёнаи наврасон, мактаб-интернат, омузишгохи касби, мактаби оли) муассисаҳои илмиву фарҳанги (театр, китобхона, клуб, чойхонаи сурх-кироатхона, музей, боги истироҳат, кинотеатр, варзишгоҳ)- ро ворид намуд. Тоҷикистон комилан ба комплекси ягонаи умумииттифоқии хоҷагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ (Иттиҳоди Шӯравӣ) гардид.

Солҳои 50-80 асри XX баъд аз ба сари давлат таъин гардидани сарварони таҳҷойи ба монанди Б. Ғафуров, Т. Улҷабоев, Ҷ.Расулов ва Қ.Махкамов иқтисодиёти Тоҷикистон рушд меёфт. Точикистон ба мамлакати хоҷагидориаш индустриалӣ - аграрӣ табдил ёфт, фархангу санъатӣ миллӣ эҳё гардид. Сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардид. Вале, бо вуҷуди он, Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳурихои шӯравӣ аз ҷиҳати таъмини манзили истиқомат, музди миёнаи маош, муассисаҳои илмӣ маориф, фарханг, шумораи бекорон ва диг. дар ҷойи охирон қарор дошт. Иқтисодиёти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон асосан барои таъмини корхонаҳои марказии Иттиходи Шўравӣ бо ашёи хом (неруи барқ, пахта, канданиҳои фоиданок, уран ва диг) нигаронида шуда буд.

Дар давраи мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (солҳои 1924 - 1991) халки тоҷик аз нав тамаддуну фарҳанг ва забони форсӣ-тоҷикиро дар каламрави хещ эҳё намуд. Сутуни ояндаи давлатдории соҳибистиқлоли Точикистон гузошта шуд. 24 августи соли 1990 ичлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Точикистон, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ (ИҶШС) қабул намуд.Вале ин амал танхо қадами аввалини эълон намудани истиқилияти Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият[вироиш]

Пас аз бебарор анчомидани "табадуллот"-и 19-21 августи соли 1991 дар Москва,аз 24 августи соли 1991 дар Душанбе гирдиҳамоии ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин бо талаботҳои ба истеъфо баровардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президент Қаҳҳор Махкамов, боздоштани фаъолияти Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва эълон намудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 9 сентябри соли 1991 иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истиқилияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Изҳорот ва қарор қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона 9 сентябри соли 1991 арзи вуҷуд кардааст.

Бо парокандашавии СССР муборизаи дурудароз барои ҳокимият оғоз ёфт. Тақобули шахсони баргузидаи кӯҳнаи советй ва иттиҳоди мухолифини исломиҳо, зиёиёни миллатчӣ ва доираҳои тиҷоратию соҳибкорй ба муборизаи гурӯҳҳои минтақавӣ табдил ёфт. Аз ҷониби азҳоби ба ҳукумат мухолифи сиёсӣ эътироф нашудани Қаҳҳор Махкамов ҳамчун Президенти ҶТ (аз 29 ноябри соли 1990), паи ҳам иваз шудани раисони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қ. Аслонов, С. Кенҷаев, А. Искандаров) мақомоти кишварро водор сохтанд, ки зери фишори тазоҳуркунандагони мухолифин ва барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ интихоботи умумихалқии Президенти Тоҷикистонро баргузор намоянд. Маъракаи интихобот ба зиддиятҳои нави сиёсию идеолужи, мазҳабию маҳалгароӣ ва қавмию инфиродӣ боис гардид. Вазъи иҷчтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз бад мегардид. Пас аз ба вазифаи Президенти Тоҷикистон интихоб гардидани Раҳмон Набиев (58,6% овозҳо) неруи мухолифин бо баҳонаҳои гуногун фаъолияти ҳукумати навро сарзаниш менамуданд. Соли 1992 аз моҳи март то ибтидои май тазоҳуроти пай дар пайи ҳизбу ҳаракатҳои ба ҳукумат мухолифин ва ҷонибдорони ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, махсусан Душанбе ба фалаҷ шудани мақомоти иҷроиия ва қонунгузории марказӣ ва маҳаллӣ сабаб шуд.

Вале Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима наёфт. Аз ҳамин давра эътиборан ва то ба имзо расидани созишнома дар бораи оташбас охири соли 1994]] низоъҳои мусаллаҳона гоҳ-гоҳ ба вуқўъ мепайвастанд, алалхусус дар чануби Тоҷикистон. 5 майи с. 1992 - 27 июни с. 1997 – ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давом кард. Зарари иќтисодии ин ҷанг зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣро ташкил дод. 27 июни с. 1997 баъди 8 даври гуфушуниди (с.1994-1997) байни тоҷикон(байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин), дар ш. Москва, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон ва сарвари мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нури «Созишномаи умумии истиќрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» имзо гардид. Аз 4 июни соли 1997 - 1 апрели соли 2000 Комиссияи Оштии Миллӣ фаъолият намудааст. Дар КОМ 26 нафар (13 нафар аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ва 13 нафар аз мухолифини тоҷик) аъзо буданд. Комиссия санадҳои Созишномаи умумии сулҳ аз 27 июни соли 1997- ро амалӣ карда буд.

6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ Конститутсия (Сарконуни) Ҷумхурии Тоҷикистон қабул гардид. 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба он таѓийроту иловаҳо ворид карда шуд. 6 ноябри соли 1994 Эмомалии Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонинтихоб шуд. Пас аз се моҳ, моҳи феврали с. 1995 интихобот ба Маҷлиси Олӣ (парламент) барпо гардид 6 ноябр соли 1999, 6 ноябр соли 2006 - Интихоби такрории умумихалқии Эмомалии Раҳмон ба сифати Президенти Тоҷикистон шуда гузаштааст.

27 феврали соли 2000 рузи баргузории интихобот ба Маҷлиси Намояндагон ва 23 марти соли 2000 - интихобот ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣи Ҷумҳурии Тоҷикистонбуданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба парламенти касбӣ ташкил ёфт.

Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд ба амалӣ сохтани барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995 – 2004 ва барномаҳои дигар шурӯъ намуд. Барои аз хатари гуруснагӣ эмин доштани аҳолӣ ва бо озуқа таъмин намудани бозори дохилӣ Фармонҳои Президент Эмомалии Раҳмон аз 9 октябри соли 1995 «Дар бораи 50 000 га замин ҷудо намудан барои хоҷагии назди ҳавлигӣ» ва 1 декабри соли 1997 иловатан ҷудо намудани боз 25 000 га замин аҳамияти калон дошта буд.

Дар натиҷаи ислоҳотҳои иқтисодии дар ҷумҳурӣ амалӣ гардида муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ, ки асоси онро моликияти хусусӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ ташкил медоданд, ҷорӣ шуда истодаанд.

Дар ибтидои асри XXI барномаҳои рушди стратегии кишвар муайян шудаанд: Истиқлолияти озуқаворӣ, амнияти энергетикӣ ва рањоёбӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ - ҳадафҳои стратегии сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонмебошанд.

Ҳафриётҳо[вироиш]

National Museum of Tajikistan 2


Ачдодони точикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна сукунат доштанд. Соли 1980 дар вилояти Кўлоб, наздикии Ховалинг ҳангоми ҳафриёти археологй бозёфтҳое ба даст омаданд, ки далели ҳанўз ним миллион сол пеш дар замини Тоҷикистон зиндагй кардани одамони ибтидой буданд. Дар кўҳсори Тоҷикистон ёдгориҳои давраи мезолит ва неолит ёфт шуданд. Ду қабати поёнии мадании бошишгоҳи Тутқавул, наздикии Норак (ҳазораҳои Х-VII то мелод) ба давраи мезолит мансубанд. Ҳанўз дар асри санг маскуншавии баландкўҳҳо, аз чумла Помир оғоз мегардад. Дар Помири шарқй дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр қароргоҳи шикорчиёни кўчманчй - Ошхона ифтитоҳ гардид. Дар мағораи Шахта тасвирҳои рўисангии мансуб ба неолити ибтидой ёфт шуданд. Дар онҳо ҳайвоноти тирхўрда ва шикорчиён тасвир шудаанд.Барои кўҳсор ва доманакўҳҳои Тоҷикистон маданияти давраи неолит хос буд, ки он маданияти ҳисор номида шудааст. Намояндагони ин маданият, ба ақидаи баъзе олимон, бо чорводорию зироаткорй машғул буданд. Айни замон шикор дар хочагии онҳо нақши калон мебозид. Дар маҳалли биёбонии Қайроққум, шимоли Тоҷикистон боқимондаҳои сершумори қароргоҳҳои аҳди биринчй таҳқиқ шуданд. Аксари онҳо ба охири ҳазораи III ва аввали ҳазораи II то аз мелод мансубанд. Намояндагони маданияти қайроққуми аҳди биринчй асосан бо чорводорй машғул буданд, вале айни замон аз зироату кори маъдан - пўлодгудозию кулолй низ огоҳй доштанд. Дар ҷануби Тоҷикистон, дар поёноби дарёи қизилсу, Вахш ва Кофарниҳон маданияти дигар, маданияти бишкентии аҳди биринчй бо зироаткорй, қароргоҳҳои мустаҳкам, дарачаи баланди истеҳсоли сафолот вусъат ёфта буд. Ин маданият ба ёдгориҳои аҳди биринчии Туркманистони чанубй ва Осиёи чанубу ғарбй наздик аст.

Дар нимаи аввали ҳазораи I то мелод ачдодони точикони ҳозира - бохтариҳову суғдиён аҳолии асосии давлатҳои қадимтарини ғуломдории Осиёи Миёна - Бохтар ва Суғд буданд. Бохтар қисмҳои марказй, чанубй ва шарқии Тоҷикистони ҳозира (чануб ва чанубу шарқтар аз қаторкўҳҳои Ҳисор) ва Суғд - ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва музофоти шимолии қаторкўҳҳои Ҳисорро фаро мегирифтанд. Аҳолии қадимаи водии Фарғона (музофоти Даван), ҳамчунин қабилаҳои сершумори кўчманчй ва нимкўчманчии сакоиҳо - сокинони Помир, Тиёншон ва Сирдарё ачдодони точикон буданд. Забони ин кавмҳо ба шохаи шарқии гурўҳи забонҳои эронй тааллуқ дошта, аз забони точикии дертар ташаккулёфта фарқ мекарданд. Дар асри VI пеш аз мелод шоҳ Куруш Бохтар ва Суғдро забт намуда, онҳо ба давлати форси ҳахоманишиён дохил мегарданд. Дар асри VI пеш аз мелод онҳо як қисми давлати Искандари Мақдунй шуда, аз асри III пеш аз мелод ба давлати ворисони ў - салчуқиҳо дохил мегарданд. Баъдтар аз он салтанати Юнону Бохтар чудо мешавад. Миёнаҳои асри II пеш аз мелод дар натичаи муборизаи озодихоҳонаи бохтариҳову суғдиён ҳокимияти мақдуниҳо дар Юнону Бохтар сарнагун мешавад. Тохариҳои ба Бохтар якчоя бо қабилаҳои массагетҳову сакҳо омада дар озодкунии мамлакат ва ҳаёти минбаъдаи сиёсй нақши калон бозиданд. Аз асри IV сар карда Бохтар Тохаристон номида мешуд. Тохариҳо чун чузъи асосй ба халқияти нав ташаккул ёфтаистодаи точикон дохил мегарданд. Сипас Тохаристон якчоя бо қисми зиёди Осиёи Миёна, қаламрави Афғонистони ҳозира ва Ҳиндустони шимолй дар ҳайати давлати бузург бо сарварии сулолаи кўшониён буд. Ин замони нашъунамои иқтисодиёту маданият, ривочёбии алоқаҳо бо Аврупои шарқй, Рум, Чин ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои бостоншиносии замони кўшониён пайвастани санъати осиёмиёнагй, юнонй ва ҳиндиро инъикос менамоянд.

Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО Тоҷикистон[вироиш]

Дар Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон 1 номгуй (дар соли 2012) дар феҳристи асосӣ сабт шудааст. [9]. Объекти номбаршуда аз рӯи 2 хусусият зикр ёфтааст. [10]


Саразм исботи мавҷуд будани робитаҳои тиҷоратӣ ва фарҳангии байни кӯчманчиёни чорводор ва зироаткрони Осиёи Марказӣ мебошад. Ёдгории давраи энеолити Саразм дар наздикии ш. Панҷакент ҷойгир аст. Ҳаёт дар маскангоҳ ба чор давра ҷудо гашта аз ҳазорсолаи IV - то ҳазорсолаи II то мелодро дарбар мегирад. Инчунин, боз 16 номгӯй ёдгориҳои таърихӣ - фарҳангии Тоҷикистон - ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дар соли 2012 ворид шудаанд.

Феҳрист[вироиш]

Дар таблитса объектҳо мувофиқи сабтшавии онҳо оварда шудаанд.

Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО
# Суррат Номгузорӣ Ҷойгиршавӣ Ташаккули объект Соли ворид ба феҳрист Ёдгориҳои умумиҷаҳонӣ #Хусусият
1

мини

Саразм,
инглисӣ: Proto-urban site of Sarazm[11]
Минтақа: Панҷакент 2010 1141 ii, iii


Номзадҳо барои воирд намудан ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО
# Суррат Номгузорӣ Ҷойгиршавӣ Ташаккули объект Соли ворид ба феҳрист Ёдгориҳои умумиҷаҳонӣ #Хусусият
1 Мақбараи Амир Ҳамза Ҳазрати Шоҳ,
инглисӣ: Mausoleum of "Amir Khamza Khasti Podshoh"[12]
Минтақа: ноҳияи Исфара, деҳаи Чоркуҳ 1999 1378
2 Маскани Тахти Сангин,
инглисӣ: The Site of Ancient Town of Takhti-Sangin [12]
Минтақа: вилояти Хатлон 1999 1379
4 Мадрасаи Хоҷа Машҳад
инглисӣ: Mausoleum of "Khoja Mashkhad" [12]
Минтақа: Ноҳияи Шаҳритус, деҳаи Саед - 1999 1381
5 Дайри буддоии Аҷина-Теппа
инглисӣ: Buddhistic cloister of Ajina-Tepa [12]
Минтақа: Қӯрғонтеппа 1999 1382
6 Димнаи (Қасри ҳокимони) Хулбук
инглисӣ: Palace of the governor of Khulbuk [12]
Минтақа: вилояти Хатлон, деҳаи Қуррбоншаҳид - 1999 1383
7 Мақбараи Хоҷа Нақшрон
инглисӣ: Mausoleum of "Hodja Nashron" [12]
Минтақа: Турсунзода - 1999 1384
8 Шаҳраки Панҷакенти қадим
инглисӣ: The Site of Ancient Town of Pyanjekent [12]
Минтақа: Шаҳраки Панҷакент - 1999 1385
9 Мақбараи Муҳаммад Башоро
инглисӣ: Mausoleum of "Mukhammad Bashoro" [12]
Минтақа: деҳаи Мазори Шариф - 1999 1386
10 Шаҳри Шаҳристони қадим - Қаҳқаҳа)
инглисӣ: The Site of Ancient Town of Shahristan (Kahkakha) [12]
Минтақа: Истаравшан - 1999 1387
11 Боғи миллии Тоҷикистон
инглисӣ: Tajik National Park [12]
Минтақа: Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Тавилдара, ноҳияи Ҷиргатол 1992 2006 2091 vii, viii, ix, x
12 Кӯҳҳои Фон
инглисӣ: Fann mountains [12]
Минтақа: қаторкӯҳи Ҳисор, қаторкӯҳи Заравшон - 2006 2107 vii, x
13 Мамнуъгоҳи Бешаи палангон
инглисӣ: Tigrovaya Balka [12]
Минтақа: вилояти Хатлон 1938 2006 2108 ix, x
14 Мамнуъгоҳи Кусавлисай
инглисӣ: Zakaznik Kusavlisay
Минтақа: вилояти Суғд 1959 2006 2109 vii, x
15 Мамнуъгоҳи Даштиҷум
инглисӣ: State reserve Dashti Djum
Минтақа: Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1983 2006 2110 vii, x
16 Мамнуъгоҳи Зоркӯл
инглисӣ: Zorkul State Reserve
Минтақа: Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2000 2006 2111 vii, x

Адабиёт[вироиш]

Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон. Китоби 1-2. – Душанбе, 1986, 1987, 1998, 2009.

Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX – XVI. Мураттиб ва муҳаққиқ: Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ. – Душанбе, 1999.

История таджикского народа. Т. I - VI. – Душанбе, 1998 - 2011.

Мухторов А. Сомониён: Замон ва макон. – Душанбе, 1999.

Наршахӣ А. Таърихи Бухоро. – Душанбе, 1979.

Неъматов Н.Н. Давлати Сомониён. - Душанбе, 1989.

Пайнавиштҳои беруна[вироиш]


Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 30.
  2. История таджикского народа. Том 6.(1941 - 2010) - Душанбе,2011.
  3. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011.
  4. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик.Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010,- с.4-10.
  5. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик.Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010,- с.14-19.
  6. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010
  7. История таджикского народа. Том 6.(1941 - 2010) - Душанбе,2011.
  8. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011.
  9. Шаблон:Citeweb
  10. "Критерии ". http://whc.unesco.org/en/criteria/. 
  11. "Proto-urban site of Sarazm ". http://whc.unesco.org/en/list/1141. 
  12. 12.00 12.01 12.02 12.03 12.04 12.05 12.06 12.07 12.08 12.09 12.10 12.11 "Tentative List of Tadjikistan ". http://whc.unesco.org/en/statesparties/tj/. 

Пайвандҳои беруна[вироиш]


Emblem of Tajikistan.svg

Тоҷикистон