Jump to content

Мирзо Турсунзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзо Турсунзода
Ном ба ҳангоми таваллуд: Мирзо
Таърихи таваллуд: 2 май 1911(1911-05-02)
Зодгоҳ: деҳаи Қаратоғ, Бекигарии Ҳисор, Аморати Бухоро
Таърихи даргузашт: 24 сентябр 1977(1977-09-24) (66 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Иттиҳоди Шӯравӣ
Навъи фаъолият: шоир, тарҷумон, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ
Солҳои эҷод: 1930—1976
Самт: реализми сотсиалистӣ,
Жанр: достон, ғазал, тарона,либретто.
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо:
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Қаҳрамони Тоҷикистон
Ордени Ленин Ордени Ленин Ордени Ленин Ордени Ленин
Ордени Инқилоби Октябр Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени «Нишони Фахрӣ» Медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ» Медали ҷашнии «Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин»
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мирзо Турсунзода (2 майи 1911, Қаратоғ, Бекигарии Ҳисор, Аморати Бухоро24 сентябри 1977, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — шоир, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Шӯравӣ, Шоири халқии Тоҷикистон (1961), академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1951), Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1967)[1]. Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Қаҳрамони Тоҷикистон (2001)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаратоғ водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш, усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин води (деҳа) буд. Бо вуҷуди ин зиндагонии аҳли оилаи ӯ қашоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки писараш Мирзо соҳиби хату савод шавад. Мирзои хурдсол чанде дар назди муллои деҳа таҳсил кард. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябри Кабир, ба рӯи мардуми камбағал дари бахту саодат ва илму маърифат кушод. Дере нагузашта дар Қаратоғ мактаби нави советӣ ташкил ёфт ва Мирзо аз ҷумлаи аввалин талабагони он гардид. Дар солҳои 1925-1926 дар интернати Душанбе таҳсили худро давом медиҳад. Дар солҳои 1926-1927 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода дар солҳои 1927-1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошкент хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Ба сифати роҳбари шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи А. С. Пушкини вилояти Ленинободро роҳбарӣ намудааст. Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шуъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омад ва роҳбарии бахши драматургияро бар уҳда дошт. Соли 1939 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Аз соли 1943 сардори Раёсати санъати назди Шӯрои Кумитаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Аз соли 19461977 то охири ҳаёти худ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Фаъолияти ҷамъиятию сиёсии Мирзо Турсунзода ниҳоят бузург аст. Вай намояндаи Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Комитаи советии ҳамраъии мамлакатҳои Осиё ва Африко, аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Котиби раёсати Иттифоқи нависандагони ИҶШС буд. Шоир 24 сентябри соли 1977 дар шаҳри Душанбе вафот мекунад. Шоирро дар теппаи Лучоб(Боғи Лучоб)-и шаҳри Душанбе ба хок месупоранд. Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар буд, бинобар ин беҳтарин сахифҳои эҷодиёташ ба васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудааст.Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои интернационалӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хидматҳои беназир кардааст[1].

Фаъолияти эҷодии Мирзо Турсунзода аз соли 1930 сар мешавад. Аввалин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи «Байрақи зафар» (1932) аз чоп мебарояд. Сипас, шеъру достонҳои «Ба эҷодкорам» (1934), «Манзараҳои Хӯҷанд» (1935), «Офтоби мамлакат» (1936), «Хазон ва баҳор» (1937), «Суруди ҷавонӣ» (1937), «Мамлакати тилоӣ» (1938), «Оҳанрабо» (1939), «Халқи далер» (1939), «Чаманистон» (1940), «Водии Ҳисор» (1940), «Мо аз Хоруғ омадем» (1940) ва ғайра дастраси хонандагон мегарданд. Эҷодиёти Мирзо Турсунзода дар солҳои минбаъда дар маҷмӯъаҳои «Пайғом» (1949), «Асарҳои мунтахаб» (1955), «Чароғи абадӣ» (1958) ва «Ман аз Шарқи Озод» (1959) ба табъ мерасанд. Дар шеърҳои «Ҳамшираҳо» (1941), «Ба ҷанг» (1941), «Хотираи капитан» (1941), «Ҳаргиз» (1942), «Баҳодури тоҷик» (1943), «Паҳлавони интиқомгир (1944), «Рафиқи азиз» (1944) корномаҳои ҷангӣ бо шӯру ҳаяҷон тасвир ёфта, ғояҳои ватанхоҳию душманбадбинӣ талқин мешаванд. Дар солҳои ҷанг Турсунзода достонҳои «Писари Ватан» (1942) ва «Барои Ватан» (1942)-ро ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ эҷод мекунад. Ҳаракатҳои озодихоҳи халқҳои Осиё ва Африко дар силсилаи асарҳои Мирзо Турсунзода «Ман аз Шарқи озод» (1950), «Қиссаи Ҳиндустон» (1947), «Садои Осиё» (1957), «Чароғи абадӣ» (1958), «Ҷони ширин» (1959), «Роҳи нури офтоб» (1964) ва достони «Аз Ганг то Кремл» (1970) ва ғайра хеле хуб тасвир ёфтаанд. Соли 1960 Ҳукумати шӯравӣ хидматҳои барҷастаи шоирро ба назар гирифта, барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» ӯро бо Ҷоизаи Ленинӣ ва соли 1964 барои достони «Ҷони ширин» ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз мегардонад. Фаъолияти тарҷумонии Мирзо Турсунзода низ самарабахш мебошад. Адиб як қатор асарҳои А.С.Пушкин, Т.Г.Шевченко, Н.А. Некрасов, Самад Вурғун, Зулфия, Анатолий Сафронов барин қаламкашони варзидаи халқҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравиро бо маҳорати баланд тарҷума намудааст.

Маҷмӯаҳои шеър ва достонҳои "Писари Ватан" (1942), "Арус аз Москва" (1945), «Қиссаи Ҳиндустон» (1948), «Ман аз Шарқи озод» (1950), «Ҳасани аробакаш» (1954), «Садои Осиё» (1956), «Чароғи абадӣ» (1957), «Ҷони ширин» (1963), "Аз Ганг то Кремл" (1967) ва дигар маҷмӯаҳо маҳсули эҷоди ӯст. Мероси адабии Мирзо Турсунзода ба якчанд забонҳои мамолики хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Хизматҳои Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири пешқадами замон ва арбоби ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон, давлатии ба номи Ленин ва байналмилалии ба номи Неҳру қадр карда шудаанд. Ӯ сазовори унвонҳои:

Некдошти устод

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба шарофати некдошти фарзанди баруманди миллат, шоири халқӣ, арбоби ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Турсунзода ва Ноҳияи Турсунзода (ки қаблан ба номи ноҳияи Регар мазкур буд), Донишкадаи санъати Тоҷикистон номгузорӣ шудааст.

Соли 2001 Мирзо Турсунзода бо унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз шудааст. Нимпайкараи ӯ назди Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва ҳайкалаш дар шаҳри Турсунзода бунёд шудааст. Мақбараи Мирзо Турcунзода дар Боғи Лучоб шаҳри Душанбе ва диг. хиёбонҳои шаҳру рустоҳо ба номи ӯ сохтаву гузошта шудаанд.Соли 1977 дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон,дар ноҳияи Самарқанд, мактаби миёнаи рақами 95 ( ҳозир 12 ) ба номи Мирзо Турсунзода монда шудааст.

Достони "Ҷони ширин"

[вироиш | вироиши манбаъ]
« муаллиф
Мирзо Турсунзода
Ҷони ширин ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун.
Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Боз дар наздат ба парвоз омада,
Ҳар куҷо, ки хоб кардам, хестам,
Ҳар куҷо, ки буд ҷои зистам,
Ин дили ман манзили ёду ту буд,
Ёди руи ҳуснободи ту буд.
Бе ту нагзашт аз гулӯям об ҳам,
Бе ту дар чашмам наёмад хоб ҳам.
Бе ту ҳар як рӯзи ман як сол шуд,
Бе ту дил ғаш кард, чун атфол шуд.
Бе ту дидам гарчӣ зебо духтарон,
Бе ту бишнидам суруди ошиқон,
Бе ту дар тӯю тамошоҳо шудам,
Бе ту гоҳо булбули гӯё шудам,
Бе ту дар васфи занон гуфтам сухан,
Бе ту дар маҷлис фушурдам дасти зан,
Лек дар пеши назар рӯи ту буд,
Ҷилваҳои чашму абрӯи ту буд.
Ҷони ширин,пас дигар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун,
Нестам мисли падарҳои дигар
Дар бари фарзандҳо шому саҳар,
Чор гардад чашми онҳо дар раҳам,
Гум занад дилҳои онҳо дам ба дам.
»
  • Осори мунтахаб /Иборат аз ду ҷилд.- Душанбе: Ирфон, 1981:
  • * Ҷ.1.- Шеърҳо.- 1981.- 319 с.
  • * Ҷ.2. Силсилаи шеърҳо ва достонҳо. - 1981.- 355 с.
  • * Ба сӯи қуллаҳои нав: Мақолаҳои публисистӣ.- Душанбе: Ирфон, 1977.- 88 с.
  • * Се нозанини Шарқ: Шеърҳо ва достонҳо.- Душанбе: Ирфон, 1967.- 215 с.
  • * Шеър ва достонҳо.- Душанбе: Адиб, 1991.- 320 с.
  • * Садои Осиё. - Ҳасани аробакаш: Шеърҳо ва достонҳо.- Стали¬нобод: Нашрдавтоҷик, 1961.- 129 с.
  • * Фолклори тоҷик.- Сталино¬бод: Нашрдавтоҷик, 1957.- 453 с.- Бо ҳамкории А.Н.Болдирев.
  • * Шеър ва достонҳо /Барои бачаҳои синни миёна ва калони мак¬табӣ.- Душанбе: Адиб, 1988.- 240 с.
  • * Ҳамеша бо Ватан будам: Панду ҳикматҳо.-Душанбе, 2009.-24 с.
  • * Мирзо Турсунзода //Адибони Тоҷикистон.- Душанбе: Ирфон, 1968.- С.222-227.
  • * Сайфуллоев, А. Мирзо Турсунзода //ЭСТ.- Душанбе,1987.- Ҷ.7. - С.435- 455.
  • * Бобоев, Ю., Шодиқулов, Ҳ. Мирзо Турсунзода //Энсикло¬пе¬ди¬яи адабиёт ва санъати тоҷик.- Душанбе,2004.- Ҷ.3.- С.229-233.
  • * Мусоев, А. Фарзанди қарни ХХ: Мир¬зо Турсунзода.- Душанбе: Ифрон,2010.- 65 с.
  • * Бобокалонова, Ҷ. Вассофи бузурги зиндагӣ: Ба ёрии лекторон. - Душанбе: Дониш, 1985.-28 с.
  • * Мирзо Турсунзода (1911-1977) //Сайфуллоев, А. Аркони сухан. - Душанбе: Маориф, 1985.- С.7-32.
  • * Мирзо Турсунзода //Асозода Х. Адабиёти тоҷик дар садаи ХХ.- Душанбе: Маориф,1999.- С.281-311.
  • * Раҳмонов, Э. Мирзо Турсунзода-шоири бузург ва арбоби бар¬ҷастаи ҷамъиятӣ: Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷи¬кис¬тон Э.Раҳ¬монов дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 90- солагии устод Мирзо Тур¬сунзода //Ҷумҳурият.- 2001.- 30 октябр.
  • * Саъдуллоев, А. Ду шоҳсутуни кохи сухан: Мирзо Турсунзодаи тоҷик ва Чингиз Айматови қирғиз //Адабиёт ва санъат.- 2009.- 10 сентябр.
  • * Асозода, Х. Ҷойи устод Турсунзода холист: Ба пешвози 100- солагии зодрӯзи Мирзо Тусрунзода //Адабиёт ва санъат.- 2009.- 20 август.
  • * Саидмуродов, М. Устоди вопасин: Мирзо Тур¬сун¬¬¬¬зода //Омӯз¬гор.- 2009.- 1 май.
  • * Кӯчаров, Н. Поси ошнии ду суханвар: Мирзо Турсунзода ва Раҳим Ҳошим //Адабиёт ва санъат.- 2009.- 4 июн.
  • * Саидзода, Ҷ. Вассофи бахту саодат: Мирзо Турсунзода //Адабиёт ва санъат.- 2009.- 29 январ.
  • * Муҳаммадзода, М. Вассофи ормонҳои башарият: Мирзо Тур¬сун¬зода //Адабиёт ва санъат.- 2010.- 27 май.
  • * Абдуллоҳ, А., Каримов, М. Бузургонро бузургон зинда медоранд: Ба ифтихори 100-солагии Мирзо Турсунзода //Омӯзгор.- 2010. - 30 июн.
  • * Назрӣ, У. Ғазалсарои мумтоз: Мир¬зо Турсунзода //Адабиёт ва санъат.- 2010.- 8 апрел.
  • * Абдуллоҳ, А. Васфи занону модарон дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода: Ба ифтихори 100- солагии зодрӯзи Мирзо Турсунзода // Адабиёт ва санъат.- 2010.- 12 август.
  • * Кӯчаров, А. «Шеъри ман ба осонӣ эҷод намешавад»: Ба ифтихори 100- солагии Мирзо Турсунзода //Ҷумҳурият.- 2010.- 13 ноябр.
  • * Давронов, А. Шеър ва шеваи рӯзгори шоир: Мирзо Турсун¬зо¬да //Адабиёт ва санъат.- 2010.- 9 декабр.
  • * Абдулло, З. Як нигоҳ ба дили устод: Мирзо Турсунзода //Ҷумҳурият.- 2010.- 23 октябр.
  • * Саидзода,Ҷ. Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод!: Рисола.- Душанбе: Адиб,2010.- 160 с.
  • * Ғаффоров, У. Устоди маънавии устод: Мирзо Турсунзода // Ғаф¬форов, У. Шаҳбози осмони сухан.- Душанбе: Адиб,2007.- С.94-115.
  • * Аҳмадов, Б. Шоири беназир: Гуфторҳо дар ситоиши Мирзо Тур¬сунзода //Ҷумҳурият.- 2001.- 25 октябр.
  • * Самад, А. Ифтихори миллат: Мирзо Турсунзода // Ҷумҳурият.- 2001.- 16 октябр.
  • * Сайфуллоев, А. Иттифоқи Мирзо Турсунзода: Хотираҳо // Адабиёт ва санъат.- 2001.- 18 май.
  • * Саидзода, Ҷ. Устод Турсунзода ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ // Адабиёт ва санъат- 2001.- 5 октябр.
  • * Акрамзод, С. Тасвири табиат дар ашъори Мирзо Турсунзода // Адабиёт ва санъат.- 2001.- 5 октябр.
  • * Бобоев, М. Ёде аз устод: Мирзо Турсунзода //Ҷумҳурият.- 2001.- 25 сентябр.
  • * Абдулло, К. Пайвандгари дилҳо: Мирзо Турсунзода //Ҷумҳурият.- 2001.- 22 сентя¬бр.
  • * Ҳайдаршо, М. Сарводаи миллат: Шеър бахшида ба Мирзо Турсунзода //Садои мардум.- 2001.- 1 ноябр.
  • * Шодиқулов, Ҳ. Шеър ва шоири аср: Мирзо Турсунзода //Садои мардум.- 2001.- 27 октябр.
  • * Сӯфизода, А. Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор… // Омӯзгор.-2001.- 24 октябр.
  • * Гуфтори бузургон дар васфи устод Мирзо Турсунзода //Адабиёт ва санъат.- 2001.- 19 октябр.
  • * Кӯчаров, А. Нигоҳе ба таҳрифоти ашъори шоир //Ҷумҳурият.-2001.-19 июн.
  • * Мазҳабшоҳӣ, М. Миллатсози дилгарм //Тоҷикистон.-2001.- 21 сентябр.
  • * Номаҳои Садриддин Айнӣ ба Мирзо Турсунзода //Ҷумҳурият.- 2001.- 12 апрел.
  • * Сӯфиев, К. Номашон ҷовид, ёдашон бо мост //Ҷумҳурият.-2001. -5 июл.
  • * Ҷӯразода, Ғ. Вохӯрие, ки як умр дар ёд бимонд //Адабиёт ва санъат.- 2001.- 24 август.
  • * Табаров, С. Мақоми Мирзо Турсунзода дар адабиёти умумиҷаҳонии асри ХХ //Ҷумҳурият.- 2001.- 25-27 октябр.
  • * Сайфуллоев, А. Иттифоқи Мирзо Турсунзода //Адабиёт ва санъат.- 2005.- 6 январ.

Инчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 1.0 1.1 Sputnik. Ёде аз шоир, донишманд ва чеҳраи сиёсии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода(тоҷ.). Sputnik Tajik. 10 сентябри 2019 санҷида шуд.

Пайванди беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]