Абдусалом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдусалом
ابدسلام
Таърихи таваллуд 29 январ 1926(1926-01-29)
Зодгоҳ Покистон
Таърихи даргузашт 21 ноябр 1996(1996-11-21) (70 сол)
Маҳалли даргузашт Оксфорд, Британияи Кабир

Абдусалом (порсӣ: ابدسلام ) — физик-назариётчии покистонӣ, профессор, дорандаи мукофоти Нобел (1979).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдусалом 29 январи 1926 дар Покистон ба дунё омадааст. Соли 1946 Коллеҷи давлатии Донишгоҳи Панҷобро дар Лоҳур хатм намуда, ба Донишгоҳи Кембриҷи Англия дохил мешавад. Соли 1949 рисолаи магистрӣ ва соли 1952 рисолаи докториро аз фанни электродинамикаи квантӣ ҳимоя кардааст. Солҳои 1951 – 1954 профессори математикаи Коллеҷи давлатии Покистон, 1954 – 1957 муаллими математикаи Донишгоҳи Кембриҷ, 1957 – 1961 профессори кафедраи физикаи назариявии Коллеҷи империявии Лондон, 1961 – 1964 мушовири Президенти Покистон оид ба илм, 1964 – 1993 директори Маркази байналхалқии физикаи назариявӣ дар Триест (Италия), ҳамзамон с-ҳои 1964 – 1975 узв ва 1971 – 1972 раиси Кумитаи машваратии СММ оид ба илм ва техника буд. Абдусалом узви академияҳои илмии бисёр давлатҳо, аз он ҷумла узви хориҷии АИ СССР буд.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз миёнаи соли 1950 Абдусалом оид ба назарияи умумии таъсирҳои фундаменталӣ кор карда, дар муттаҳид сохтани назарияи электромагнетизм бо таъсироти зӯр ва суст кӯшиш намудааст. Абдусалом назарияи инвариантнокии Ш. Глэшоуро истифода намуда, соли 1968 (новобаста ба С. Вайнберг) назарияеро созмон дод, ки он таъсироти суст ва электромагнитиро ба як таъсирот муттаҳид мекунад. Абдусалом нишон дод, ки барандагони таъсироти суст зарраҳои зарядноки W+, W– ва заррачаи нейтралии Z0 ҳастанд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдусалом барои ин асараш соли 1979 ҳамроҳи С. Вайнберг ва Ш. Глешоу сазовори мукофоти Нобелӣ гардид. А. инчунин бо мукофоти «Атом баҳри сулҳ» (1968), медалҳои «Максвелл»-и ҷамъияти физикии Лондон (1961), «Хюз» (1964), медали шоҳии Ҷамъияти шоҳии Лондон (1978), медали тилои Ломоносови АИ СССР (1983) ва бисёр ҷоизаҳои дигар сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]