Абдуссалом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуссалом
англ. Abdus Salam
Таърихи таваллуд 29 январ 1926(1926-01-29)
Зодгоҳ Панҷоб Покистон
Таърихи даргузашт 21 ноябр 1996(1996-11-21) (70 сол)
Маҳалли даргузашт Оксфорд, Бритониёи Кабир
Кишвар
Фазои илмӣ quantum field theory[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: профессор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Nicholas Kemmer[d][2] ва Paul Taunton Matthews[d][3]
Шогирдон Fayyazuddin[d]
Ҷоизаҳо
Knight Commander of the Order of the British Empire Nishan-e-Pakistan Ордени «Барои хизматҳо ба Ҷумҳурии Итолиё» Knight Grand Cross of the Order of Merit of the Italian Republic Order of Independence Grand Cross of the Order of Excellence Sitara-i-Imtiaz

Atoms for Peace Award[d]

ҳамкори Анҷумани салатанатӣ[d]

Pride of Performance
Copley Medal

Royal medal[d] (1978)

Ҷоизаи Нобел дар бахши физик

Нишони зарини Ломоносов[d] (1983)

Hughes Medal[d] (1964)

Matteucci Medal[d] (1978)

Honorary doctors of Ghent University[d] (18 март 1988)

Catalonia International Prize[d] (1990)

TWAS fellow[d]

National Order of Scientific Merit[d]

J. Robert Oppenheimer Memorial Prize[d] (1971)

honorary doctor of the University of Gothenburg[d]

доктори фахрии Донишгоҳи Кембриҷ[d]

honorary doctor of the University of Edinburgh[d]

Marcel Grossmann Award[d] (1985)

узви Ҷамъияти физикии Амрико[d]

honorary doctor of the University of Madrid Complutense[d] (1983)

Bakerian Lecture[d] (1980)

Maxwell Medal and Prize[d] (1962)

Adams Prize[d] (1958)

Fellow of Bangladesh Academy of Sciences[d]

Fellow of Pakistan Academy of Sciences[d]

Guthrie Medal and Prize[d] (1976)

honorary doctor of the University of Science and Technology of China[d] (1986)

Associate Fellow of the African Academy of Sciences[d] (1987)

honorary doctor of Istanbul University[d]

honorary doctor of the University of Exeter[d]

Q4287195? (1978)

Royal Society Bakerian Medal[d]

Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абдуссалом (29 январи 1926, Ҷанг, Покистон21 ноябри 1996, Оксфорд) — физик-назариётчии покистонӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел (1979).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1946 Коллеҷи давлатии Донишгоҳи Панҷобро дар Лоҳур хатм намуда, ба Донишгоҳи Кембриҷи Англия дохил мешавад. Соли 1949 рисолаи магистрӣ ва соли 1952 рисолаи докториро аз фанни электродинамикаи квантӣ ҳимоя кардааст. Солҳои 1951 – 54 профессор математикаи Коллеҷи давлатии Покистон, 1954 – 57 муаллими математикаи Донишгоҳи Кембриҷ, 1957 – 61 профессор кафедраи физикаи назариявии Коллеҷи империявии Лондон, 1961 – 64 мушовири Президенти Покистон оид ба илм, 1964 – 93 директори Маркази байналхалқии физикаи назариявӣ дар Триест (Италия), ҳамзамон солҳои 1964 – 75 узв ва 1971 – 72 раиси Кумитаи машваратии СММ оид ба илм ва техника буд. Солҳо 1960-ум роҳбари сохтмони реактори атомӣ дар Покистон буд. Реактор солҳои 1965-1966 ба истеҳсоли энергияи атомӣ шурӯъ намудааст. Ҳангоми иҷрои вазифаи мушовири Президенти Покистон оид ба илм солҳои 1972-1974 Абдуссалом роҳбари лоиҳаи истеҳсоли яроқи ҳастаӣ буд. Соли 1974 ӯ аз Покистон бинобар узви равияи хурофотии Аҳмадийа буданаш (дар Покистон хурофоти ғайриисломӣ эълон шудааст) муҳоҷират намудааст.[4]

Осори Илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз миёнаи соли 1950 Абдуссалом оид ба назарияи умумии таъсирҳои фундаменталӣ кор карда, дар муттаҳид сохтани назарияи электромагнетизм бо таъсироти зӯр ва суст кӯшиш намудааст. Абдуссалом назарияи инвариантнокии Ш. Глэшоуро истифода намуда, соли 1968 (новобаста ба С. Вайнберг) назарияеро созмон дод, ки он таъсироти суст ва электромагнитиро ба як таъсирот муттаҳид мекунад. Абдуссалом нишон дод, ки барандагони таъсироти суст зарраҳои зарядноки W+, W– ва заррачаи нейтралии Z0 ҳастанд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуссалом барои ин асараш соли 1979 ҳамроҳи С. Вайнберг ва Ш. Глешоу сазовори мукофоти Нобелӣ гардид. Абдуссалом инчунин бо мукофоти «Атом баҳри сулҳ» (1968), медалҳои «Максвелл»-и ҷамъияти физикии Лондон (1961), «Хюз» (1964), медали шоҳии Ҷамъияти шоҳии Лондон (1978), медали тилои Ломоносови АИ СССР (1983) ва бисёр ҷоизаҳои дигар сарфароз гардидааст. Абдуссалом узви академияҳои илмии бисёр давлатҳо, аз он ҷумла узви хориҷии АИ СССР буд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]