Jump to content

Ҷумъа (намоз)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Ҷумъа (ар. صلاة الجمعة‎ — намози ҷумъа) — намозе аст, ки мусулмонон ҳар рӯзи ҷумъа дар аввали зуҳр ба ҷои намози пешин ва бо ҷамоъат дар масҷидҳои ҷомеъ хонда мешавад.

Яке аз иҷтимооти ҳафтагии мусалмонон намози ҷумъа мебошад ва намозгузорон дар рӯзи ҷумъа ба ҷои намози пешин намози ҷумъа мехонанд. Ин намози бошукӯҳ бар асоси китоби Худо фарз гардидааст, он ҷо ки мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَاةِ مِنْ يَوْمِ الْجُمُعَةِ فَاسْعَوْا إِلَى ذِكْرِ اللَّهِ وَذَرُوا الْبَيْعَ ذَلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ  ‎ 

«Эй касоне, ки имон овардаед, вақте барои намози рӯзи ҷумъа нидо (азон) дода шуд, ба сӯи зикри Худо бишитобед ва хариду фурӯшро (дар он лаҳзаҳо) фурӯ гузоред. Ин бароятон беҳтар аст, агар медониста бошед»[1].

Паёмбари акрам (с) фамудааст, ки: «Беҳтарин рӯзе, ки офтоб дар он тулӯъ намудааст, рӯзи ҷумъа мебошад. Дар ҳамин рӯз Одам офарида шуда, дар ҳамин рӯз дохили биҳишт гардонида шуда ва дар ҳамин рӯз аз биҳишт берун оварда шудааст. Рӯзи қиёмат низ дар ҳамин рӯз воқеъ мешавад»[2][3][4].

Имом Аҳмади Ҳанбал мефармояд: «Мартаба ва дараҷаи шаби ҷумъа аз баъзе ҷанбаҳо аз шаби қадр беҳтар аст, зеро дар ҳамин шаб паёмовари барҳаққи илоҳӣ – ҳазрати Муҳаммад (с) дар батни модар ҷилваафрӯз шуда ва ин инояти Ҳақ боиси ин ҳама хайру баракат гардидааст, ки онҳоро ҳадду ҳисобе нест».

Паёмбари акрам (с) фармудааст, ки: «Дар рӯзи ҷумъа соате ва лаҳзаҳое мавҷуд аст, ки ҳар дуъо ва хоҳиши бандаи муъмин аз даргоҳи Ҳақ дар он иҷобат ва бароварда мегардад». Аммо ин соат ва лаҳзаҳои гуворо муайян нагардида, то шахси мусалмон ва бандаи муъмин тамоми лаҳзаҳо ва соатҳои ин рӯзро дар ҳолати таваҷҷуҳи ба Худо ба сар бибарад.

Назди аксари аҳли илм намози ҷумъа дар аввали ҳиҷрат пас аз қудуми Паёмбар (с) ба Мадина фарз гардидааст ва нахустин ҷумъае, ки расули Худо (с) бо асҳобаш барпо намуд, дар даруни водие аз қабилаи Банӣ Солим ибни Авф буда ва мардуми он қабила баъдҳо дар ҷои намози он ҳазрат (с) барои худ масҷиде бино карданд[5]. Ҳамчунин ривоят шуда, ки Асъад ибни Зурора (р) аввалин касе аз асҳоби паёмбар (с) буда, ки дар Мадина бо мардум намози ҷумъа хондааст ва ин кор бо амри паёмбар (с) ва пеш аз ҳиҷрат сурат гирифтаст[6]. Ривоят шуда, ки Каъб ибни Молик (р) ҳар боре азони ҷумъаро мешунид, бар Асъад ибни Зурора (р) раҳмат мефиристод ва мегуфт: «Вай аввалин касе буд, ки бо мо дар Ҳазму-н-набит дар Ҳарраи Банӣ Баёза – номи маконе намози ҷумъа гузорид». Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки фармуд: «Аввалин ҷумъае, ки дар ислом пас аз ҷумъаи баргузоршуда дар масҷиди расули Худо (с) дар Мадина баргузор гардид, ҷумъае буда, ки дар Ҷувосо – деҳае аз деҳоти Баҳрайн баргузор гардид»[7].

Намози ҷумъа назди машоихи ҳанафӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Назди машоихи ҳанафӣ – имом Абӯҳанифа (рҳ) ва имом Абӯюсуф (рҳ) фарзи вақти намози ҷумъа дар асл ҳамон фарзи пешин аст, вале касе шароити баргузории намози ҷумъа барояш фароҳам омада бошанд, ба таври ҳатмӣ амр шуда, ки намози пешинро фурӯ гузорад ва ба ҷои он намози ҷумъаро барпо дорад ва касе он шароит барояш фароҳам нагардида бошанд, бар асли фарзи вақт – намози пешин боқӣ мемонад, вале ба тариқи рухсат ба адои намози ҷумъа низ хитоб шудааст, вақте онро бо вуҷуди фароҳам набудани шартҳои вуҷуб ба ҷой оварад, намозаш дуруст ва фарзи пешин аз вай соқит мегардад.

Назди ҷумҳури аимма – имом Молик (рҳ), имом Шофеъӣ (рҳ) дар мазҳаби ҷадидаш ва имом Аҳмад (рҳ) намози ҷумъа фарзи мустақил ва фарзи вақт дар рӯзи ҷумъа аст, ки бо нас­си қуръонӣ фарз шуда ва ба ивази фарзи пешин нест.

Шартҳое, ки барои намози ҷумъа пешбинӣ шудаанд, ба таври умумӣ бар се навъанд:

  1. шарт­ҳои вуҷуб – фарз гардидан,
  2. шартҳои сиҳҳат – дуруст гардидан,
  3. шартҳои вуҷуб ва сиҳ­ҳат ҳарду.

Фарқи навъҳои сегона аз якдигар дар он аст, ки

  • он чизе ки шарти вуҷуби намози ҷумъа ба шумор меравад, дар ҳолати мавҷуд набуданаш адами тааллуқи талаб – таклиф лозим меояд, дар ҳоле ки сиҳҳати амал собит аст, яъне дар ҳолати фароҳам набудани он шарт барои шахсе намози ҷумъа бар вай шаръан воҷиб – фарз нагаштаст, вале бо ин вуҷуд агар намозро ҳамроҳи одамони дорои шароит бигузорад, намозаш саҳеҳ аст;
  • он чизе ки шарти сиҳҳати намози ҷумъа ба шумор меравад, дар сурати мавҷуд набуданаш бутлони намоз лозим меояд, вале мутолаба ба он – таклиф ҳамчунон боқӣ аст, ҳаргоҳ он шарт дар канори шартҳои дигар фароҳам шавад, таклиф ба ҳоли худ боқист ва бояд намоз аз нав ба ҷой оварда шавад.
  • он чизе ки шарти вуҷуб ва сиҳҳати намози ҷумъа ҳарду ба шумор меравад, дар сурати мавҷуд набуданаш ду амр лозим меояд, яке бутлони намоз, дигаре адами тааллуқи талаб ба он, яъне ҳам вуҷуби намоз аз шахс соқит мегардад ва ҳам намози гузоридааш саҳеҳ нагаштааст – ботил аст.

Шартҳои вуҷуби намози ҷумъа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ислом – мусалмон будан ва имон даштан сарнахи тамоми шартҳо барои тааллуқи таклиф ва вуҷуби аҳкоми ибодӣ аст. Бинобар ин, шахси кофир аввал ба қабули ислом ва имон овардан ба он даъват мешавад, на ба анҷоми аҳком ва пойбандӣ ба онҳо. Ақл ва булуғ аз шартҳои аҳлият барои таклиф ва вуҷуби аҳкоми ибодӣ ҳастанд. Бинобар ин, таклиф аз шахси девона – беақл ва ноқисулақл бардошта – соқит ва ноболиғ ҳанӯз ба марҳалаи синнусолии аҳлият ва ё тааллуқи таклиф нарасидааст. Ин се шарт аз шартҳои вуҷуб ба шумор мераванд ва бақияи шартҳои вуҷуб – фарз гардидани намози ҷумъа иборатанд аз:

  1. зукурат – мард будан
  2. ҳуррият – озод будан
  3. тандурустӣ
  4. бино будан
  5. муқим будан

Бинобар ин, намози ҷумъа бар шахси девона, ноболиғ, зан, ғулом, бемор, нобино ва мусофир фарз нест, вале агар шахсони мазкур дар ҷамоат ҳозир ва намози ҷумъаро бо мардум бихонанд, ин намозашон дуруст ва ба ҷои фарзи пешин ҳисоб мешавад, ба истиснои шахси девона.

Тамоми мазоҳиби фиқҳӣ дар бораи шартҳои вуҷуб иттифоқи назар доранд ва дар фароянди онҳо масоили фаръие марбут ба ҳар шарте аз онҳо матраҳ мешаванд, ки ба таври хулоса аз ин қароранд:

  • Манзур аз озод будан – дар қайди ғуломӣ набудан ин аст, ки мард ғуломи риқ набошад, агар чунин бошад, намози ҷумъа аз вай соқит аст, вале агар мукотаб ва ё мубааз – нимаозод бошад, намози ҷумъа бар вай воҷиб аст. Агар мавло ба ғуломи риқ иҷозати ҳузур дар намозро диҳад, намози ҷумъа бар вай низ воҷиб мегардад.

Намози ҷумъа бар шахси иҷоракор ва коргари қарордодӣ низ воҷиб аст ва шахси иҷорадеҳ ва корфармо ҳаққи манъи ӯро аз намоз надорад. Агар масҷиди ҷумъа дуртар ва рафту омад барои намози ҷумъа вақти бештареро гирад, иҷорадеҳ ва корфармо метавонад аз миқдори музди муқарраргардида ба ҳамон миқдор кам намояд.

  • Манзур аз тандурустӣ солим будани бадан аз дарду беморие аст, ки рафтан ба масҷидро барои ширкат дар намоз мушкил нагардонад. Тимордор – парастори бемор низ вақте касеро наёбад, ки чанд муддате аз вай парасторӣ кунад, ҳамин ҳукмро дорад.
  • Фиқраи бино будан тамоми аворизи вомондагӣ ва офатҳои ҷисмонии музминеро, ки ҳаракат ва гардиши одии шахсро ба гунае мушкил ва ё муаттал гардонанд, дар бар мегирад. Бинобар ин, намози ҷумъа аз нобино ва пири аз помонда соқит аст, вале агар нобино асокаши мутабарреъ ва ё бо музди муносиб пайдо кунад, назди ҷумҳури уламо, бар хилофи имом Абӯҳанифа (рҳ), намози ҷумъа бар вай воҷиб аст. Ду сурати дигаре дар ин масъала вуҷуд доранд, ки намози ҷумъа дар онҳо бар нобино воҷиб аст, яке ин ки вай бо таҳорат ва покӣ дар вақти намоз дар масҷид ҳузур дошта бошад, дигар он ки маҳорати ёфтани роҳ ва ҳаракат дар кӯчаву бозорро бе асокаш дошта бошад.
  • Манзур аз муқим будан он аст, ки дар миср – он ҷо ки намози ҷумъа барпо дошта мешавад, ба таври аслӣ ватандор ва сокин бошад ва ё бо сукунати муваққат, ки муддати он назди машоихи ҳанафӣ бештар аз 15 рӯз аст, дар он нияти иқомат карда бошад. Аммо касе дар беруни миср – дар ободиҳо, заминҳо ва деҳоти атрофи он ба сар барад ва ҷои сукунаташ ба қадре ба миср наздик бошад, ки садои азони намози ҷумъаро аз болои миъзанаҳо ва дар ҳавои муносиб бишунавад, намози ҷумъа ва ҳузур дар масҷиди миср бар вай воҷиб мебошад, вале агар дуртар аз ин бошад, бино бар назари бузургони ҳанафӣ барпо доштани намози ҷумъа аз вай соқит аст ва бояд фарзи вақт – намози пешинро бигузорад[8].

Шартҳои сиҳҳати намози ҷумъа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шарти аввали сиҳҳати намози ҷумъа хондани хутба пеш аз он аст. Хутба бояд пеш аз намоз ва баъд аз дохил шудани вақти он хонда шавад ва фарзи хутба ба гуфтани як таҳмид (Алҳамду лиллоҳ) ва ё (Субҳоналлоҳ) ва ё (Ло илоҳа иллаллоҳ) адо меёбад. Агар хутба нохонда – бехутба ба намоз пардозанд, он дуруст намегардад. Тарзи хондани хутба ба ин тариқ аст, ки имом истода ва пои ба таҳорат ду хутба мехонад ва дар миёни ду хутба бояд андаке бинишинад. Ҷумҳури аимма ду хутбаро зарур ва мувозабати расули Худо (с) бар онро далели ин амр донистаанд. Ривоят шуда, ки расули Худо (с) рӯзи ҷумъа истода хутба мехонд, сипас менишаст, пас аз он боз (барои хутбаи дуюм бармехест, Ибни Умар, ровии ҳадис гӯяд: Чуноне имрӯз мекунанд[9].

Намозгузорон дар ҳоли хондани намози ҷумъа

Шарти дуюми сиҳҳати намози ҷумъа бо ҷамоат баргузор гардидани он аст ва ҳадди ақалли шумораи афроди ҷамоат се нафар ба ғайри имом аст. Бузургони шофеъӣ ва ҳанбалӣ бо истинод ба ҳадиси Каъб ибни Молик (р) дар бораи намози ҷумъаи Асъад ибни Зурора (р) ҳузури чиҳил нафар намозгузореро, ки ҷумъа бар онҳо воҷиб аст ва моликиён ҳузури дувоздаҳ нафар намозгузори аҳли ҷумъаро барои сиҳҳати намози ҷумъа шарт донистаанд.

Агар ҷамоате ба имом иқтидо карда, дар вақти намоз баъд аз саҷда онро тарк намоянд, имом ҷумъаро такмил намояд, вале агар пеш аз саҷда онро тарк кунанд, намози ҷумъа ботил мегардад ва имом бояд намози пешинро бихонад. Зеро ҷамоат дар намози ҷумъа назди имом Абӯҳанифа (рҳ) шарти (сиҳҳати) адо аст ва адо таҳаққуқ намеёбад, магар бо фароҳам шудани тамоми рукнҳо ва шартҳо, ба монанди қиём, қироат, рукуъ, суҷуд ва ғайра. Вақте имом ва қавм намозро то саҷдаи ракъати дуюм ба ҷой оварданд, тамоми аркон ва шартҳои он ба ҷой меоянд ва он дуруст мегардад, бинобар ин, агар қавм пас аз саҷда пароканда гарданд ва имом танҳо бимонад, онро такмил менамояд, вале агар пеш аз саҷдаи ракъати дуюм пароканда гарданд, намози ҷумъаи ҳам имом ва ҳам қавм ботил мегардад ва ҳама бояд фарзи пешинро бигузоранд. Назди Соҳибайн ҷамоат дар намози ҷумъа шарти (сиҳҳати) инъиқод – барпо шудан аст ва он бо духули саҳеҳ дар намоз таҳаққуқ меёбад. Бинобар ин, агар ҷамоат – қавм пас аз инъиқоди саҳеҳ ва пеш аз саҷдаи ракъати дуюм пароканда гарданд ҳам, намози ҳама дуруст гардидааст ва имом бояд онро такмил намояд. Соҳиби «Танвиру-л-абсор» қавли Абӯҳанифа (рҳ)-ро саҳеҳ гуфтааст.

Ҳузури се нафар намозгузор ба ҳангоми шурӯъи хутба низ назди аиммаи ҳанафӣ шарти сиҳҳати он ба шумор меравад, агар ба вақти хондани хутба камтарин ҳадди ҷамоат ҳузур надошта бошад ва намоз пас аз он барпо дошта шавад, он намоз саҳеҳ намегардад[10].

Иҷозати умумӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шарти сеюми сиҳҳати намози ҷумъа иҷозати умумӣ ва ҳамагонӣ аст ва он ба ин тариқ сурат мегирад, ки дарвозаи масҷиди ҷомеъ ба рӯи мардуме, ки ба намози ҷумъа меоянд, кушода бошад ва барои дохил шудани онҳо монеае набошад. Бинобар ин, дар ҷое, ки барои оммаи мардум иҷозати вуруд набошад ва ё дар ҷое ба сурати пинҳонӣ гузоридани намози ҷумъа ҷоиз нест. Агар амир ва султоне ба қалъа, қаср ва ё ҳавлии худ дарояд ва дарро ба рӯи дигарон бибандад ва дар он ҷо бо атрофиёнаш намози ҷумъаро бигузорад, он дуруст намегардад. Манзур аз изни омм – иҷозати умумӣ барои намози ҷумъа он аст, ки ҷои баргузории он барои намозгузорон маъруф, дарҳояш ба ҳаногми фаро расидани вақти намоз ба рӯи ҳама боз ва касе аз аҳли ҷумъа аз даромадан ба он мамнуъ набошад.

Ин амр танҳо ба ҳоким бастагӣ надорад, балки агар ҷамоае аз аҳли маҳалла ва ё мутасаддиёни масҷиди ҷомеъе дари онро ба рӯи дигарон бибанданд ва худашон дар дохил намози ҷумъаро бигузоранд, намозашон дуруст намегардад, ба ин маъно ки дар он масҷид ва ҷое, ки барои вуруд ба он иҷозати умумӣ вуҷуд надорад, барпо намудани намози ҷумъа ҷоиз нест, вале мардум метавонанд дар масҷид ва ё ҷои дигаре, ки дарҳояш кушода ва барои ҳама иҷозати вуруд аст, намози ҷумъаашонро ба ҷой оваранд, намози ҷумъа ба сабаби набудани изни омм ба масҷиди хоссе аз онҳо соқит намегардад.

Ёдовар мешавем, ки ин шарт низ назди машоихи ҳанафӣ муътабар ва аз шартҳои иҷтиҳодӣ ба шумор меравад. Илова бар ин, дар китобҳои зоҳири ривоят дар мазҳаб наомада, балки дар китобҳои наводир ба он ишора рафтааст. Бузургони дигар мазоҳиби фиқҳӣ чунин чизеро барои сиҳҳати намози ҷумъа шарт надонистаанд.

Шартҳои вуҷуб ва сиҳҳати намози ҷумъа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Миср – шаҳр

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои вуҷуб ва сиҳҳати намози ҷумъа вуҷуди миср зарурӣ ва аз шартҳои асосӣ ба шумор меравад. Фуқаҳо дар ин ки кадом маркази маскунӣ ва нуқтаи аҳолинишин миср – шаҳр, шаҳристон ва шаҳраки калон ба шумор меравад, назарҳо ва эътибороти гуногунеро иброз доштаанд, ки муътабартарини онҳо ду қавл аст. Бино бар қавли аввал, ки зоҳири мазҳаб аст, шаҳрак, шаҳристон, ҷамоати деҳот, деҳа ва маркази маскуние миср ба шумор мераванд, ки дар онҳо амир (имрӯза раиси шоха ва бахши иҷроии ҳукумат) ва қозӣ (раиси додгоҳ) фаъолият дошта, ба даъвоҳо, шикоятҳо ва хусуматҳои мардуми он ҷой расидагӣ намоянд ва ба иқома ва иҷрои ҳудуди шаръ қодир бошанд. Бино бар қавли дуюм миср ба шаҳре гуфта мешавад, ки масҷиди марказӣ ва калонтарин намозгоҳи он ғунҷоиши ҳамаи намозгузорони мукаллафи он шаҳрро надошта бошад ва фатвои аксари фуқаҳо бар ҳамин қавл аст. Пас намози ҷумъа дар намозгоҳҳои чунин шаҳр, шаҳрак, марказҳои маскунӣ, ҷамоатҳои деҳот ва деҳа барпо дошта мешавад ва хондани ҷумъа дар деҳот ва рустоҳои хурдтаре, ки на ба миср пайвастаанд ва на ба меъёрҳо ва эътибороти боло мутобиқат доранд, ҷоиз нест – намози ҷумъа бар аҳолии он ҷойҳо фарз набуда ва мукаллаф ба баргузории он нестанд, агар онро бигузоранд ҳам, намозашон дуруст намегардад, балки онҳо бояд фарзи вақт – намози пешинро ба ҷой оваранд, ҷамоати фарзи пешин барояшон дуруст ва ҳеч гуна кароҳияте надорад.

Барпо намудани намози ҷумъа дар финои миср – шаҳри бузург низ ҷоиз аст ва финои шаҳр маконе аст, ки барои гузаронидани чорабиниҳои иҷтимоӣ ва таъмини масолеҳ – ниёзҳои моддии мардуми он шаҳр пешбинӣ шудааст, ба монанди маҳалли аспдавонӣ, майдонҳои варзишӣ, поёнаи мусофирбарӣ, машқгоҳи сарбозон, тамрингоҳи чатрбозон, намозгоҳи беруни шаҳр ва ғ., гарчанде ба гӯшаҳои он пайваста набуда, балки аз он фосила дошта бошад. Гузоридани намози ҷумъа бар сокинони ободиҳо ва деҳоте, ки дар атрофи шаҳр воқеъ ва таъминкунандаи чизе аз масолеҳ моддии мардуми шаҳранд низ, воҷиб аст, онҳо агар садои азони масоҷиди шаҳрро бишунаванд ва дар деҳа шароити дигари баргузории намози ҷумъа, ба монанди бахшҳои шаҳр, вуҷуд надошта бошанд, пас бояд ба наздиктарин масҷиди шаҳр бираванд.

Ин шарт назди машоихи ҳанафӣ эътибор дорад ва аз шартҳои иҷтиҳодӣ аст, бузургони мазҳабҳои дигари аҳли Суннат чунин чизеро барои баргузории намози ҷумъа шарт надонистаанд. Шофеъиён барои баргузории намози ҷумъа танҳо маҷмуабиноҳоеро шарт донистаанд, ки мардум дар онҳо сукунат дошта бошанд, чӣ деҳ бошад, чӣ шаҳр ва чӣ ҷои дигаре, ҳанбалиён инро ҳам шарт надонистаанд ва назди онҳо барпо доштани намози ҷумъа дар саҳро ва хиргаҳҳо – хаймагоҳҳо, вақте бошандагони онҳо ба камтарин ҳадди лозимаи ҷамоат бирасанд, ҷоиз аст. Моликиён барои иқомаи намози ҷумъа ҷоеро шарт донистаанд, ки барои сукунати бардавом – тобистон ва зимистон муносиб бошад, ба монанди биноҳо, кушкҳо ва ғ. аммо дар хиргаҳҳо онро ҷоиз надонистаанд[11].

Шарти дигари вуҷуб ва сиҳҳати намози ҷумъа ҳузур ва ё иҷозати султон – ҳоким ва ё ҳузури ноиб ва намояндаи вай аст, ба ин маъно ки намози ҷумъа бояд тавассути ҳоким ё ноиб ва намояндаи вай ва ё касе барпо гардад, ки аз сӯи вай ба имоматии мардум ва адои намози ҷумъа амр шудааст, яъне ҳаққи барпо намудани намози ҷумъаро танҳо ҳокими шаръ ё ноиб ва намояндаи вай дорад ва ё хатиб ва касе, ки ҳокими шаръ ӯро барои ин кор иҷозат додааст, зеро равиши баргузории намозҳои ҷумъа дар замони расули Худо (с) ва дар даврони хулафои рошид бар ин минвол буда. Ин амр вақтест, ки дар макони баргузории намози ҷумъа султон, ноиб ва ё намояндаи вай ва ё касе ки барои ин кор амр шудааст, мавҷуд бошанд, вале агар бо сабабе касе аз онҳо дар он ҷо мавҷуд набошад, пас намозгузорон аз байни худ касеро пеш мегузаронанд, то намозро барояшон барпо дорад.

Хатиби ҷумъа ва касе ки ба иқомаи он амр мешавад, дар тамоми вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва деҳоти дорои шароит бояд бо амр ва иҷозати ҳокими шаръ, ноиби вай ва ё мақоми салоҳиятдори давлатӣ таъйин шавад ва таъйини худи мардуми маҳал хатиберо аз пеши худ шаръан эътиборе надорад, магар дар ҳолати зарурат – зери по шудани ҳуқуқҳои маънавии мардум ва ё фалаҷи ҳокимият. Бинобар ин, агар султон – ҳокими шаръ аҳли миср ва ё деҳотеро аз боби тааннут ва ворид намудани зиёнҳои маънавӣ бар онҳо аз баргузории намози ҷумъа боз дорад, онҳо метавонанд мардеро аз байни худ пеш гузаронанд, то намози ҷумъаро барояшон бигузорад. Сарзаминҳои исломие, ки ба даст – истилои кофирон афтодаанд (манзураш шояд сарзаминҳои Шом, Ироқ ва шимоли Африқо бошад), сарзаминҳои ислом ба шумор мераванд, на билоди ҳарб, зеро ҳанӯз ҳукми куфрро дар онҳо ба иҷро надаровардаанд ва қозиёну волиён – коргузорони идорӣ мусалмон ҳастанд, вале аз боби зарурат ва ё бе зарурат аз онҳо итоат мекунанд, ҳар шаҳре, ки дар он коргузоре аз тарафи худи мусалмонон вуҷуд дошта бошад, вай метавонад намози ҷумъа, идҳо ва ҳудуди шаръро барпо дорад ва қозиёнро ба кор гирад... Агар коргузорони он сарзаминҳо кофирон ҳам бошанд, барои мусалмонон ҷоиз аст, ки намози ҷумъаро барпо доранд[12].

Ин шарт ва назароти фиқҳӣ ба мисли шарти қаблӣ назди машоихи мазҳаби ҳанафӣ муътабар аст ва аз шартҳои иҷтиҳодӣ ба шумор меравад. Бузургони ҳанафӣ дар эътибори ин шартҳо равиши кор дар садри исломро мустанади шаръии хеш қарор дода ва таъмини комили амнияти иҷтимоӣ ва равонии намозгузоронро ба назар гирифтаанд.

Бузургони мазоҳиби дигари фиқҳӣ ҳеч чизе мутааллиқ ба султонро, на ҳузур ва ё иҷозати вай, на ҳузури ноиб ва намояндааш ва на иҷозат ва таъйини хатиб ва ё касееро аз сӯи вай барои вуҷуб ва ё сиҳҳати намози ҷумъа шарт надонистаанд, зеро ин бандагӣ, ибодат ва фаризаи илоҳист ва онро ба ҳар шакле, ки буда, бояд анҷом дод, барои анҷоми ибодати Худо иҷозат ва ё ҳузури султон шарт ва зарур нест.

Шарти сеюми вуҷуб ва сиҳҳати намози ҷумъа даромадани вақт аст ва вақти он назди ҷумҳури мазоҳиб – ҳанафӣ, моликӣ ва шофеъӣ вақти намози пешин аст. Қабл аз вақти пешин ҳанӯз фарзияти он собит нагаштааст ва баъд аз гузаштани вақти пешин – бо даромадани вақти намози аср намози ҷумъа фавт мегардад ва дигар қазои фарзи вақт – намози пешин ба ҷой оварда мешавад. Назди ҳанбалиён аввали вақти намози ҷумъа ибтидои вақти намози ид аст, вале пас аз завол гузоридани он афзал аст, зеро баргузории он пеш аз завол низ бо осори саҳеҳ собит шудааст.

Тарзи хондани намози ҷумъа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рӯзи ҷумъа ду бор азон гуфта мешавад. Бо азони аввал мардум хариду фурӯш ва дигар корҳои дунявии хешро тарк карда, ба сӯи масҷид мешитобанд. Канор гузоштани хариду фурӯш ва дигар корҳои зиндагӣ пас аз гуфтани азони дуюм то баргузории намози ҷумъа ва шитофтан ба сӯи намоз бар одамони дорои шароити баргузории он назди ҷумҳури аиммма фарз мебошад ва касе бар хилофи ин амри илоҳӣ амал намояд, тарки фарз кардааст ва ба азоби Худо гирифтор мегардад. Назди машоихи ҳанафӣ хариду фурӯш ва дигар корҳои дунявӣ бояд бо азони аввал тарк карда шаванд ва машғул шудан ба онҳо макрӯҳи таҳримӣ аст. Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки хариду фурӯш дар он вақт ҳаром аст ва Ато фармуда: Тамоми саноатҳо ва корҳо дар он вақт ҳаром мебошанд[13].

Сипас, имом ба минбар баромада, рӯ ба ҷамоат қарор мегирад ва он гоҳ азони дуюм гуфта мешавад. Баъд аз он имом шурӯъ ба хутба карда, ду хутба эрод менамояд ва дар миёни он ду андаке менишинад. Ҳар гоҳ хутбаи дуюмро ба поён расонид, ду ракъати намози ҷумъаро бо ҷамоат ба ҷо меоварад.

Аҳкоми намози ҷумъа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Макрӯҳ аст, ки рӯзи ҷумъа шахсони маъзур (ғуломон, беморон, нобиноён ва мусофирон) ва зиндониён намози пешинро дар шаҳри бузург бо ҷамоат адо намоянд. Инчунин макрӯҳ аст, ки дар ин рӯз одами ғайри маъзур – дорои шароити баргузории намози ҷумъа, намози пешинро дар хонааш пеш аз ҷумъа бихонад. Агар баъд аз адои он (бо кароҳият) дар хонааш ба сӯи намози ҷумъа бишитобад, дар ҳоле ки имом ҳанӯз машғули хондани намози ҷумъа бошад, намози пешини ӯ ба муҷарради берун шудан аз хонааш, ботил мегардад, ҳарчанд ба намози ҷумъа нарасад.

Ҳар гоҳ намозгузор ба ҷамоати намози ҷумъа ҳангоми ташаҳҳуд ва ё саҷдаи саҳв ҳам, ки расад, бояд намози ҷумъаро ният карда, намозашро такмил намояд.

Ҳар гоҳ имом ба минбар баромада, машғули хондани хутба шавад, намозгузорон бояд рӯ ба рӯи имом бинишинанд ва воҷиб аст ба хутбаҳо гӯш диҳанд. Шунавандагон ҳангоми хондани хутбаҳо аз сухан гуфтан ва намоз хондан то охири хутбаҳо бипарҳезанд, зеро сухан гуфтан ва намоз хондан дар он вақт ҳаром аст.

Суннат аст, ки имом дар хутбаҳо нукоти зеринро барои мардум зикр намояд:

  1. Ҳамд ва санои илоҳиро ба ҷо оварад.
  2. Бар паёмбари ислом (с) дуруду салом бифиристад.
  3. Мардумро ба тарси Худо ва парҳез аз гуноҳон тавсия намояд.

Ҳамчунин, сазовор аст дар хутбаҳо ин матолибро ҳам бигӯяд:

  1. Он чи мусалмонон дар зиндагӣ ва охират ба он ниёз доранд.
  2. Мардумро ба он чи дар ҷаҳон мегузарад ва ба суду зиёни мусалмонон аст, огоҳ кунад.
  3. Аз масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ, он чӣ ба истиқлол ва озодии онҳо дахл дорад ва аз чигунагии муносибатҳои онҳо бо дигар миллатҳо сухан гӯяд.
  4. Мусалмононро аз дахолати давлатҳои ситамгару истеъморгар дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки ба баҳракашӣ ва истисмори онон хотима меёбад, огоҳ кунад.

Одоби рӯзи ҷумъа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз он ҷо, ки рӯзи ҷумъа рӯзи озодӣ ва истироҳати ҳафтагии мусалмонон аст, дар он рӯз беҳтар аст бандаи муъмин ба фикри корҳое бошад, ки ба покизагию истироҳати баданӣ ва зебоиву латофати рӯҳӣ мусоидат мекунанд. Аз ҷумла:

  • Ғусл намудан ва мӯи сар ва ғайраро тарошидан.
  • Беҳтарин либосҳои худро пӯшидан.
  • Атру хушбӯӣ задан.
  • Нохун гирифтан.
  • Ба зиёрати хешону дӯстон рафтан.
  • Дар аввали вақти намоз ба масҷиди ҷомеъ рафтан ва ғайра.

Фазилатҳои намози ҷумъа

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Намози ҷумъа фарзи айн (қатъӣ) аст, ки дар Қуръони маҷид, ҳадисҳои мутавотир ва иттифоқи назари тамоми уммати ислом собит шудааст. Он яке аз бузургтарин маросимҳои исломӣ ба шумор меравад. Мункири (инкоркунанда) он кофир ва беузр тарккунандаи он фосиқ мебошад. Худованд мефармояд:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَاةِ مِنْ يَوْمِ الْجُمُعَةِ فَاسْعَوْا إِلَى ذِكْرِ اللَّهِ وَذَرُوا الْبَيْعَ ذَلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ  ‎ 

«Эй касоне, ки имон овардаед (муъминон), чун дар рӯзи ҷумъа барои намоз азон дода шавад, ба сӯи зикри Худо бишитобед ва хариду фурӯшро раҳо созед. Ин барои шумо беҳтар аст, агар бидонед».

  • Паёмбари акрам (с) фармуда: «Ҳар кас рӯзи ҷумъа ғусл намуда, пас аз истеъмоли хушбӯию атр ба сӯи масҷиди ҷомеъ биравад ва бе ин ки қадам бар сари касе ниҳад (ва касеро озор диҳад), вориди масҷид гашта, ба андозаи ҳоли худ намози нафл бигузорад ва вақте имом барои хондани хутба болои минбар рафт, бо риояи хомӯшӣ ба хутбаҳо гӯши ҷон бисупорад, аз ҷумъаи гузашта то ҷумъаи ҳозир тамоми гуноҳонаш омурзида шаванд»[14]. 3. Паёмбари акрам (с) дар бораи шахсоне, ки намози ҷумъаро тарк мекунанд, мефармояд: «Мардумоне, ки намози ҷумъаро тарк мекунанд, бояд аз ин корашон даст кашанд, вагарна Худованд бар дилҳои онҳо муҳри (ғафлат) мезанад ва бо ҳамин дар ҷумлаи ғофилон қарор мегиранд»[15].

Низ мефармояд: «Касе се ҷумъаро аз рӯи бетаваҷҷуҳӣ ва саҳлангорӣ тарк намояд, Худованд бар дилаш муҳр мезанад»[16][17][18][19].

Хутба хондан

[вироиш | вироиши манбаъ]

Назди ҷумҳури фақеҳон суннат аст, ки барои адои хутба дар масҷид минбаре вуҷуд дошта бошад ва хутба аз болои он хонда шавад. Дар ривоятҳои саҳеҳ собит шудааст, ки расули Худо (с) соли ҳафтум ва ё ҳаштуми пас аз ҳиҷрат барои худ минбаре гирифт. Аз Саҳл ибни Саъди Соъидӣ ривоят шуда, ки паёмбар (с) ба зани ансорие кас фиристод, ки: «Ғуломи наҷҷори хешро бифармо, бароям чӯбҳое бисозад, то вақте бо мардум сухан мегӯям, бар онҳо бинишинам»[20].

  • Суннат аст, ки вақте мардум барои намоз гирди ҳам омаданд ва вақти намоз фаро расид, имом бар минбар бинишинад ва муаззин рӯ ба рӯи имом истода, азон диҳад. Баъд аз азон имом бархоста, ба хутба шурӯъ намояд.Назди аиммаи шофеъӣ ва ҳанбалӣ пас аз баромадан ба минбар ва рӯй овардан ба намозгузорон салом додани имом ба онҳо мустаҳаб аст, вале назди машоихи ҳанафӣ маснун нест.Назди баъзе машоихи ҳанафӣ ба даст асо гирифтани хатиб ба ҳангоми хутба суннат аст, зеро ривоят шуда, ки: «...Расули Худо (с) дар хутба ба асо ва ё камон (қавс)-е такя кард...»[21].
  • Дар хутба ин чизҳо суннат аст:
  1. истода хондани хутба
  2. ду хутба хондан
  3. дар миёни ду хутба ба андозаи се бор тасбеҳ гуфтан нишастан
  4. дар вақти хондани хутба ба мардум рӯй овардани имом
  5. пеш аз шурӯъи хутба оҳиста «Аъузубиллоҳ» гуфтан
  6. хондани хутба ба тавре ки мардум садои имомро бишнаванд
  7. дар хутба мафоҳими зеринро баён кардан: а) Ҳамди Худо, б) додани шинохтҳое дар бораи Худованд ва баёни ягонагии Ӯ, в) дуруд фиристодан ба паёмовари илоҳӣ ва баёни воқеияти рисолат (маъмурият)-и ҳазрати Муҳаммад – фиристодаи Худо (с), г) панду андарзҳои лозим, д) тиловати оятҳое аз Қуръони карим, ж) дар хутбаи дуюм барои мусалмонон дуъо намудан.
  8. дароз накардани хутба
  9. бар минбар хондани хутба ва агар минбар набошад, бар чизи дигаре такя зада хондани он
  10. ҳар ду хутбаро то ҷои дуруд фиристодан ба арабӣ хондан ва бақияро ба забони мардуми намозгузор баён кардан
  11. рӯй ба қибла нишастани намозгузорон.
  • Вақте имом барои хондани хутба бархест, дигар намоз хондан ва ё бо ҳам суҳбат кардан макрӯҳ аст ва чун ба хутба шурӯъ намуд, ба хутбаҳо гӯш супоридани намозгузорон воҷиб мебошад ва ҳар гуна машғулияти дигаре ноҷоиз аст.
  • Вақте хутба шурӯъ шуд ва касе суннат мехонад, агар суннати муаккада бошад, онро тамом намояд ва агар муаккада набошад, ду ракъат хонда, салом диҳад.
  • Хутбаро аз рӯи навишта хондан ҷоиз аст.
  • Дар вақти ёди номи паёмбар (с) намозгузорон бо дили худ ба ӯ дуруд бифиристанд, ҷоиз аст.

Порае аз масоили намози ҷумъа

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Ҳар касе, ки хутбаро хонд, беҳтар аст ҳамон кас намозро бо мардум бигузорад. Агар шахси дигаре намозро баргузор намояд, ҷоиз аст.
  • Пас аз тамом шудани хутба фавран бояд намозро шурӯъ намоянд. Дар миёни хутба ва намоз анҷом додани корҳои дунявӣ макрӯҳ аст ва корҳои динӣ боке надорад.
  • Беҳтар аст, ки намози ҷумъа дар як шаҳр як ҷо хонда шавад, ҳарчанд баргузории он дар чандин ҷои шаҳр боке надорад.
  • Агар касе дар қаъдаи ахир ё баъд аз саҷдаи саҳв ба намози ҷумъа бипайвандад, ҷамоатро дарёфтааст, намозашро пас аз салом додани имом тамом намояд.
  • Баъзе одамон пас аз намози ҷумъа фарзи пешини эҳтиётӣ мехонанд, ки дар китобҳои усули мазҳаб дар ин бора чизе наомада ва он ба он асле, ки дар китобҳои зоҳири ривоят дар бораи намози ҷумъа муқаррар гардида, мухолиф мебошад. Дар ин китобҳо бо сароҳат гуфта шудааст, ки агар баъзе шартҳои вуҷуби намози ҷумъа барои касе фароҳам нагардида ва вай бо ин ҳол намози ҷумъаро ҳамроҳи дигарон ба ҷой оварад, намозаш дуруст мешавад ва намози пешин аз вай соқит мегардад. Масалан, зан, бемор, мусофир ва дигар одамоне, ки намози ҷумъа бар онҳо воҷиб нест, агар намози ҷумъаро ҳамроҳи дигарон ба ҷой оваранд, намозашон дуруст мешавад ва намози пешин аз онҳо соқит мегардад.

Дар ҳеч китоби зоҳири ривоят ба ин одамон амр нашудааст, ки шартҳои вуҷуби намози ҷумъа дар шумо фароҳам набуданд, бинобар ин, фарзи пешинро низ аз боби эҳтиёт бигузоред.

Назди имом Абӯҳанифа (рҳ) ва имом Абӯюсуф (рҳ) агар шахсе дар хонааш намози пешинро хонда, пас аз он ба сӯи ҷумъа ҳаракат кунад, намози пешинаш дарҳол бекор мегардад, яъне ба нафл табдил меёбад. Зеро дар он рӯз дар вақти пешин барои одамони дорои шароит то баргузор ва ё фавт гардидани намози ҷумъа фарзи дигаре вуҷуд надорад.

Илова бар ин, банда набояд дар дуруст гардидани ибодати худ шакке дошта бошад, ки агар ҷумъа шуд, хуб ва илло пешинро ҳам ба ҷой овардам. Зеро Худо ҳамон дуъо ва ибодатеро мепазирад, ки соҳибаш дар он шакке надошта бошад. Агар шартҳои вуҷуби намози ҷумъа барои касе фароҳам нагардида бошанд, пас беҳтар аст бо камоли яқин ҳамон намози пешинашро бигузорад.

Бо ин вуҷуд вақте шарти аввали вуҷуб ва сиҳҳати адои намози ҷумъа – вуҷуди миср (шаҳри калон) ва ё шарте барои сиҳҳати адои он, ки назди фуқаҳо бо номи ҷавоз ва ё адами ҷавози тааддуди намозҳои ҷумъа дар як шаҳр маъруф аст, барои шахсе фароҳам нагашта бошад, соҳибони баъзе шарҳҳо ва фатовои фиқҳӣ барои вай ба ҷавози фарзи эҳтиётии пешин ва дар баъзе ҳолот ба надб – истеҳбоб ва дар ҳолоти дигаре ба вуҷуби он назар додаанд.

  • Назди баъзе машоих агар ҷумъа ва ид бо ҳам дар рӯзи ҷумъа ҷамъ оянд, барои онҳое, ки шитоб ва ё коре доранд, иштирок дар яке аз онҳо кифоя аст ва барои ширкат дар дигараш ихтиёр доранд, вале имом бояд ҳардуро баргузор намояд. Ривоят шуда, ки расули Худо (с) фармуд: «Имрӯз бароятон ду ид ҷамъ омадааст, касе хоста бошад, (намози) ид ӯро аз ҷумъа басанда бошад ва мо ҷумъаро барпо медорем!». Аммо назди ҷумҳури аиммаи мазҳаб ҳарду бояд ба ҷо оварда шаванд, чуноне соҳиби Ҳидояи шариф ба нақл аз Ҷомеъу-с-сағир мефармояд: Ду ид дар як рӯз бо ҳам ҷамъ омаданд, аввалӣ суннат ва дуввумӣ фарз аст ва ҳеч кадоми онҳо тарк карда намешавад. Зеро расули Худо (с) ба гузоридани ҳарду мувозабат фармудааст.

Азони намози ҷумъа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ривоятҳои диние, ки дар онҳо таърихи машрӯият ва раванди дигаргуниҳои ҳодис бар азони намози ҷумъа бозгӯ шудааст, омада, ки азони рӯзи ҷумъа дар замони паёмбар (с) ва Абӯбакру Умар (рр) вақте гуфта мешуд, ки имом бар минбар менишаст. Чун дар замони Усмон (р) аҳолии Мадина бисёр шуд, азони дигареро бар он афзуд, ки бар Завро – макони муртафеъ ва ё хонае наздик ба бозори Мадина гуфта мешуд ва кори азон бар ин равиш собит ва он дар байни мусалмонон роиҷ гардид.

Азони намозҳои панҷвақта маъмулан дар беруни масҷид бар макони муртафеъе ва аксаран аз болои боми хонаи ансорие дар канори масҷид барои эълони духули вақти намоз ва каме пештар аз баргузории он гуфта мешуд ва мардум бо шунидани он барои адои намоз ба масҷид меомаданд. Азони намози ҷумъа бошад, тибқи аҳодис ва осори ривоятшуда дар ин боб дар даруни масҷид дар рӯ ба рӯи имом вақте бар минбар менишаст ва дар ривояте бар дари масҷид аз берун ва дар рӯ ба рӯи имом гуфта мешуд, то ҳам эълон ба духули вақт буда ва ҳам мардуми гирдомадаро ба ҳузури имом ва шурӯъи хутба мутаваҷҷеҳ намояд ва ҳамин ки азон ба поён мерасид, бе ҳеч гуна таваққуфе имом ба хутба мепардохт. Ҳарчанд садои азон аз дару панҷараҳои масҷид ба гирду атроф мерасид, вале чун дар даврони хилофати Усмон (с) мардум зиёд ва шаҳр тавсиа ёфта буд ва азон ҳам аз дарун ва ё аз пеши дари масҷид гуфта мешуд, ҳама садои онро намешуниданд.

Аз сӯи дигар, Худованд дар ояти 9-уми сураи Ҷумуъа фармуда: «...ва чун барои намози рӯзи ҷумуъа нидо дода шуд, ба сӯи зикри Худо бишитобед ва хариду фурӯшро тарк намоед...» ва ин мақсуди қуръонӣ вақте садои азон аз сӯи ҳама шунида нашавад, ба хубӣ анҷом намеёбад. Халифаи сеюм Усмон (р) бо назардошти ин заруратҳо азони аввалро дар рӯзи ҷумъа афзуд, ки аз баландие мушриф бар бозори шаҳри Мадина бо номи Завро гуфта мешуд.

Азони ҷавқ (гурӯҳӣ, бо ҳамхонӣ)

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷавқ ва ё ҷӯқ вожаи арабишуда аз асли туркӣ ба маънои даста, ҷамоат ва гурӯҳ аст ва манзур аз азони ҷавқ азон гуфтани дастае аз муаззинон бо як садо ва ё пайи ҳам дар як масҷид ва дар як вақт намоз аст. Азони ҷавқ дар сарзамини Ҳиҷоз, Шом ва баъзе манотиқи дигар то чанде қабл роиҷ буда ва соҳиби Радд ба нақл аз Суютӣ овардааст, ки аввалин касе, ки азони дунафара бо як садоро ба вуҷуд овард, банӣ Умайя буданд. Ба назар мерасад дар масҷиди набавӣ дар Мадинаи мунаввара дар адвори гуногуни таърих то аҳди наздик дар замони ҳокимияти Оли Суъуд азони ҷавқ вуҷуд дошта ва пас аз роҳандозии ислоҳоти динӣ дар он кишвар ва корбурди баландгӯ (микрофон) ба азони ягона ва муаззини воҳид табдил дода шудааст. Кумитаи доимамалкунандаи пажӯҳишҳои илмӣ ва ифто муташаккил аз ҳайати кибори уламои мамлакати Суъудӣ дар нишасти давраи даҳуми худ, ки дар моҳи рабиъулаввали соли 1397 ҳ. дар шаҳри Риёз баргузор гардид, ба баррасии мавзӯъи азони ҷавқ ва назари мактабҳои фиқҳӣ ва аҳли ҳадис дар бораи он пардохта, дар китоби Буҳуси илмӣ (Ҷ. 4. – С. 5-32) фаслеро бо номи Тавҳиди азон дар масҷиди набавӣ дар Мадина ба ин мавзӯъ бахшидааст.

Ҷумҳури аимма ва мактабҳои чаҳоргонаи фиқҳӣ азони ҷавқро вақте ба он ниёз пайдо шавад – шаҳр бузург ва намозгузорон зиёд бошанд, барои нашри беҳтари садои азон ба атрофи шаҳр ва расидани садои он ба мардум ҷоиз ва хуб гуфтаанд. Соҳиби Ҳидояи шариф онро амри мутаворис – маъмул ва маврусӣ аз замони Усмон (р) ба ин сӯ гуфта ва афзуда, ки дар замони расули Худо (с) танҳо ҳамин яке азон буда.

Азони ҷавқро агар вақт бештар буда бошад, муаззинон пайи ҳам ва дар манораҳои гуногун ва ё дар атрофи масҷид мегӯянд ва ин беҳтар аст, вале агар фурсат танг ва хавфи фавти фазилати аввали вақт пеш омада бошад, онро якҷоя ва бо як садо мегӯянд, ба сурате ки садои онҳо аз ҳам мутафовит набошад ва шунавандагонро мушавваш насозад, ки он кароҳият дорад. Имрӯз корбурди баландгӯ (микрофон) ҷои онро пур ва мардумро аз он бениёз месозад.

Баъзе аҳли илм, ба монанди соҳибони Авну-л-маъбуд ба сабаби адами вуҷуди он дар замони расули Худо (с) ва ба сиҳҳат нарасидани ривоятҳои собитшуда (назди онҳо) дар ин бора аз садри аввал онро нодуруст ва бидъат донистаанд.

  1. Ҷумуъа, 62: 9
  2. Саҳеҳи Муслим, 1974 (854)-18
  3. Сунани Абӯдовуд, 1046
  4. Сунани Тирмизӣ, 488, 491.
  5. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ ли аҳкоми-л-Қуръон. – Бейрут, 2004.
  6. Сунани Абӯдовуд, 1069. Дар идомаи ҳадис омада, ки ровии он аз Каъб мегӯяд: «Пурсидам: Он рӯз чанд кас будед? Гуфт: Чиҳил нафар!».
  7. Сунани Абӯдовуд, 1069.
  8. ал-Мавсуату-л-фиқҳияту-л-Кувайтия. – Ҷ. 27. – С. 198, 200.
  9. Саҳеҳи Бухорӣ, 920; Саҳеҳи Муслим, 1991 (861)-33.
  10. Бадоеъу-с-саноеъ. – Ҷ. 1. – С. 266.
  11. ал-Мавсуату-л-фиқҳияту-л-Кувайтия. – Ҷ. 27. – С. 196.
  12. Раддулмӯҳтор. – Ҷ. 3. – С. 16.
  13. Саҳеҳи Бухорӣ, таълиқи ҳадиси 907, 908.
  14. Саҳеҳи Бухорӣ, 883, 910; Муснади имом Аҳмад, 21029; Сунани Ибни Моҷа, 1097.
  15. Саҳеҳи Муслим, (865)-40; Сунани Насоӣ, 1369.
  16. Сунани Абӯдовуд, 1052.
  17. Сунани Тирмизӣ, 500.
  18. Сунани Насоӣ, 1367, 1368.
  19. Сунани Ибни Моҷа, 1125.
  20. Саҳеҳи Бухорӣ, 917, 2094, 2569.
  21. Сунани Абӯдовуд, 1096.
  • Абдушарифи Боқизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, Душанбе — 2017