Фаттоҳ Одина
Таърихи таваллуд | 22 июл 1938 |
---|---|
Зодгоҳ | Кангурт, Ноҳияи Темурмалик ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 2 январ 2010 (71 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Фаттоҳ Одина (Абдулфаттоҳ Одинаев; 22 июли 1938, Кангурт, ноҳияи Совет — 2 январи 2010, Душанбе, Тоҷикистон) — оҳангсози маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи синамогарону ходимони театрии Тоҷикистон, лауреати мукофоти ба номи А. В. Александров ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаттоҳ Одина (Абдуфаттоҳ Одинаев) 22 июли соли 1938 дар Кангурт таваллуд шудааст. Соли 1957 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, соли 1962 консерваторияи давлатии ба номи Чайковский ва соли 1966 аспирантураи Донишкадаи давлатии мусиқӣ-омӯзгории бо номи Гнесинро дар Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) хатм кардааст. Солҳои 1962—1964 муҳаррири шуъбаи мусиқии Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, солҳои 1967—1971 муҳаррири коллегияи репертуарии Вазорати маданияти Тоҷикистон.[1] Дар солҳои 1971—1978 роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон будааст. Аз соли 1974 омӯзгори калон (аз соли 1991 профессор)-и ва мудирияти кафедраи факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории Душанберо бар дӯш доштааст. Аз соли 1998 нафақагири шахсӣ. Рӯзи 2 январи соли 2010 дар синни 72-солагӣ вафот кардааст[2].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон
- Лауреати мукофоти ба номи А. В. Александров
- Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Операи аввалини оҳангсози марҳум бо номи «Парасту» дар соли 1966 аз рӯи достони шоира Жола офарида шуда, дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба саҳна гузошта шудааст. Достони «Аҳурамаздо» ва операи бачагонаи «Бузаки ҷингилапо» аз асарҳои маъруфи ӯ мебошанд. Фаттоҳ Одина беш аз 150 суруд эҷод кардааст, ки сарояндагони машҳур Аҳмад Зоҳир, Нигина Рауфова, Мастона Эргашева, Нуқра Раҳматова, Майсара Дилдорова, Маҳбуба Боҳирова, Зоҳир Ҳувайдо, Сурайё Қосимова, Тоҷиддин Муҳиддин ва диг. сурудҳои ӯро иҷро намудаанд. Инчунин Фаттоҳ Одина ба чандин кинофилмҳо мусиқӣ навиштааст, аз ҷумла, ба филмҳои ҳунарии «Хиёнат», «Қасос», «Хати парвоз», «Сандуқ барои арӯс» ва ғ. Мусиқии Фаттоҳ Одина заминаи халқӣ дошта, имрӯз дар Тоҷикистон машҳур аст. Бо таъсисёбии Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2003) профессори фахрии мактаби олӣ интихоб гардид. Ҳамчун аъзои шӯрои олимони Консерватория дар ҳаёти он фаъолона ширкат варзидааст.[1]
Сурудҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Ватанро месароям»,
- «Иқболи баланд»,
- «Бақои дӯстӣ»,
- «Ману дарё»,
- «Тоҷикистон»,
- Арӯси 18-сола",
- «Аспи саманд»,
- «Маъвои Роғун»,
- «Садбарги сафед»,
- «Аскарбача».
Оҳанг барои филмҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Хиёнат»,
- «Хатти парвоз»,
- «Ашк ва шамшер»,
- «Вохӯрӣ дар дараи марг»
Оҳанг барои намоишномаҳои театрӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Рустам ва Суҳроб»,
- «Шоҳ Лир»,
- «Роҳзанҳо»,
- «Кабки қафас» ва ғ.
Асарҳои камеравӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Фалак»,
- «Лолаи ёлаҳо»,
- «Ироқи дарвозӣ»
Офаридаҳои симфонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Увертюраи ҷавонӣ»,
- «Дар Помир»,
- «Ҳисори ман»,
- Мавригӣ",
- «Падарамро набаред» ва ғ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 274—275. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)
- ↑ Фаттоҳ Одина даргузашт. Радиои Озодӣ. 21 июли 2017 санҷида шуд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ФАТТОҲ ОДИНА ДАРГУЗАШТ(тоҷ.). Рӯзномаи Миллат. www.millat.tj. 21 июли 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2021.
- "Ояндасоз-мюзик": Охирин оҳанги Фаттоҳ Одина. Радиои Озодӣ. 21 июли 2017 санҷида шуд.
- BBC Тоҷикӣ - Ахбор - Офарандаи оҳанги “Духтари сеторӣ” даргузашт(тоҷ.). 21 июли 2017 санҷида шуд.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 22 июл
- Зодагони соли 1938
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Ноҳияи Темурмалик
- Даргузаштагони 2 январ
- Даргузаштагони соли 2010
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Оҳангсозони Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
- Аъзои Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон
- Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
- Омӯзгорони Консерватрияи миллии Тоҷикистон