Jump to content

Абони Лоҳиқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абони Лоҳиқӣ
ар. أبان بن عبد الحميد بن لاحق بن عفير الرقاشي[1][2]
Таърихи таваллуд: 750-ум
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 815[1]
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда, тарҷумон, адиб
Забони осор: арабӣ ва форсӣ

Абон ибни Абдулҳамиди Лоҳиқӣ (ар. ﺍﺑﺎﻥ ﺍﺑﻦ ﻋﺒﺪﺍﻟﺤﻤﻴﺪ اللاﺣﻛﻲ‎;‎; 750-ум, Басра[1]815[1]) — шоир, тарҷумон ва адиби арабизабони эронитабор. Ӯ аз намояндагони шуъубия ва ситояндаи Бармакиён буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Давраи ҷавонӣ ва таҳсилоташ дар Басра гузаштааст. Баъдан ба Бағдод рафт ва ба маҳфили адабии вазирони маъруфи эронии Хилофат — Бармакиён пайваст. Абон «Калила ва Димна», «Булуҳар ва Будосаф», «Китоби Синдбод» («Синдбоднома»), «Сирати Ардашер» («Корномаи Ардашери Бобакон»), «Сирати Анӯшервон» (Корномаи Анушервон), «Китоби Маздак»-ро, ки Ибни Муқаффаъ ба забони арабӣ тарҷума карда буд, инчунин асари Ибни Муқаффаъ «Адаб»-ро ба забони арабӣ ба назм даровардааст. Ибни Надим дар «ал-Феҳрист» ба шумори асарҳои ба назм даровардаи Абон инчунин «Китоб-ул-мантиқ» (зоҳиран «Мантиқ»-и Арастуст, ки онро Ибни Муқаффаъ аз паҳлавӣ ба арабӣ гардонда буд), «Зот-ул-ҳулал», «Китоб-ур-расоил», «Китоб Ҳулм ал-Ҳинд»-ро дохил кардааст. Ба қалами Абон яке аз нахустин маснавиҳо дар адабиёти араб «Фи-с-сиём ва-з-закот» (номи дигараш «Китоб-ус-сиём ва-л-иътикоф» — китоб доир ба рӯза ва гӯшанишинӣ), ғазалҳо, порчаҳои шеърӣ дар шаклҳои мадҳия, ҳаҷвия, марсия ва ғайра (тақрибан 600 байташон дастрас гардидааст) тааллуқ доранд.

Ба қалами Абон яке аз нахустин маснавиҳо дар адабиёти араб «Фи-с-сиём ва-з-закот» (номи дигараш «Китоб-ус-сиём ва-л-иътикоф» — китоб доир ба рӯза ва гӯшанишинӣ), ғазалҳо, порчаҳои шеърӣ дар шаклҳои мадҳия, ҳаҷвия, марсия ва ғайра (тақрибан 600 байташон дастрас гардидааст) тааллуқ доранд.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 الزركلي خ. ا. الأعلام (араб.): قاموس تراجم لأشهر الرجال والنساء من العرب والمستعربين والمستشرقين — 15 — بيروت: دار العلم للملايين, 2002. — Ҷ. 1. — С. 27.
  2. كحالة ع. ر. معجم المؤلفين (араб.): تراجم مصنفي الكتب العربية — Ҷ. 1. — С. 1.
  • Донишномаи Сомониён, ҷилди 1, Х., 2008.