Алишери Муҳаммадӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Алишери Муҳаммадӣ
Санаи таваллуд:

22 июн 1977(1977-06-22) (41 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Ғарм

Навъи фаъолият:

шоир

Забони осор:

тоҷикӣ

Алишери Муҳаммадӣ ( 22 июли 1977, ноҳияи Ғарм) — шоири тоҷик. Узви ИЖ Тоҷикистон (аз соли 2007) ва ИН Тоҷикистон (аз соли 2005).

Зиндагинома[вироиш]

Алишери Муҳаммадӣ хатмкардаи факултети филологияи тоҷики ДМТ (1999). Омӯзгори мактаби миёнаи № 1, директори мактаби миёнаи № 52 (1997 – 2001), мушовири шӯъбаи маориф (2001 – 2002), мудири шӯъбаи фарҳанг ва иҷтимоиёт (2002 – 2005), омӯзгори Маркази омӯзиши таълими модулӣ дар ноҳияи Рашт (2005 – 2009), сармутахассиси корхонаи воҳиди давлатии маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» (2005 – 2009) буд. Аз соли 2010 директори корхонаи воҳиди давлатии «Клуби соҳибкорони ҷавон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Осори манзумаш дар маҷмӯаҳои «Никоҳи аҷуза» (2003), «Ранги ҳавасҳо» (2005), «Сафинаи зиё» (2010) фароҳам омада, мавзӯъҳои ишқ, васфи табиати кӯҳсор ва инсондӯстиро дар бар мегиранд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]